Хабари рӯз

Раванди паштунсозии қочоқи маводи мухаддир чӣ гуна пеш меравад?

Нависанда: Рустам Рушангар, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Мӯътаризин дар Бадахшон пурсиши асосӣ, шуурмандона, инқилобӣ ва хуберо матраҳ кардаанд: чаро ҳилмандӣ ва қандаҳорӣ бар Бадахшон ҳукумат мекунад?

Ҳоло фарз кунед ин ҳилмандиҳо ва қандаҳориҳо фариштаҳои осмонӣ ҳастанд ва шаруру тарвиҷкунандаи тарёку қочоқбари маводи мухаддир нестанд, боз ҳам ин савол, ки чаро ҳилмандӣ ва қандаҳорӣ бар Бадахшон ҳукумат кунад, ҳамчунон ба қуввати худ боқӣ аст ва саволи асливу калидӣ аст. Ғайр аз ин савол, ҳар саволи дигар барои бадахшиҳо ва дар кул мардуми Шимол дар бораи Толибони террорист, саволҳои фаръӣ аст.

Ин саволро, ки бадахшиҳои сарбаланд матраҳ кардаанд, бояд ба саволи ҷиддии асосӣ барои ҳар тоҷик, ҳазора ва ӯзбек дар шимол, марказ ва ғарби кишвар мубаддал шавад. Чаро ҳилмандӣ ва қандаҳорӣ (ва дар кул паштун) бар Панҷшер, Парвон, Кописо, Кобул, Тахор, Бағлон, Кундуз, Саманагон, Балх, Сарипул, Ҷузҷон, Форёб, Ғур, Бодғис, Ҳирот, Лугар, Лағмон, Нуристон, Ғазнӣ, Фароҳ ва Вардак (бар тоҷик, ҳазора ва ӯзбек) ҳукумат кунад?

Ҳилмандиву қандаҳорӣ чӣ дорад, ки бар дигарон ҳукумат кунад? Инҳо кӣ ҳастанд? Киву чӣ ва чигуна ононро бар бахши васее аз Хуросон ва мардумони бофарҳангу тамаддуни он мусаллат сохтааст? Ғайр аз паштун будан ва пешмаргаи созмонҳои истихбороти будан ва хашин будан дигар чӣ чизе ин мавҷудоти ҷанубии барбар ва мутаваҳҳиш доранд?

Бояд афғонҳо/паштунҳо бидонанд, ки дигар асри таҳмили ҳокимияти бадавии паштунӣ бар кулли сарзамини Хуросон номумкин аст. Қиёми бадахшиҳо оғози як раванди таърихии баргаштнопазир аст. Мумкин толибони паштун бо ҳилаву найранг ё саркӯбу хушунат битавонанд барои муддате ҷилави густариши эътирозоти мардумиро дар Бадахшон бигиранд, аммо ин мавҷ бархостанӣ аст ва аз Бадахшон ё ҷойи дигар дубора сар баланд мекунад. Қадри мусаллам ин ки дар ҳоли ҳозир бадахшиҳо, ба рағми ришватҳои сиёсие, ки толибони паштун ба шуморе аз бадахшиҳо додаанд, раванди қиёмҳои мардумӣ алайҳи ҳокимияти ҷаҳлу террор ва тарёкро калид задаанд.

Бадахшон мавқеияти ҷуғрофии мумтозе дар баланд кардани парчами истодагӣ алайҳи зулму истибдоди қабоили ҷанубро дорад ва рӯҳияи баланди зиддитолибонӣ ва мардумони силаҳшӯру бофарҳанг, мазид бар иллат шуда то Бадахшон сардамдори қиёму растохез барои оғози уфули ҳокимияти толибонӣ бошад.

Чунонки барои мо ба таҷриба собит шуда, паштунҳо барои ҳифзи қудрат ба ҳар василае мутавассил мешаванд. Яке аз васоил бадномсозӣ ва барчасп задан ба мухолифину мунтақидин ва қиёмкунандагон аст.

Дар пайванд ба қиёми бадахшиҳо, Толибон террорист талош доранд, ки мӯътаризину қиёмкунандагонро кишткунандагони кукнор муаррифӣ кунанд, ки ҳам тавҷеҳи саркӯби онон дуруст шавад ва ҳам мардуми дигар манотиқ дар пайвастан ба сафи қиёмкунандагон дучори тардид шаванд. Аммо мардум ҳушёр бошанд ва бидонанд, ки ин фақат таблиғоти Толибон аст.

Асли қисса “на” гуфтан ба ҳокимияти толибонӣ ва паштунӣ аст. Мубтакиру мураввиҷи тарёк худи ҳилмандиҳо ва қандаҳориҳо ҳастанд. Ба Бадахшон ҳам ҳаминҳо тарёкро бурдаанд ва зулму фишорашон бар мардум низ реша дар султаталабиву инҳисорталабӣ ва тамомиятхоҳӣ дорад. Дар як калом, паштунсозии тавлиду қочоқи маводи мухаддир.

Ҳилмандиву қандаҳорӣ мухолифи кишти кӯкнор нест, балки ҳарфаш ин аст, ки деҳқони Бадахшон барои ҳокими ҳилмандии Бадахшон замини худро кӯкнор кишт кунад. Яъне ҳилмандӣ бодор (хоҷа) бошад ва бадахшӣ муздуру барда. Тамом. Аммо қиёми мардум ба хотири тарёк нест. Мардум ба танг омада ва думболи баҳонаанд ва ин ки барои қиём алайҳи зулму ҷабр, баҳона доштан лозим нест ва ҳар баҳонае дурусту машрӯъ ва маъқул аст.


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!