Оё ду қудрати шарқӣ ду проекти бузурги худро муттаҳид мекунанд?
Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар (Москва)
Сочи ду рӯз аст, ки мизбони нишастҳои Шӯрои байнидавлатии Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё ва Шӯрои сарони Иттиҳоди кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ аст.
Нишасти навбатии Шӯрои байнидавлатӣ дар соли 2023 таҳти раёсати Русия дар ниҳодҳои Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё баргузор мешавад. Ин барнома теъдоди густурдае аз мавзӯъоти ҳамкории тиҷорӣ ва иқтисодӣ, ба вежа, энержӣ, зерсохтҳои ҳамлу нақл ва дастури кор диҷиталро ба баррасӣ гирифт.
Нишасти Шӯрои байнидавлатӣ бо ҳузури нахуствазирони кишварҳои нозири Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё - Куба ва Ӯзбекистон ва ҳамчунин кишварҳои даъватшуда - Озарбойҷон, Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор мешавад.
Он чӣ дар ин нишаст ҷолиб ба назар меояд, мавзӯъоти муҳимми идғом, тавсеаи сиёсати ҳамлу нақл, аз ҷумла дар чорчӯби ҳамкории тиҷорӣ ва иқтисодӣ бо Чин ва идғоми Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё бо ибтикори "Як камарбанд, як ҷода"-и Чин аст.
Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё проекти бузурги идғоми иқтисодии Русия дар Авруосиё аст ва ибтикори "Як камарбанд, як ҷода"-и Чин низ дар хидмати ин ҳадаф аст. Ин ду тарҳ ҳамеша хоре дар чашми Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва дигар кишварҳои ғарбӣ будааст. Сабаб маълум: дар ҳар ду тарҳо онҳо ҷое надоранд ва ҳадафи тарҳҳо ҳам берун рондани иқтисодии онҳо аз қораи Авруосиё аст.
Ба таври хулоса, идғоми ин ду проекти муҳим ба маънои иттиҳоди иқтисодии Чину Русия ва кишварҳои узву ширкаткунандаи онҳо хоҳад буд, ки паёмадҳои сиёсӣ ва амниятии умдае ба ҳамроҳ хоҳад дошт. Бар асоси ин қоида, ки иқтисод асоси сиёсату амният аст, идғоми ин ду проект зарбаи мӯҳлике ба манофеъи Амрико ва муттаҳидонаш дар Авруосиё хоҳад буд.
Нуктаи ҷолиби дигар ширкати нахуствазирони Тоҷикистон, Туркманистон ва Озарбойҷон дар ин нишаст аст, ки ҳанӯз узвият дар Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиёро дарёфт накардаанд ва ҳамкорӣ дар чорчӯби ибтикори “Як камарбанд, як ҷода” - ро муҳиммтарин ҷанбаи ҳамкории худ бо Чин медонанд.
Раҳбарии олии Русия нисбат ба ширкати ин кишварҳо дар ин нишастҳо ибрози алоқа кардааст. Ба унвони мисол, дар моҳи март, Михаил Мишустин, нахуствазири Русия, шахсан ҳамтои тоҷики худ Қоҳир Расулзодаро ба Сочи даъват кард. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия низ ҳамин дидгоҳро дорад, ки борҳо бар аҳамияти ҳамкории Тоҷикистон, Туркманистон ва Озарбойҷон бо Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиёро таъкид кардааст. Чунин таомуле боиси тақвияти робитаи байни шарикони қобили эътимод тӯлонимуддат хоҳад шуд ва ба нафъи ҳама ширкаткунандагон хоҳад буд.
Ин кишварҳо дар гузашта зимни ибрози алоқа барои пайвастан ба Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё, эҳтиёт низ нишон дода буданд. То ҳудуде, онҳо бо ибтикори “Як камарбанд, як ҷода”-и Чин низ эҳтиёти мушобеҳеро ба намоиш гузоштаанд.
Аммо акнун, ки мавзӯъи идғоми ин ду проекти бузург низ дар барномаи кории ҷаласоти бузург қарор гирифтааст, зоҳиран ҳама шароит барои эҷод як абарпроекти ҷадид фароҳам шудааст, ки ҳама кишварҳо барои ширкат дар он гирди ҳам меоянд. Ҳадафи аслӣ рушду шукуфои иқтисодӣ, тақвияти амният, эҷоди ҷомеаҳои пойдор ва одилона дар Авруосиё аст.
Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш, ки пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ, ҳама барномаҳоро бо пули ҳангуфт барои ҷудо нигаҳ доштани кишварҳои ин қора аз ҳамдигар, балки дар вазъияти даргирии доимӣ қарор додани онҳо, анҷом доданд, чӣ гуна ин тағйиротро хоҳанд пазируфт?
Алорағми шароити сахти сиёсӣ дар ҷаҳон ва талош барои мунзавӣ сохтани Русияву Чин, ин ду кишвар дарҳои худро ба рӯи ҳама кишварҳое, ки алоқаманд ба ҳамкории созандаи сулҳомез барои эҷоди як Авруосиёи амну мураффаҳ ҳастанд, боз кардаанд.
Акнун дар Сочии Русия, шояд муҳиммтарин тавофуқоти ҷадид барои тақвияти равобити байни кишварҳои Авруосиё дар баландмуддат анҷом мешавад.