Тоҷикистон чӣ гуна ба самти он ҳаракат мекунад?
Нависанда: Ҳабибуллоҳ Аминӣ, таҳлилгар
Тоҷикистон аз рӯи иқтидори захираҳои гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон ҷои ҳаштумро ишғол мекунад: 527 миллиард кВт/соат дар як сол, ки ин аз истеъмоли имрӯзаи нерӯи барқи тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ се баробар зиёд аст. Бояд гуфт, ки асоси системаи энергетикии мамлакатро гидроэнергетика ташкил медиҳад. Аммо бо фарорасии фасли тирамоҳ ба ҷумҳурӣ ҳолати (падидаи) муқаррарӣ баргашт - маҳдудкунии интиқоли қувваи барқ. Барои ҳалли комили мушкилоти мазкур чӣ бояд кард?
МУШКИЛОТИ ОБ
Чаро Тоҷикистон, ки дорои захираҳои бузурги обӣ аст, то ҳол бо мушкили норасоии нерӯи барқ рӯбарӯ мебошад? Коршиносон ду сабаби асосиро номбар мекунанд. Аввалан, ин афзоиши талабот ба нерӯи барқ. Сониян, нокифоя будани сатҳи об дар обанборҳо. Тавре коршиносон тавзеҳ медиҳанд, интиқоли нерӯи барқ ба хонаҳои истиқоматӣ асосан аз обанбори Норак вобастагӣ дорад. Аз ҳисоби Нерӯгоҳи барқи обии Норак то 60 фоизи тамоми нерӯи барқи ҷумҳурӣ, инчунин, кори шаш нерӯгоҳи барқии обии дар поёноби дарёи Вахш ҷойгирбуда таъмин карда мешавад.
Дар фасли зимистон вазъият бадтар мешавад. Обшавии пиряхҳо суст шуда, сатҳи оби дарёи Вахш кам мегардад ва чун натиҷа сатҳи об дар обанбори Норак ниҳоят паст мешавад. Дар баробари ин, бо фарорасии сармо талаботи аҳолӣ ба нерӯи барқ меафзояд, ки ин боиси афзоиши сарбории шабакаҳо ва трансформаторҳои барқӣ мегардад ва системаи энергетикии кишвар на ҳамеша аз уҳдаи чунин сарборӣ мебароянд. Аз ин рӯ, зарурати ҷорӣ кардани маҳдудият дар интиқоли қувваи барқ ба миён меояд. Тавре сокинон ба хотир меоранд, зимистони соли гузашта вазъият хеле душвор буд, зеро он на фақат хунук, балки дуру дароз низ гардид. Моҳҳои феврал ва марти соли ҷорӣ дар саросари кишвар норасоии шадиди нерӯи барқ эҳсос мешуд. Мардум давоми чандин рӯз аз барқ маҳрум монданд. Ба фарқ аз таҷрибаи муқаррарӣ, ки маҳдудкунии нерӯи барқ асосан дар минтақаҳои деҳот ҷорӣ карда мешуд, имсол сокинони пойтахт низ бо маҳдудиятҳои шадид рӯбарӯ шуданд.
Тавре ҶСК «Барқи тоҷик» тавзеҳ медиҳад, маъмулан маҳдудият дар интиқоли нерӯи барқ аз моҳи октябр то апрел ҷорӣ карда мешавад. Вале имсол, 21-уми сентябр ширкат аз истеъмолкунандагон даъват кард, ки нерӯи барқро сарфа кунанд ва “ба зимистон ҳамаҷониба омодагӣ бинанд”. Коршиносон ҳушдор медиҳанд, ки зимистони дарпешистода эҳтимол боз ҳам сард ва тӯлонӣ бошад. Аз ин рӯ, бо мақсади кам кардани нороҳатӣ (ногуворӣ) барои аҳолӣ ва нигоҳ доштани об дар обанборҳо барои фасли зимистон, тасмим гирифта шуд, ки аз моҳи сентябр, дар ҳоли нисбатан гарм будани ҳарорати ҳаво, маҳдудият ҷорӣ карда шавад.
Фаридун Усмонов - коршиноси масоили Осиёи Марказӣ, бар ин назар аст, ки маҳдудияти нерӯи барқ барои кишвар мушкили ҷиддие эҷод мекунад ва на танҳо аз он ҷиҳат, ки мардум дар шароити бебарқӣ ниёзҳои одии худро бароварда наметавонанд, балки аз ҷиҳати рушди иқтисодӣ низ зарари калон мерасонад. Ба андешаи коршинос, норасоии нерӯи барқ фаъолияти муътадили корхонаҳоро халалдор сохта, боиси ҳисороти калони иқтисодӣ мегардад. Дар баробари ин, дар вақти ба нақша гирифтани тараққиёти истеҳсолот корхонаҳо дар таъмини устувори захираҳое, ки барои раванди мунтазами истеҳсолот заруранд, дилпур буда наметавонанд. Фаридун Усмонов ҳамчунин, қайд мекунад, ки рушди нокофии саноат дар минтақаҳои Тоҷикистон бештар ба ҳамин мушкил вобастагӣ дорад.
