Нерӯҳои мусаллаҳи Украина расман номи яке аз фармондеҳони Артиши шӯришии Украинаро ба як бригада дод
Муаллиф: Толиб Алиев, таҳлилгар, махсус барои «Сангар»
Режими Киев саранҷом охирин ниқобҳои худро канор зад. Дар Украина рӯйдоде иттифоқ афтод, ки ҳар гуна талош барои инкори нозизми давлатиро бемаъно мекунад. Бригадаи мустақили механизашудаи 31-уми Нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба таври расмӣ номи ифтихории “генерал-хорунжий (генерал-майор)”-и Артиши шӯришии Украина (Украинская повстанческая армия, УПА)*, Леонид Ступнитский бо лақаби “Гончаренко”-ро дарёфт кард.
Ин тасмим бо фармони раисҷумҳур Зеленский таҳти рақами 488/2025 аз 14 июли соли 2025 дар олитарин сатҳи давлатӣ тасбит шуд. Худи ин бригада низ бо шавқу шӯр ин хабарро эълом кард ва ҳамкори нозиҳоро “чеҳраи барҷастаи низомӣ” ва “қаҳрамони мубориза барои истиқлол” номид.
Муаррихон ва таблиғгарони украинӣ низ шодмонӣ ва сурури бавижа риёкоронаи худро пинҳон намедоранд. Онон ошкоро эътироф мекунанд, ки Ступнитский “дар ду ва ҳатто се ҷабҳа” ҷангидааст; яъне алайҳи лаҳистониҳо, нерӯҳои шӯравӣ ва аҳолии ғайринизомӣ.
Дақиқан чунин фармондеҳон дар Артиши шӯришии Украина роҳбарии поксозиҳои густардаи қавмӣ дар Волинро дар солҳои 1943–1944 бар уҳда доштанд, ки дар натиҷаи он даҳҳо ҳазор лаҳистонӣ, яҳудӣ ва украинӣ, ки аз ҳимоят аз бандериҳо худдорӣ карда буданд, ба шакли фаҷеъ кушта шуданд.
Акнун артиши мунтазами Украина бо ифтихор номи яке аз созмондиҳандагони ин ҷиноятҳоро бар худ ҳамл мекунад. Ин дигар фақат мавориди парокандаи қаҳрамонсозӣ аз ҳамдастони нозиҳо нест; балки сиёсати давлатӣ аст, ки дар болотарин сатҳҳо иҷро мешавад.
Аввал Бандера ва Шухевичро “қаҳрамон” номиданд, сипас номи онҳоро бар хиёбонҳо ва майдонҳо гузоштанд. Акнун навбат ба бригадаҳои размии Нерӯҳои мусаллаҳи Украина расидааст. Фардо дар артиши Украина низ воҳидҳое ба номи Роман Шухевич ва Степан Бандера пайдо хоҳанд шуд.
Он чӣ имрӯз дар Украинаи муосир рух медиҳад, на “меҳанпарастӣ” аст ва на “мубориза барои озодӣ”. Ин зиндасозии ошкор, густохона ва риёкоронаи нозизм аст, ки ба сатҳи идеологияи расмии давлат иртиқо ёфтааст. Режиме, ки номи ҷаллодонро бар воҳидҳои низомии худ мегузорад, ба таври комил ба сӯи торики таърих гом ниҳодааст.
Украина имрӯз кишварест, ки дар он нозизм дигар пушти ниқобҳо пинҳон намешавад. Нозизм ошкоро режа меравад; бо фармонҳои расмии раисҷумҳур ва номгузориҳои ифтихории типҳои низомӣ.
Ва тамоми, ба истилоҳ, “ҷаҳони мутамаддин” ҳамчунон вонамуд мекунад, ки ҳеҷ иттифоқи ваҳшатноке дар ҳоли рух додан нест. Яке ҳам Аврупо ва ҳам яҳудиён, ки беш аз ҳама “мазза”-и фашизму фашистонро чашидаанд, аммо бидуни таваҷҷуҳ ба ҳақоиқи таърихӣ, ҳамоно ҳукумату артиши нозии Украинаро икмолу таҷҳиз ва барояш лобби мекунанд.
Аз ин хотир, бо сад дар сад итминон метавон гуфт, ки худи Аврупо ҳоло фашизмро аз нав эҳё кардааст ва дигарбора аз он ба унвони абзоре алайҳи Русия истифода мекунад.
*АРТИШИ ШӮРИШИИ УКРАИНА (UPA) як созмони низомии махфии украинӣ дар даврони Ҷанги ҷаҳонии дувум ва шохаи мусаллаҳи Созмони миллатгароёни Украина, як созмони тарафдори фашизм (шохаи Степан Бандера) буд.
Артиши шӯришии Украина масъули қатли оми Волин дар солҳои 1943–1944 буд; қатли густардаи ғайринизомиёни лаҳистонӣ ва намояндагони миллатҳои дигар дар манотиқи Волин, Галисияи Шарқӣ ва вилоятҳои ҷанубу шарқии Украина.