Аз он ҷое, ки Амрико аз доллар ба унвони силоҳ истифода мекунад, эътимоди мардуми ҷаҳон ба Амрикову доллараш ба шиддат коҳиш меёбад ва рӯзе Амрикову доллар тавони таъйини сарнавишти ҷаҳонро ба сурати қатъ аз даст хоҳанд дод.
Нависанда: Исмоил Фурӯғӣ, таҳлилгар (Олмон)
Аз умдатарин паёмадҳои ҷанги Украина, яке поёни низоми такқутбӣ аст ва дигаре иҷтинобнопазир будани суқути ҷойгоҳи доллари амрикоӣ дар муносиботи молии тиҷории ҷаҳон.
- Вақте ҳайманаи Амрико ба далоили нокомиҳо ва расвоиҳои пайиҳам дар ҳоли фурӯпошӣ бошад;
- Ва вақте мардумони ҷаҳон бо чашми сар мебинанд, ки Амрико ба таври мудовим аз тасаллути доллар бар муносиботи тиҷориву молии ҷаҳон, минҳайси абзори сиёсӣ-амниятӣ ва таҳриму танбеҳи молии кишварҳо кор мегирад, теъдоди касире аз кишварҳои бузургу кӯчаки ҷаҳон ба ин андеша меафтанд то ҳар тавре мешавад, аз ин зӯргӯиҳои беравияи моливу тиҷории Амрико, роҳи наҷоте биёбанд.
Асосан теъдоди зиёде аз кишварҳои бузургу кӯчак, бахусус кишварҳои дар ҳоли тавсеа, хоҳони канор гузоштани доллар ба унвони арзи аслӣ дар тиҷорат буда ва ахиран раванди "долларзудоӣ" дар тиҷорати байнулмилалӣ бо суръати бештаре дар ҳоли пешрафт будааст.
Ба асоси гузоришҳои мустанади рӯзномаҳои мӯътабари ҷаҳон, дуруст бо оғози ҷанги Украина ва таҳримҳои беравияи молии Амрико алайҳи Русия аст, ки дар ибтидо Русия ва баъдан Русия ва Чин минҳайси ду кишвари қудратманду сарватманди ҷаҳон, ва пас аз он теъдоди зиёди кишварҳо, аз ҷумла Бразилия, Ҳиндустон, Индонезия, Малайзия, Аргентина, кишварҳои узви паймони Шонгҳой, Бангладеш ва ахиран Арабистони Саудӣ, Эрон ва Ироқ дар мубодилоти молии тиҷориашон аз навъе ҷогузини доллар (юани чиноӣ ва ё арзҳои дохилиашон) истифода намудаанд.
Глобал Таймс, рӯзномаи машҳури чопи Чин, дар яке аз шумораҳои ахири худ, дар ҳоле, ки аз тавофуқҳои расмии Чину Бразилия, Чину Русия, Ҳиндустону Русия, Ҳиндустону Чин, Чину Эрон, Русияву Эрон, Чину Арабистони Саудӣ, Малайзияву Чин, Чину Ироқ ва ҳатто Фарансаву Чин, дар мавриди канор гузоштани доллар аз муносиботи тиҷориву молиашон хабар медиҳад, аз забони коршиносони иқтисодӣ менависад, ки: "Фосила гирифтан аз доллар дар сатҳи ҷаҳон рӯ ба афзоиш аст ва идеяи канор гузоштани доллар дар муносиботи молии ҷаҳон ҳамчунон ҳомиёни бештареро ба худ ҷазб хоҳад кард..."
Комилан возеҳ аст, ки ширкати мустақими Амрико дар ҷангҳои таҳмилии судҷуёна, Амрикоро аз ҷойгоҳи бузургтарин иқтисоди тиҷории ҷаҳон дур намуда ва сабаби тазъифи он кишвар гардидааст. Гароиши ҷаҳон ба самти чандқутбӣ шудан, тазъифи Амрико ва сӯистифодаи абзории он кишвар аз тасаллути ҷаҳонии доллар бар муносиботи молии ҷаҳон, раванди фурӯ рехтани тадриҷии ҳайманаи долларро иҷтинобнопазир кардааст.
Ба навиштаи "Ла фигаро", рӯзномаи машҳури фаронсавӣ, "Амрико бо табдили воҳиди пулии худ ба абзори фишори сиёсӣ бар соири кишварҳо, нохоста ҳаракати ҷаҳониеро барои сарнагуни доллар оғоз кардааст. Ҳарчанд ҳазфи доллар аз муомилоти ҷаҳонӣ ба якбора иттифоқ намеафтад, аммо раванди ин ҳазф оғоз шудааст ва канор гузоштани доллар дар равобити иқтисодии ҷаҳонӣ як фароянди иҷтинобнопазир мебошад..."
Иттиҳоди Чину Русия дар талош аст то бо ҳадафи ниҳоӣ сохтани як системи молии комилан мустақил аз контроли Вашингтон кишварҳои дигарро ба сӯи як ҷойгузини ҷаззоб ҷалб кунанд.
Чин барои таъмини молии проектҳои зерсохтӣ дар Осиё, Африқо ва Амрикои Лотин, аз нуфузи ғайри қобили инкоре дар муносиботи моливу тиҷории ҷаҳон бархӯрдор шудааст.
Бар асоси гузориши "Фокс Нюс" шабакаи машҳури хабарӣ-иттилоотии Амрико, "тавофуқи тиҷорӣ миёни Чин ва диҳҳо кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Эрон, Ҳинд, Арабистони Саудӣ ва Русия ҳукм мекунад то аз ин пас мубодилоти тиҷории Чин бо ин кишварҳо бо "йон ё юан" - воҳиди пулии Чин анҷом шавад. Ҳамакнун Чин бо бисту панҷ кишвари кӯчаку бузурги ҷаҳон мубодилоти тиҷорӣ ва молиашро бо юани чиноӣ анҷом дода ва доманаи онро густариши бештар хоҳад дод..."
Кишварҳои Бразилия, Эрон, Аргентина, Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳиди Арабӣ, Ироқ, Бангладеш, тамоми аъзои Созмони ҳамкории Шонгҳой, шомили Чин, Русия, Ҳинд, Покистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизстон, бархе кишварҳои Африқо ва Амрикои Лотин, ҳама муттафиқан мехоҳанд то дар муомилоти молӣ - тиҷориашон ба ҷои доллар аз юани чиноӣ ва ё арзҳои дохилии мамоликашон истифода намуда ва дар натиҷа ҳар чӣ зудтар ба гегемонияи молии Амрико ва тасаллути доллар бар муносибот ва муомилоти молии ҷаҳон, нуқтаи поён бигузоранд.
Коршиносон ба ин боваранд, бо он ки дар дарозмуддат юан Чин метавонад қобилияти инро биёбад то ҷойгузин доллари Амрико шавад, аммо дар шароити мавҷуд ҳанӯз ҳеҷ арзе тавони инро надорад то ба андозаву миқёси доллари Амрико қобилияти табдил ва тавони муомила бо мақосиди гуногун дошта бошад...
Аммо аз он ҷое, ки давлати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз доллар ба унвони силоҳ ва ба унвони абзоре барои ҳифозат аз манофеъи геополитикӣ ва иқтисодии худ алайҳи соири кишварҳо истифода мекунад, мизони эътимоди мардумони ҷаҳон ба Амрико ва доллари Амрико ба шиддат коҳиш ёфта ва дур нест рӯзе, ки дигар ҳам Амрико ва ҳам доллар, тавон таъйини сарнавишт ба соири милалро ба сурати қатъ аз даст дода бошад.