Хабари рӯз

Нависанда: Алӣ Аскарӣ, таҳлилгар (Олмон), махсус барои “Сангар”

Дар остонаи интихоботи Конгресс, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар остонаи як шикофи бузурги сиёсӣ қарор гирифтааст. Ихтилофоти асосӣ дар миёни ҳомиёни Доналд Трамп шакл гирифта ва Ҳизби Ҷумҳурихоҳ шадидтарин буҳрони дохилии худро дар чанд даҳаи ахир таҷриба мекунад.

Дар маркази таваҷҷуҳ, ёддошти тафоҳуми ҷанҷолбарангезе қарор дорад, ки ба тозагӣ миёни Иёлоти Муттаҳида ва Эрон ба имзо расидааст. Бахши қобили таваҷҷуҳе аз нухбагони ҷумҳурихоҳ ин тавофуқро ба манзалаи таслим дар майдони набард арзёбӣ мекунанд. Ҳамлаҳои Амрико ва Исроил ба Теҳрон низ танҳо мавқеи рақиби асосии Вашингтон дар минтақаро тақвият бахшидааст.

Кохи Сафед амалан талошҳои чандин насли сиёсатмадорони амрикоиро барои инзивои байналмилалӣ ва фишори иқтисодӣ бар Эрон нодида мегирад. Бар асоси ин ёддошти тафоҳум, Вашингтон омода аст бахши умдаи таҳримҳоро лағв кунад. Аз ҷумлаи маҳдудиятҳое, ки қарор аст бардошта шаванд, таҳрими содироти нафти Эрон мебошад ва ҳамчунин озодсозии дороиҳои масдудшудаи Теҳрон низ дар дастури кор қарор дорад.

Банди дигари ҷанҷолбарангези ин санад, таъсиси сандуқе барои бозсозии иқтисодии Эрон аст. Ҳаҷми пешбинишудаи ин сандуқ 300 миллиард доллар эълом шудааст.

Аз Эрон танҳо хоста шудааст, ки даст кашидан аз таҳияи силоҳи ҳастаиро таъйид намуда, захираҳои урани ғанишудаи худро рақиқ кунад. Назорат бар иҷрои ин тааҳҳудот бар уҳдаи Агентии байналмилалии энержии атомӣ (IAEA) хоҳад буд. Бо ин ҳол, дар ин ёддошти тафоҳум ҳеҷ ишораи мушаххасе ба барчидани комили барномаи ҳастаии Эрон нашудааст.

Даргирии низомӣ ба ҳар ду тараф хисороти қобили таваҷҷуҳ ворид кард, аммо дар амал барои Эрон дастовардҳое ба ҳамроҳ доштааст. Ҷанге, ки Амрико оғоз кард, барои Эрон чизеро ба армуғон овард, ки даҳсолаҳои зиндагӣ дар шароити сулҳ натавониста буд онро таъмин кунад.

Дар чунин шароит, пурсишҳо дар бораи Доналд Трамп рӯз ба рӯз бештар мешавад. Гурӯҳе аз сиёсатмадорони амрикоӣ мепурсанд: агар дар ниҳоят қарор буд ба чунин тавофуқе бирасанд, пас аслан чаро ҷанг оғоз шуд? Гурӯҳи дигар низ ин ёддошти тафоҳумро шикасти роҳбурдии Иёлоти Муттаҳида медонанд.

Роҷер Викер, сенатори ҷумҳурихоҳ ва раиси Кумитаи нерӯҳои мусаллаҳи Сенат, тасмими Трампро “подош додан” ба як режими мутахосим тавсиф кардааст. Майк Пенс, муовини пешини раисиҷумҳури Амрико, низ аз “сиёсати мумошот” бо душмани дерина изҳори норизоятӣ кардааст. Ҳар ду мавқеъ нишондиҳандаи болотарин сатҳи беэътимодӣ нисбат ба раҳбари кунунии Амрико мебошанд.

Дар дохили Ҳизби Ҷумҳурихоҳ низ норизоятии ошкор нисбат ба имтиёзҳои густурдае, ки ба Теҳрон дода шудаанд, дар ҳоли шаклгирӣ аст ва бисёриҳоро аз даст рафтани пойгоҳи раъйдиҳандагони муҳофизакор нигарон кардааст.

Худи Трамп низ дар посух танҳо ба ин басанда кард, ки мухолифонашро “аҳмақ” номид, аммо гумон намеравад чунин адабиёте битавонад мавқеи мутазалзили ҷумҳурихоҳонро дар остонаи интихоботи Конгресс тақвият бахшад.

Яке дигар аз конунҳои асосии норизоятӣ аз тасмимҳои Трамп Тел-Авив аст. Тавофуқ миёни Амрико ва Эрон бидуни мушорикат ва ризояти Исроил мунъақид шуда, зарбаи дигаре ба эътибори Бинёмин Нетаняҳу ворид кардааст. Нотавонии ӯ дар ҷилавгирӣ аз имзои ин ёддошти тафоҳум аз сӯи бисёриҳо нишонаи заъф талаққӣ мешавад; заъфе, ки метавонад паёмадҳои фоҷиаборе ба ҳамроҳ дошта бошад. Оппозитсияи Исроил ба раҳбарии Яир Голан Нетаняҳуро ба фиреби афкори умумӣ ва ироаи “тасвири дурӯғин аз зомини амният” муттаҳам мекунад.

Дар посух ба иқдомоти Амрико, Исроил буҳрони Лубнонро беш аз пеш ташдид кардааст; кишваре, ки Трамп пештар “тамомияти арзӣ”-и онро тазмин карда буд. Тел-Авив аз хориҷ кардани нерӯҳои худ аз ҷануби Лубнон худдорӣ мекунад ва ҳамчунон ба вайрон кардани Бейрут идома медиҳад. Бо ин ҳол, эътимод миёни ду муттаҳиди дирӯз ба маротиб бештар аз гузашта осеб дидааст.


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!