Хабари рӯз

Барои Тоҷикистон рушди робитаҳои байниминтақавӣ бо Русия аз кадом ҷиҳат муҳим аст?

Нависанда: Ҳабибуллоҳ Аминӣ, таҳлилгар

Моҳи октябр дар Душанбе ҷаласаи ҳаштуми Форуми байнипарлумонии «Тоҷикистон - Русия: иқтидори ҳамкориҳои байниминтақавӣ» баргузор гардид. Баргузории пайвастаи ин чорабинӣ аз ботадриҷ, вале дилпурона ба сатҳи нав гузаштани муносибатҳои Тоҷикистону Русия шаҳодат медиҳад. Ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои мо ба кадом самт ҳаракат мекунанд? Дар ин бора бо коршиноси масоили Осиёи Марказӣ Фаридун Усмонов суҳбат кардем.

“Тӯли солҳои охир дар ҳаҷми умумии савдои хориҷии Тоҷикистон кишвари Русия пешсаф аст. Вале дар баробари ин, барои афзоиши ҳамкориҳои дуҷониба дар тамоми самтҳои ояндадор иқтидори зиёди истифоданашуда мавҷуд мебошад” - Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ самтҳои барои Тоҷикистон афзалиятноки ҳамкориҳои иқтисодиро муайян кард: таъсиси корхонаҳои муштарак бо Русия дар соҳаҳои саноат, тиб ва сохтмон.

“Мо барои ҳамкорӣ ҷиҳати рушди шабакаи нақлиётӣ омодаем. Барои тавсеа додани савдои мутақобилаи маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи ғизоӣ имкониятҳои хуб вуҷуд доранд”, - қайд намуд раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ. Ӯ ҳамчунин, ба ҳавасманд будани ҷониби Тоҷикистон барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди сармоягузорӣ тавассути такмил додани заминаи ҳуқуқии онҳо ишора кард.

Коршиноси масоили Осиёи Марказӣ Фаридун Усмонов дар ин бора чунин мегӯяд: “Аз нигоҳи манфиатҳои иқтисодии Тоҷикистон самтҳои номбаршуда воқеан барои рушди равобити дуҷонибаи кишварҳо муҳимманд. Зеро саноат яке аз самтҳои асосии тараққиёти Тоҷикистон эълон гардидааст ва барномаи табдилдиҳии Тоҷикистон аз кишвари аграрӣ ба кишвари саноатӣ-аграрӣ қабул карда шуд. Дар Тоҷикистон дар даҳсолаҳои охир рушди хеле баланди иқтисодиёт мушоҳида мешавад: ММД дар як сол 7-8% афзоиш меёбад - ин дар шароити имрӯза дар маҷмуъ барои иқтисодиёти ҷаҳонӣ нишондиҳандаи назаррас мебошад. Вале, бо вуҷуди ин дар кишвари мо хуб дарк мекунанд, ки баҳри рушди дарозмуддати иқтисодиёт бояд бахшҳои саноати худро тараққӣ дод. Имрӯз барои мо яке аз самтҳои афзалиятнок – ин энергетика аст, ки ҳамзамон яке аз ҷузъҳои ҷудонашавандаи рушди саноат маҳсуб меёбад, зеро ба корхонаҳои саноатӣ барои истеҳсол қувваи барқ лозим аст, пас ин ду соҳа бо ҳам алоқаманданд.

Ширкатҳои Русия барои бунёди корхонаи эфири селлюлоза, истеҳсолот, парвариш ва коркарди гиёҳҳои шифобахш дар МОИ “Кӯлоб” ва “Суғд” беш аз 2,5 миллиард рубл сармоягузорӣ мекунанд.

Дар хусуси ба ин масъала ҷалб намудани ширкатҳои Русия бояд гуфт, ки ҳама чиз хеле одӣ ва равшан аст: кишварҳо ва корхонаҳои саноатии мо дар тӯли солҳои зиёд робитаҳои зич доранд, пештар як қатор корхонаҳои саноатии Тоҷикистон ба маҷмааи умумии саноатии Иттифоқи Советӣ дохил мешуданд ва ба туфайли ин алоқаҳо низоми ягонаи омодакунии мутахассисон ва воситаҳои мувофиқ барои тараққиёти истеҳсолоти саноатӣ таъсис дода шуда буд. Дар ин масъала Русия ҳамеша барои мо намуна буд ва дар аксари корхонаҳои саноатии Тоҷикистон таҷҳизотҳои саноатии истеҳсоли Русия насб гардида буданд, инчунин, кадрҳои роҳбарикунанда низ дар Русия таълим гирифтаанд. Аз ин рӯ, мусаллам аст, ки бо барқароркунии ҳамкориҳо дар соҳаи саноат Тоҷикистон умед бар он мебандад, ки Русия интиқоли донишу технологияҳоро дар соҳаи саноат таъмин намуда, ба тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисос мусоидат менамояд.

