Хабари рӯз

Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари масоили Афғонистону минтақа (Шветсария), махсус барои "Сангар"

Ҷумҳурии Исломии Эрон барои иштирок дар маросими ташйеи ҷанозаи шаҳид Оятуллоҳ Алӣ Хоманаӣ ҳам аз роҳбарияти Толибон даъват ба амал овардааст ва ҳам аз мухолифони Толибон. Ҳар ду ҷониб дар ин маросим ҳузур пайдо кардаанд.

Аз субҳи имрӯз расонаҳо пайваста ин мавзӯъро баррасӣ мекунанд, ки чаро Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳам аз Толибон ва ҳам аз мухолифони онҳо даъват кардааст. Аз ин рӯ, хостам дар ин бора таҳлили ҳамаҷонибае ироа намоям.

Даъвати ҳамзамони ҳайати Толибон таҳти роҳбарии Мулло Абдулғанӣ Бародар ва Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷии Толибон, инчунин мухолифони Толибон — Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва Муҳаммад Муҳаққиқ, узви ҳайати раҳбарии Ҷабҳаи наҷоти Афғонистон — барои иштирок дар маросими ташйеи ҷанозаи Алӣ Хоманаӣ, раҳбари мазҳабии Ҷумҳурии Исломии Эрон, танҳо як иқдоми ташрифотӣ ё дипломатӣ набуд, балки дорои паёмҳои муҳими сиёсӣ ва роҳбурдӣ нисбат ба Афғонистон ва таҳаввулоти ояндаи минтақа мебошад.

Аввалан, ин иқдом нишон медиҳад, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамоно сиёсати ҳифзи иртибот бо ҳамаи тарафҳои таъсиргузори Афғонистонро пайгирӣ мекунад. Теҳрон талош дорад муносибатҳои худро танҳо ба Толибон маҳдуд насозад, балки ҳамзамон иртиботи худро бо раҳбарони Ҷабҳаи муқовимат, Ҷабҳаи озодӣ, шахсиятҳои сиёсӣ, раҳбарони қавмӣ ва дигар ҷараёнҳои таъсиргузор низ ҳифз намояд, то дар ҳар гуна таҳаввулоти эҳтимолии оянда ҷойгоҳ ва нуфузи сиёсии худро аз даст надиҳад.

Дувум, даъвати ҳамзамони Толибон ва мухолифони онҳо ин паёмро мерасонад, ки Эрон, ҳадди ақал дар зоҳир, худро ҳомии инҳисории ҳеҷ як ҷараёни сиёсӣ дар Афғонистон намедонад ва мекӯшад бо ҳамаи бозигарони асосии ин кишвар ҳамкорӣ ва муомила дошта бошад. Ин равиш нишондиҳандаи чандирии сиёсати хориҷии Эрон нисбат ба Афғонистон мебошад.

Севум, ҳифзи муносибат бо мухолифони Толибон барои Эрон як абзори сиёсӣ низ маҳсуб мешавад. Теҳрон бо ин сиёсат ба Толибон нишон медиҳад, ки дар сурати ба вуҷуд омадани ихтилоф бар сари масъалаҳое чун амнияти марзҳо, ҳаққи об, вазъи муҳоҷирон ё дигар манофеи муштарак, имконоти дигари сиёсӣ низ дар ихтиёр дорад ва муносибатҳои худро танҳо ба ҳукумати кунунии Афғонистон, яъне Толибон, маҳдуд накардааст.

Чаҳорум, ин иқдом нишон медиҳад, ки Эрон ҳамоно ояндаи сиёсии Афғонистонро боз ва дар ҳоли таҳаввул медонад. Аз нигоҳи Теҳрон, мумкин аст дар оянда дар сохтори қудрати Афғонистон тағйироте ба вуҷуд ояд. Аз ҳамин рӯ, ҳифзи иртибот бо ҳамаи ҷараёнҳои таъсиргузор як навъ сармоягузории сиёсӣ барои оянда ба ҳисоб меравад.

Панҷум, ҳузури ҳамзамони Толибон ва мухолифони онҳо дар Теҳрон ҷойгоҳи минтақавии Ҷумҳурии Исломии Эронро низ барҷаста месозад. Ин иқдом нишон медиҳад, ки Эрон ҳамчунон талош дорад нақши як бозигари муҳим ва таъсиргузорро дар муодилаҳои Афғонистон ва минтақа ҳифз намояд ва бо ҳамаи тарафҳои даргир иртиботи фаъол дошта бошад.

Хулоса

Аз дидгоҳи сиёсӣ, даъвати ҳамзамони Толибон ва мухолифони онҳо метавонад бахше аз роҳбурди дарозмуддати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар қиболи Афғонистон арзёбӣ шавад; роҳбурде, ки бар ҳифзи иртибот бо ҳамаи бозигарон, ҷилавгирӣ аз вобастагӣ ба як тараф, афзоиши қудрати манёври сиёсӣ ва нигоҳ доштани нуфуз дар таҳаввулоти ояндаи Афғонистон устувор аст.

Ин сиёсат нишон медиҳад, ки Теҳрон дар айни ҳамкорӣ бо ҳукумати сарпарасти Толибон, ҳамзамон муносибатҳои худро бо дигар ҷараёнҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Афғонистон низ ҳифз намуда, барои ҳар гуна таҳаввулоти эҳтимолӣ дар оянда омодагии сиёсӣ дорад.


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!