Зеленский фаромӯш накунад, ки Амрико дар поёни ҳар ҷанг ва ҳар буҳрон нокому сарафканда аз майдон хориҷ шудааст ва ба зудӣ Украина ва Зеленскийро ҳам бо сарнавишти талхе танҳо хоҳад гузошт.
Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари умури Афғонистону минтақа (Олмон), махсус барои “Сангар”
Ба бовари ман, Зеленский раисҷумҳури Украина, ба сарнавишти Ашраф Ғанӣ гирифтор мешавад.
Идомаи ҷанг дар Ғаза, ки худ ба худ ҳазинаҳои Амрикоро боло бурдааст ва билохира ошуфтагии дарунии моливу сиёсии давлати Амрико ва муҷодилаи Конгресс ҳама ва ҳама моро ба ин бовар наздиктар месозад, ки дер ё зуд Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, ба сарнавишти шабеҳи сарнавишти Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури қаблии Афғонистон мубтало хоҳад шуд.
Бо тасбиту таҳкими рӯзафзуни мавқифи Русия дар ҷанги Украина ва бо дарназардошти печида шудани рӯз то рӯзи авзоъ дар Шарқи Миёна ва кашида шудани мустақими пои Амрико дар ҷанги Ғаза ва Ховари Миёна, ин пурсиш бештар матраҳ мешавад, ки оё Амрико то поёни ҷанг дар канори Украина хоҳад буд, ки ҳаргиз нахоҳад буд.
Оё аслан Амрико метавонад ҳамзамон, ҷанг дар Ғаза, ҷанг дар Украина, буҳрон дар Афғонистон ва буҳрон дар Тайванро таъмину мудирият кунад?
Бидуни шак, ин тавонро надорад, аммо саволҳои зерин бояд посух ёбанд...
Ба бовари ман, Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, дар моҳҳои оянда ба сарнавишти душворе гирифтор хоҳад шуд, ин ки ҷанги Украинаву Русия вориди севумин соли худ шудааст, заъф, нотавониҳо ва ақибнишиниҳои Украина мушоҳида мешавад.
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, бояд бидонад, ки бахши зиёде аз ояндаи кишвараш ба авомили берунӣ ва ба вижа ба кӯмакҳои Вашингтон бастагӣ дорад, ки дигар ин кӯмакҳо нахоҳад буд ва Иттиҳоди Аврупо ҳам аз кӯмакҳои фаровоне, ки ба Украина карда, дигар ошуфта шудааст ва тавони онро надорад.
Вале Зеленский фаромӯш накунад, ки Амрико дар поёни ҳар ҷанг ва ҳар буҳрон нокому сарафканда аз майдон хориҷ шудааст ва ба зудӣ Украина ва Зеленскийро ҳам бо сарнавишти талхе танҳо хоҳад гузошт.
Бо идомаи буҳрон дар Шарқи Миёна, Амрико беш аз пеш, ба ҳифозат ва таҳкими мавқеияти низомии амнияти худ дар Шарқи Миёна, ҳазина хоҳад кард, на дар Украина. Чун тавони моддӣ ва таслиҳотии Амрико дар ҳар ду ҷабҳа кифоят нахоҳад кард.
Гарчи, тавре ки дида мешавад, дар баҳси мушкилоти дохилӣ низ Зеленский таҳти фишор қарор дорад, вале боз ҳам бояд бори дигар бар мухотироте, ки дар соли ҷорӣ пеш рӯ дорад, омода бошад, ё ин ки имсол шакли поён ин ҷангро мушаххас хоҳад кард ё ин ки билохира фирорро бар қарор тарҷеҳ дода сарнавишти вай монанди сарнавишти Ашраф Ғанӣ мешавад.