ЭНЕРГИЯИ “ДИГАР”
Масъалаи зарурати ба манбаъҳои дигари тавлиди нерӯи барқ гузаштани Тоҷикистон дар шароити ноустувор будани захираҳои обиаш кайҳо боз аз ҷониби коршиносон муҳокима карда мешавад. Бо назардошти он, ки ҷумҳурӣ дорои захираҳои зиёди уран - тақрибан 14%-и захираҳои ҷаҳонии уран мебошад, баррасӣ кардани лоиҳаҳои корпоратсияи русии “Росатом” оид ба сохтмони нерӯгоҳҳои хурди атомӣ бамаврид аст. Ҳамчун яке аз вариантҳо, коршиносон сохтмони нерӯгоҳҳои хурди атомиро дар асоси агрегати обии реактории РИTM-200N пешниҳод мекунанд, ки айни ҳол ҳамчун манбаи ояндадори тавлиди нерӯи барқ пешбарӣ карда мешаванд. Ин аввалин нерӯгоҳҳои заминии атомии камиқтидор дар ҷаҳон мебошанд.
Масъалаи ҳамкорӣ бо Русия дар соҳаи гидроэнергетика низ хеле муҳим аст. Тоҷикистон ҳамзамон имкони бунёди нерӯгоҳҳои хурди барқи обиро бо истифода аз зарфиятҳои рӯдхонаҳои хурд баррасӣ мекунад. Дар Русия аллакай беш аз 1300 чунин нерӯгоҳҳо фаъолият мекунанд ва барои Тоҷикистон, ки дорои релефи кӯҳӣ мебошад, ин самти энергетика хеле умедбахш ба назар мерасад.
Аммо ба андешаи коршинос Фаридун Усмонов чунин лоиҳаҳо мушкилотҳои муайян доранд. Ӯ қайд мекунад, нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ метавонанд дар минтақаҳои душворгузар, ки дар он ҷо гузаронидани хатҳои анъанавии интиқоли барқ душвор аст, муфид бошанд. Бо вуҷуди ин, коршинос таъкид мекунад, ки ҳама гуна лоиҳаҳои сармоягузорӣ бояд аз ҷиҳати иқтисодӣ фоидаовар бошанд. Набояд интизор шуд, ки сармоягузорон, аз ҷумла шарикони рус, нерӯгоҳҳои хурди барқи обиро барои мо ройгон месозанд. Лоиҳаҳо бояд аз ҷиҳати молиявӣ асоснокшуда бошанд ва танҳо пас аз ин дар бораи амалисозии онҳо сухан рондан мумкин аст. Дар шароити кунунии иқтисодии Тоҷикистон ва имконоти маҳдуди сокинони минтақаҳои дурдаст на ҳамеша бояд интизор шуд, ки бунёди нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ фоидаовар хоҳад буд.
Фаридун Усмонов ҳамчунин, ба масъалаи манбаъҳои алтернативии энергия низ таваҷҷуҳ кард. Ба гуфти вай, Тоҷикистон айни ҳол қариб ки пурра аз энергияи обӣ вобаста аст - ҳудуди 95 дарсади нерӯи барқ аз ҳисоби нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад. Дар дурнамои наздик ба амал омадани тағйиротҳои ҷиддӣ даргумон аст, вале ҳукумати ҷумҳурӣ барои ба охир расонидани сохтмони НБО Роғун, ки лоиҳаи асосӣ барои ба даст овардани истиқлолияти энергетикии кишвар маҳсуб меёбад, кӯшишҳо ба харҷ медиҳад. Танҳо пурра ба кор андохтани ин нерӯгоҳи барқи обӣ метавонад дар ояндаи наздик мушкили норасоии барқро ҳал кунад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2018 гуфта буданд, ки бо анҷом ёфтани сохтмони нерӯгоҳи Роғун мушкили маҳдудкунии нерӯи барқ дар Тоҷикистон ниҳоят ҳалли худро меёбад. Тавре интизор меравад, ин нерӯгоҳ калонтарин Нерӯгоҳи барқии обӣ дар Осиёи Миёна бо баландтарин сарбанд дар ҷаҳон хоҳад буд. Дар ҳоли ҳозир аз шаш агрегат танҳо дутои он ба кор андохта шудааст ва Ҳукумат барои анҷом додани сохтмони ин иншоот фаъолона сармоягузоронро ҷустуҷӯ мекунад. Маҷмӯи сармоягузориҳои зарурӣ беш аз 5 миллиард долларро ташкил медиҳад ва Русия имкони маблағгузорӣ ба ин лоиҳаро баррасӣ мекунад. Бонки рушди АвруОсиё аллакай дар кумитаи донорҳо - сармоягузорони эҳтимолии НБО Роғун иштирок мекунад.