Дар мавриди густариши ҳамкориҳо дар соҳаи тиб бояд гуфт, ки ин соҳа самтҳои гуногун дорад: сухан дар бораи ҳамкорӣ дар истеҳсоли доруворӣ, инчунин, дар бораи таъсис додан ва таҷҳизотонидани муассисаҳои тиббӣ меравад. Боз яке аз самтҳои муҳим - ҳамкорӣ дар соҳаи тибби ҳастаӣ мебошад, ки аллакай созишномаҳо ва заминаҳои зарурӣ барои рушди минбаъдаи ин соҳа фароҳам оварда шудаанд.

100 миллиард рубл – ҳаҷми сармоягузории Русия ба 30 лоиҳаи муштарак бо Тоҷикистон. Илова бар ин, дар доираи фаъолияти Шурои соҳибкорони Русияву Тоҷикистон беш аз 40 ташаббусҳои тиҷоратӣ дар соҳаҳои саноат, технологияҳои рақамӣ ва бонкӣ, маориф, илм ва сайёҳӣ пешниҳод шудааст.

Дар боби сохтмон бояд ёдовар шуд, ки ин соҳа дар давоми 6-7 соли охир яке аз кувваҳои пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон ба шумор меравад: теъдоди зиёди майдонҳои сохтмонӣ мавҷуданд, инчунин, дар соҳаи сохтмон лоиҳаҳои бисёре амалӣ карда мешаванд. Албатта, дар ин соҳа, махсусан дар сохтмони лоиҳаҳои мураккаб, Тоҷикистон ба дастгирии шарикон (кишварҳои дигар) умед дорад. Аз ин рӯ, дар ин самт ширкатҳои русиро низ метавонем ҷалб кунем, албатта ба нафъи иқтисодиёти мо хоҳад буд. Ҳамзамон сухан дар бораи ҳамкории мутақобила дар ин самт низ меравад, яъне дар доираи ҳамкорӣ имкони ҷалби ширкатҳои Тоҷикистон ба лоиҳаҳои Русия низ пешбинӣ шудааст. Аз ин рӯ, дар ин самт таҳкими ҳамкориҳои байни ширкатҳои кишварҳо ҳам барои корхонаҳо ва ҳам барои иқтисодиёти кишварҳои мо муфид хоҳад буд».

Қобили зикр аст, ки раванди гузариш аз сатҳи давлатӣ ба сатҳи байниминтақавӣ дар муносибатҳои байни Тоҷикистону Русия нисбатан ба наздикӣ оғоз гардид. Дар ибтидои солҳои 2000-ум кишварҳои ИДМ ба таҳияи заминаи меъёрӣ барои роҳандозии чунин ҳамкориҳо шуруъ карданд ва имрӯз робитаҳои байниминтақавии Тоҷикистону Русия дар бахшҳои гуногуни фаъолият сурат мегирад.

Аллакай беш аз 70 минтақаи Русия бо шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ созишномаҳо ба имзо расонидаанд. Аз ҷумла робитаҳои аз ҳама фаъолтарин бо Маскав ва вилояти Маскав, Санкт-Петербург, Тотористон, Бошқирдистон, Красноярск, Оренбург, Челябинск, Уляновск ва Самара мушоҳида карда мешавад. Ва ҳамчун мисоли ҳамкориҳои муҳимми байниминтақавӣ  сохтмони марказҳои логистикӣ дар Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлонро ном бурдан мумкин аст. Дар доираи созишномаҳои байниминтақавӣ бо Маскав, Санкт-Петербург ва Олтой дар Тоҷикистон маҷмааҳои корхонаҳои хунуккунӣ, анборӣ ва бастабандию коркардкунӣ таъсис дода мешаванд, ки ин дар шароити иқлимии Тоҷикистон барои нигоҳ доштани маҳсулоти кишоварзӣ як лоиҳаи муҳим хоҳад гардид.

Бар асоси таҷрибаи муваффақи Ӯзбекистон дар Тоҷикистон бунёди паркҳои технологии муштараки Русияву Тоҷикистон дар назар аст: кишвари мо ба Русия барои ин ҳадафҳо 9 макон пешниҳод кардааст.

Ба ҷуз аз чорчӯби васеъмиқёси форуми байнипарлумонӣ, роҳандозии робитаҳои тиҷоратӣ ва башардӯстона байни минтақаҳои Русия ва Тоҷикистон дар доираи дигар чорабиниҳо низ сурат мегирад. Ҳамин тариқ, соли оянда баргузории конфронси Русияву Тоҷикистон оид ба ҳамкориҳои байниминтақавӣ ба нақша гирифта шудааст.

