Хабари рӯз

Мардуми порсизабони Афғонистон ҷунбишеро барои ҳаққи таъйини сарнавишт ба вуҷуд оварданд ва масъалаи эъломи як кишвари мустақили ғайримуртабит бо паштунҳо матраҳ шуд.

Нависанда: Файёз Баҳрамон Наҷимӣ, бунёнгузор ва узви раҳбарии Ҷунбиши ҳаққи таъйини сарнавишти порсизабонон дар Афғонистон, узви Шӯрои мушовараи "Сангар"

Манбаъ: Независимая газета

Ҷудоиталабӣ мақулае гумшуда дар фарҳанги сиёсии “Афғонистони ҷаълӣ” будааст. Дар беш аз сад сол бад-ин сӯ, дар ҷуғрофияе ба номи Афғонистон кӯшиш шудааст, то ҳувияти ақвоми ғайрипаштун ба гунаи таҳмилӣ дар зери ривояти қавми "афғон" тағйир дода шавад.

Истибдоди ҳоким пас аз 1937 дар зери таъсири назарияи натсионал-сотсиализми Олмони ҳитлерӣ талоши пайгир намуда то доктринаи “миллат афғон”-ро шакл дод, ки ҳадафи он нобудии ҳувиятҳои забонӣ ва фарҳангии бузурги қавмҳои порсизабон ва туркзабон будааст. Истибдод дар ин замон бо ҳимояти кишварҳои хориҷӣ тавонист мардумро дар баробари хости афғонсозиашон ба тамкин во дорад.

Барномаи онҳо хусусияти тадриҷӣ дошт, зеро талоши нахустин паштунизасозӣ ба шикаст мувоҷиҳ шуд. Сипас кӯшида шуд то баъзе аз аносири ҳувиятӣ шомили забон, анъаноти порсизабонон ба оромӣ дигаргун ва фурӯ кашида шавад, чун сиёсатмадорони афғон ё паштун мутаваҷҷеҳ шуданд, ки ба кӯмаки забони паштуи нотавони хеш наметавонанд пули иртиботӣ дар миёни соири ақвом эҷод кунанд.

 Аз назари таърихӣ Афғонистон ба мисли тамоми кишварҳои даврони истеъмор як кишвар сохта шудааст, ки тавассути Биритониё дар 1880 эҷод шуд. Пеш аз он Афғонистон танҳо номи як ҷуғрофияи муайян миёни кӯҳҳои Сулаймон то манотиқи Арокузай ва мардуми мушаххаси афғон буд, ки ҳатто дар бисёре аз аснод ба номи устони Афғонистон ёд мешуд. акнун он манотиқ ба номи сарзаминҳои паштунҳо тағйир кардааст.

Пас аз эҷоди Афғонистон, ҷуғрофияи ҷадид шакл гирифт, ки ба манотиқи худмухтор дар шимол, ки умдатан манотиқи порсизабонҳо ва туркзабонҳо буд, густариш ёфт. Ин ҷуғрофия ба тавофуқи Русияи тазорӣ ва Ҳинди Биритониёӣ ба номи Афғонистон ба ҳайси сарзамини ҳоил пазируфта шуд ва марзҳои он тарсим гардид.

Аксарият мардумоне, ки дар даруни ин ҷуғрофияи ҷаълӣ зиндонӣ шуданд, порсизабононе буданд, ки аз ақвоми бародарашон дар Эрони кунунӣ ва Вароруд (Самарқанду Бухоро ва Тоҷикистони кунунӣ) ҷудо сохта шуданд.

Дар даруни ҷуғрофияи ҷаълшуда тавассути қудратҳои бузург, назарияи модерни миллатсозии фашистии афғон - ориёӣ оғоз шуд ва қавм - миллати “афғон" падид омад. Забони "афғонӣ" рушд ва ҷойгоҳи порсизабонон ба ҳошия ронда шуд. Ин сиёсатро этносид ё қавмкушӣ бо ҳадафи ҳувиятзудоӣ меноманд.