Илова бар ин, Русия дастгирии лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистонро идома медиҳад. Дар доираи лоиҳаи Фонди субот ва рушди АвруОсиё НБО-и Норак азнавсозӣ карда мешавад, ки ин муҳлати истифодаи онро то 35 сол дароз мекунад. Барои таҳвили автотрансформаторҳо аллакай 40 миллион доллар ихтисос дода шудааст. Русия қаблан низ дар бунёди Нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда саҳм гузошта, ба сохтмони ин иншооти бузургтарини энергетикии кишвар 16 миллиард рубл сармоягузорӣ карда буд.
КӮМАКИ ҲАМСОЯҲО
Сокинони Тоҷикистон умед ба он мебанданд, ки ба шарофати дар соли ҷорӣ ба ҳалқаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ пайвастани кишвар, мушкилоти энергетикӣ рафъ карда мешавад. Чунин муттаҳидкунии системаҳои энергетикии кишварҳои минтақаро ҳалли оптималии истифодаи оқилонаи нерӯи барқ номидан мумкин аст. Ҳалқаи энергетикӣ имкон медиҳад, ки тағйирёбии мавсимии талабот ба нерӯи барқ ва идоракунии захираҳои обиро вобаста ба сатҳи оби дарёҳои кӯҳӣ мувозинат кунем.
Барои Тоҷикистон ин ҳамкорӣ метавонад ба як манбаи муҳимми даромад табдил ёбад, зеро кишварҳои ҳамсоя дар соатҳои авҷ нерӯи барқро бештар истеъмол хоҳанд кард. Коршинос Фаридун Усмонов таъкид мекунад, ки пайвастан ба системаи ягонаи энергетикӣ дар фасли зимистон ҳамзамон барои ҳалли мушкили камбуди нерӯи барқ мусоидат хоҳад кард. Ба ақидаи ӯ, масрафи нерӯи барқ дар Тоҷикистон сол то сол меафзояд, бахусус дар солҳои охир, ки теъдоди мошинҳои барқӣ (электромобилҳо) ва истгоҳҳои барқгирии онҳо дар кишвар афзоиш ёфтааст. Ин боиси зиёд шудани сарбории системаи энергетикӣ мегардад, бахусус дар фасли зимистон.
“Муҳим аст, ки сохторҳои масъул дар Тоҷикистон ҳаҷми зарурии нерӯи барқро дар мавсими норасоии барқ сари вақт ба нақша гиранд”, - қайд мекунад Фаридун Усмонов. Ба гуфти ӯ, талошҳои ҳукумати кишвар барои ҳамгироӣ ба ҳалқаи энергетикии Осиёи Марказӣ ва ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя дар масоили таъмини нерӯи барқ алакай натиҷаҳои дилхоҳ дода истодааст. Ӯ изҳори умедворӣ мекунад, ки дар ояндаи наздик мушкили камбуди нерӯи барқ дар Тоҷикистон ниҳоят ҳалли худро хоҳад ёфт ва маҳдудкунии барқ дар минтақаҳо аз байн бардошта шуда, корхонаҳо имкони банақшагирии рушди худро пайдо мекунанд, ки дар натиҷа устувории иқтисодиёти кишвар таъмин карда мешавад.
Тоҷикистон, ки дорои иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ мебошад, бо сабаби тағйирёбии мавсимии захираҳои обӣ ва афзоиши талабот ба нерӯи барқ ба мушкили норасоии барқ рӯбарӯ шудааст. Барои ҳалли ин мушкилот густариши дохилии лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ ва ҳамкории байналмилалӣ, аз ҷумла бо Русия ва кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ зарур аст. Пайвастшавӣ ба ҳалқаи энергетикии минтақа, хотима ёфтани сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва имкони ҷорӣ кардани манбаҳои алтернативии энергия, аз қабили нерӯгоҳҳои хурди атомӣ ва нерӯгоҳҳои барқи обӣ, барои таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар дурнамоҳои нав боз мекунанд. Ин боиси баланд шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди устувори иқтисодиёти кишвар мегардад.