Коршинос Фаридун Усмонов мегӯяд: “Ҳамкории байни кишварҳо, пеш аз ҳама дар сатҳи байниҳукуматӣ густариш меёбад. Илова бар ин, албатта, формати ҳамкории байни кишварҳо дар сатҳи раҳбарони давлатҳо низ вуҷуд дорад: мулоқотҳои мунтазами сарони давлатҳо аз робитаҳои наздик ва судманди байни кишварҳо шаҳодат медиҳанд. Аммо вақте ҳамкориҳо дар сатҳи байниминтақавӣ густариш меёбанд, ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳамкориҳои ду давлат ба таври васеъ ва амиқ густариш ёфта, зарурати баргузории мулоқотҳо байни минтақаҳои ин кишварҳо бо мақсади муайян кардани самтҳои ҳамкорӣ ва инкишоф додани робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ба миён омадааст. Робитаҳои Русияву Тоҷикистон маҳз дар ҳамин сатҳ қарор доранд.

Ширкатҳои русӣ маҳсулоти худро ба бозорҳои Тоҷикистон пешниҳод мекунанд. Ҳамчунин, баръакс - қариб тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон бо минтақаҳои Русия робитаи зич дошта, маҳсулоти худро таҳвил медиҳанд, соҳибкорони тоҷик барои худ дар Русия бозорҳои навро кашф менамоянд.

Ширкатҳо дар мавриди интихоби макони сармоягузорӣ, истеҳсолот, хизматрасонӣ, фурӯш пайваста қарорҳои дахлдор қабул мекунанд. Ширкатҳои рушдкунанда бо мақсади тавсеаи фаъолияти худ бодиққат маконҳои навро ҷустуҷӯ ва интихоб мекунанд. Тавре мушоҳида мекунем, як қатор ширкатҳо дар баромадан ба бозорҳои дигар кишварҳо бо мушкилот рӯбарӯ мешаванд, аз ин рӯ, зарурати ба бозорҳои нав равона кардани иқтидори худ ба миён меояд. Бинобар ин, ширкатҳо пешниҳодҳои тамоми кишварҳои дӯстро баррасӣ мекунанд. Тоҷикистон аз ҷумлаи он кишварҳоест, ки соҳибкорони рус барои худ онро ҷолиб медонанд. Албатта, аз ҷиҳати омодагии инфрасохтор барои рушди соҳибкорӣ шаҳри Душанбе беҳтар аст, ҳамчунин, дар вилояти Суғд барои ҷойгиршавӣ шароити хеле хуб фароҳам оварда шудааст, дар вилояти Хатлон бошад барои ҷалби сармоягузорӣ ва рушди корхонаҳои саноатӣ майдонҳои нав таъсис дода мешаванд.

Бо вуҷуди ин барои соҳибкорони калон дарки вазъи иқтисодии шаҳру минтақаҳое, ки нияти ба он ҷо рафтанро доранд, бисёр муҳим аст: онҳо ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти шаҳр, арзиши замин, шароити зиндагӣ, дастрасии мунтазам ба неруи барқ ва об (таъминкунии мунтазам бо неруи барқ ва об), инчунин, хусусиятҳои хоси шаҳрро ба назар мегиранд. Яъне онҳо бояд донанд, ки шаҳр ё минтақа дар тӯли 10-20 соли оянда ба кадом самт ҳаракат хоҳад кард. Яъне барои онҳо пешбинии дурнамои рушди фаъолияти худ муҳим аст, зеро соҳибкоре, ки ба тиҷорат дар кишвари дигар сармоягузорӣ мекунад, хуб дарк менамояд, ки сармоягузории ӯ на дар 1 ё 2 сол, балки дар зарфи 10-15 сол самара медиҳад.

Маҳз дар ҳамин масъала хеле муҳим аст, ки мо нақшаҳои генералии шаҳру ноҳия ва деҳаҳоро оид ба ободонии дошта бошем. Дар ин нақшаҳо бояд мавқеи мақомотҳои маҳаллӣ оид ба дурнамоҳои рушди шаҳр ё ноҳия инъикос карда шаванд: кадом корхонаҳо бояд таъсис дода шаванд, кадом минтақаҳо барои тараққиёти саноат ва кадом минтақаҳо барои соҳаи хизматрасонӣ ҷудо карда шудаанд, бартарии ин минтақаҳо дар чӣ аст ва ғайра. Мавҷудияти чунин нақша ба қабули қарор аз ҷониби ширкатҳои бузург барои сармоягузорӣ дар ин шаҳр ё минтақа мусоидат мекунад. Ва маҳз тавассути ҳамкориҳои байни минтақаҳои Тоҷикистону Русия метавонем дар ин масъала таҷриба пайдо кунем. Ман фикр мекунам, ки ба туфайли муносибатҳои имрӯзаи байни Тоҷикистону Русия мо метавонем дар ояндаи наздик ҳамкориҳоро дар ин самт низ ба роҳ монем”.


Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!