***

Солҳо тӯл кашид то огоҳии ҳувиятӣ дар байни насли огоҳи ғайрипаштун зода шавад. Дар даврони ҷумҳурияти ахири вобаста ба Амрико, барои бори нахуст “ҳувияти афғонӣ” ба чолиш кашида шуд ва насли огоҳи тоҷик, ҳазора ва ӯзбек бо дарки аҳамияти ҳувиятиашон ва бо истифода аз абзорҳои модерн дар ҷустуҷӯи шинохти ҳувияти хеш шуданд.

Дар ҳавзаи тоҷикҳо ва ҳазораҳо, баргашт ба ҳувият бештар бар меҳвари таборӣ буд ва ҳарду бузургқавм фаромӯш мекарданд, ки таборҳои онҳо дорои реша ва пешинаи муштараки ҳувиятӣ, забонӣ ва фарҳангии порсианд. Тамоюзи онҳо сирф дар гӯишҳо мебошад.

Ҳокимони паштунтбори ҷумҳурият, ба вежа дар даврони Ашраф Ғанӣ, кӯшиданд то шигоф дар миёни ҳувияти воҳиди порсибононро аз тариқи порчасозии дарунии ҳар ду қавм ба вуҷуд оваранд.

***

Суқути ҷумҳурият маънои поёни султаи паштунҳоро надошт, балки чеҳрае хашин ва бадавии омехта бо ифротияти динии онро дар гунае толибонӣ ҳувайдо сохт.

Толибон тадовуми ҳокимияти паштунӣ бо барномаҳои равшани зидди порсизабонон ва туркзабонон ҳастанд, ки аз роҳи тасфияҳо ва ҷобаҷойҳои қавмӣ дар сарзаминҳои шимол ва маркази Афғонистони кунунӣ мехоҳанд султаи хешро доимӣ ва мондагор созанд.

Дар ин замон назарияи ҳаққи таъйини сарнавишт барои ҷудоии порсизабонон аз паштунҳо бо ҳадафи эҷоди давлати мустақили порсизабонон ба ҳамкории муттаҳиди табиӣ ва таърихии он, яъне турктборон матраҳ ва дар як санади роҳбурдии ҳаққи таъйини сарнавишт барои порсизабонон бозтоб ёфт, ки дар аввал июни 2023 яксола шуд.

Ҷунбиши ҳаққи таъйини сарнавишт барои порсизабонон сохторест муташаккил аз фарзандони ростин тоҷикҳо, ҳазораҳо ва соири ақвоми порсизабон, ки зери як сақф гирд омадаанд ва муборизаи фикрии сиёсиро барои раҳоии мардуми хеш ба пеш мебаранд.

Мутобиқи санади роҳбурдӣ, натанҳо ҳама тоҷикҳо ва ҳазораҳо аз ҳуқуқи мусовӣ ва озодиҳои демократӣ бояд бархӯрдор бошанд, балки ин усул барои ҳама ақвоми таҳти ситам ба як андоза асосӣ, арзишманд ва ахлоқӣ талаққӣ мешавад.

Ҷунбиш барои иттиҳоди ҳама порсизабонон ба ҳамроҳи муттаҳидони он то эҷоди як кишвари мустақил дар қаламрави таърихии хеш мубориза мекунад.

Дар Ҷунбиши ҳаққи таъйини сарнавишт барои порсизабонон талош сурат мегирад то нақши занону мардони порсизабон ва саҳми онҳо дар ҳама густараҳо баробар бошад. Кор дар ҳамин масир ҷараён дорад ва ҳамакнун бахшҳои калидии раҳбарии ҷунбиш ба дастҳои пуртавони бонувони огоҳ мебошад.

Ҷунбиш пулест барои иттиҳоди ҳамаи порсизабонон то эҷоди кишвари мустақил, ки на номи Афғонистон, на афғон ва на афғониятро бо худ ҳамл намояд. Ин ҷунбиш мехоҳад забон, сарзамин, фарҳанг ва тамаддуни хешро дошта бошад.


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!