28 сентябри соли 1996 Доктор Наҷибуллоҳ, раисҷумҳури Афғонистон аз сӯи Толибон ба дор овехта шуд
Нависанда: Муҳаммад Абдуллоҳ
6 мизони 1375. Клуби Ҷабалуссироҷ (яке аз пойгоҳҳои Аҳмадшоҳ Масъуд).
...Офтоб баланд шуда буд ва ҳаволии соати ҳашти субҳ буд, ки Омир Соҳиб ҳар тараф метапед то чанд қумандонро якҷо созад ва дар баъзе нуқоти борики обу дусаракаи Багром хатти дифоъӣ эҷод кунад.
Замоне ки ду қумандонро як ҷой истода мекард то тамоми қумандононро бо онҳо гирдиҳам намояд, қумандонони аввалӣ худро ба шакле аз назари Омир Соҳиб гӯша ва пинҳон мекарданд.
Ин кор чанд бор такрор шуд, нопойдории қумандонон Омир Соҳибро бештар хаста сохт ва ба тими мухобира махфиёна дастур дод, ки мухобираи собити дурбурдро ба Панҷшер интиқол диҳанд.
Ба яке аз котибон дастур дод, ки ба пилотҳои чархболҳо ҳидоят диҳанд то Устод Раббонӣ ва Ҳикматёрро ба Тахор интиқол диҳанд.
Саҳнае ҷолиб буд. Хоҳишмандони ҳамроҳӣ бо Устод Раббонӣ шумори зиёде аз вазирон ва наздикони устоди шаҳид буданд, аммо Омир Соҳиб сирф Ҳикматёр ва Борикзай (вазири сиҳати оммаи вақт)-ро бо Устод Раббонӣ ба тарафи маҳалли парвози чархболҳо танзим кард. Тақаллои оҷизонаи шумори зиёде аз вазирон ва ба истилоҳ, раҳбарон, ба хотири ҳамсафар шудан бо устоди шаҳид ва нотавонии устоди шаҳид дар амри интиқоли онҳо ҷолиб ва тамошоӣ буд!
Замоне ки Омир Соҳиб худрави ҳомили Устод Раббониро ба тарафи маҳалли нишасти чархболҳо мураххас кард, назараш ба Сайид Асадуллоҳ Машкурӣ, масъули муҳофизати Доктор Наҷиб афтод.
Сайид Асадуллоҳ, ки ба девори клуб такя зада буд, бо дидани Омир Соҳиб мехост худро устувор бисозад, ки Омир Соҳиб ба наздикаш расид ва пурсид, ки меҳмонат (Доктар Наҷиб) чӣ тасмим гирифт?
Сайид Асадуллоҳ Машкурӣ бо лаҳҷаи ором аз Доктор Наҷиб нақли қавл кард:
"Шумо биравед, саломи маро ба Масъуд бирасон ва бараш бигӯ, ки ман номард нестам".
Омир Соҳиб бо шунидани паёми Доктар Наҷиб нороҳат шуд ва бо аломати таассуф сари худро ҷунбонд ва гуфт:
"Иштибоҳ кард, сахт иштибоҳ кард, фикр намекардм ин қадар одами хушбовар бошад. Фикр карда, ки Толибон ӯро вазири дифоъ ё қумандони фирқа месозанд. Хабар надорад, ки пешпеши ҷанги Толибон ба тарафи Кобул халқиҳо ва ISI аст. Кор хароб шуд, ки наомад ... Харобаш мекунанд".
Ҳудуди ним соат аз сӯҳбати Омир Соҳиб бо Машкурӣ сипарӣ шуда буд, ки хабари ба дор овехтани Доктар Наҷиб расид ва касе ҷуръат намекард, ки ин хабарро барои Омир Соҳиб бигӯяд, то ин ки яке аз саргуруҳҳои қитъаи муҳофизаташ (қитъаи кумонду) хабари марги Наҷибро ба Омир Соҳиб гуфт ва Омир Соҳиб бо садои хаста пурсид, ки Аҳмадзай (бародари Наҷиб) чӣ тур шуд?
Гуфтанд, ӯ ҳам кушта шуда. Аммо аз чигунагии рӯйдод дар ҳамон лаҳза ривоёти чандгона ба Омир Соҳиб ироа карданд, аммо Омир Соҳиб чанд лаҳза ба андеша рафт ва гуфт: "Аз ин ваҳшиҳо таваққӯъи дигаре намеравад".
Пайнавишт:
- Генерал Сайид Асадуллоҳ Машкурӣ алҳамдулиллоҳ ҳаёт дорад ва то чанд соли пеш ба сифати муовини раёсат муҳофизати риҷоли барҷаста вазифа дошт.
2. Агар дар ривояти ман кадом иштибоҳе сурат гирифта бошад, дӯстоне ки ҳозири саҳна буданд ва дар қайди ҳаётанд, аз рӯи лутф тасҳеҳ бифармоянд.