Беҳтарин фурсат барои Русияву Украина - оғози музокироти сулҳ - фаро расидааст. Дар ғайри ин сурат авоқиби бисёр ҷиддӣ ва ғайри қобили пешбиние дар интизори онҳост.
Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар
Нуҳ моҳ ба ин сӯ тамоми ҷаҳон дар ҳоли тамошои ҷанги Украина аст, ҷанге, ки бар масоили ҷаҳонӣ, аз ҷумла амнияти ғизоӣ ва энержӣ таъсир мегузорад. Рӯёрӯии Русия ва Украина замоне чархиши ғайримунтазира ба худ гирифт, ки сарбозони русӣ шаҳри Херсонро тарк карданд ва дар соҳили чапи рӯдхонаи Днепр сангар гирифтанд ва набардҳои хунинро раҳо карданд,. Бинобарин дақиқан чӣ чизе боиси чунин тасмими "ғайримардумӣ”-и раҳбарии низомии Русия шуд?
Таҷзия ва таҳлили иқдомоти Москва нишон медиҳад, ки артиши Русия дар ҳоли ҳозир рӯи ҳифзи тавоноии разми воҳидҳои низомии худ тамаркуз мекунад. Агар тавоноиҳои размии Русия ва Украинаро бо ҳам муқоиса кунем, мусалламан бартарии бузург бар ҷониби Русия аз ҳама ҷиҳот аст. Дар мавриди манобеъи инсонӣ ҳам ҳаминро метавон гуфт. Ҷамъияти Русия то аввали январи 2022, 145 миллиону 478 ҳазор нафар, Украина – 41миллиону 167 ҳазору 336 нафар аст. Аммо дар ҷараёни ҷангҳо, ҳудуди 50 кишвари хориҷӣ ба Киев кӯмаки низомӣ ва молӣ мекунанд, ки то ҳудуде шонси тарафайнро баробар мекунад ва инро метавон дар майдони ҷанг мушоҳида кард.
Дар натиҷа, метавонем бо итминон фарз кунем, ки тарафе, ки дорои манобеъи низомӣ ва инсонии бештаре аст, барандаи ҷанг хоҳад шуд. Русия ба таври физояндае ғарқи даргириҳои мусаллаҳона аст ва ба тадриҷ чархиши мошини ҷангиаш бештар мешавад: инро метавон дар эъломи басиҷи нисбӣ, тасвиби қавонини иқтисодии лозим барои тақвияти муҷтамеъи низомӣ-саноатӣ, эҷоди воридоти мувозии маҳсулот лозим ва ғайра дид. Ҳанӯз захоир вуҷуд дорад ва ба теъдоди хеле зиёд.
Ба навбаи худ , Украина амалан як давлати варшикаста аст, зеро беш аз ниме (57.9%) аз даромади худро сарф пардохти қарзҳои ҷорӣ мекунад ва маҷбур ба гирифтани қарзҳои ҷадид мешавад. Имрӯз, тақрибан ниме (40%) аз будҷаи Украина аз кредит ва қарзҳои хориҷӣ таъмин мешавад. Дар соли оянда саҳми ин таъмини молӣ ба 58% афзоиш меёбад. Қарзи умумии давлат ба 105.39 миллиард доллар, муодили 68 дарсади тавлид нохолиси дохилӣ расидааст. Ин рақам дар соли оянда ба 86 дарсад хоҳад расид. Ҳеҷ захирае вуҷуд надорад.
Дар айни ҳол, ихтилофҳо дар миёни аврупоиҳо дар мавриди кӯмакҳои молӣ, низомӣ, пизишкӣ ва соири анвоъи кӯмак ба артиши Украина ташдид мешавад. Афзоиши қимати маводи ғизоӣ ва сӯхт дар ҳама кишварҳои рушдёфта эҳсос мешавад. Коҳиши ҳазинаҳои иҷтимоӣ вуҷуд дорад. Дар июли 2022, давлати Швейтсария бо пазириши сарбозони маҷрӯҳи украинӣ барои дармон дар клиникҳои маҳаллӣ мухолифат кард. Пас аз он, идораи муҳоҷирати Финляндия интиқоли гурӯҳе аз сарбозони маҷрӯҳи украиниро ба хоки худ мамнуъ кард ва он даста аз сарбозоне, ки қаблан барои муолиҷа ворид шуда буданд, аз бадтар шудани муносибат ба худ нисбат ба моҳҳои февралу марти соли ҷорӣ шикоят доранд.
Шаҳрвандони кишварҳои аврупоӣ низ аз мушкилоти иҷрои амалиёти барномарезишуда, ки ба далели ироаи кӯмакҳои изтирорӣ ба персонали низомии артиши Украина ба таъвиқ афтодааст, хашмгин ҳастанд. Ҳамчунин дар Олмон расонаҳои мустақил ва веблогнависон маъракаеро барои баррасии суъистифода аз будҷа ва вуҷуди як ҷузъи фасод дар ҷуброн ба ширкатҳои пизишкии хусусӣ барои дармони низомиёни артиши Украина чархише бештар мегирад. Илова бар ин, дар пасзаминаи рӯйдодҳое, ки имрӯз дар Украина рух медиҳад, “тиҷорат”-и ғайриқонунии аъзои бадани инсонҳо, ки пизишкони бевиҷдон аз аврупоиҳои сарватманд, аммо бемор, дар он касби даромад карда ва суд мебаранд, дигарбора авҷ гирифтааст.
Кишварҳои ғарбӣ дар ҳоли ҳозир аз ҷанг хаста шудаанд ва ба далоили сиёсӣ тӯлонӣ кардани ранҷи мардуми худро надоранд. Русия ва Украина акнун дар як ҷанги захираҳо қарор доранд - ҳар касе, ки теъдоди бештаре аз онҳо дошта бошад, пирӯз хоҳад шуд. Аммо Киев бидуни кӯмаки Ғарб наметавонад дар баробари Москва муқовимат кунад. Ба ҳамин далел аст, ки Русия ба ибтикори худ нерӯҳояшро аз Херсон хориҷ кард, то битавонад манобеъи инсонии худро, ки дар оянда низ ба шиддат мавриди ниёз хоҳад буд, ҳифз кунад. Танҳо саволе, ки боз боқӣ мемонад ин аст: оё Ғарб ба ироаи силоҳ ва пул ба Украина идома хоҳад дод?
Аз сӯи дигар, акнун беҳтарин фурсат барои тарафайн, ба вежа Украина, барои оғози музокироти сулҳ аст. Ва ин танҳо роҳи маъқули бурунрафт аз ин вазъият аст. Дар ғайри ин сурат авоқиби бисёр ҷиддӣ ва ғайри қобили пешбиние дар интизори онҳост.