Хабари рӯз

Ҷуғрофиёе, ки дасти сиёсатҳои касифи Амрико нарасидааст

Муаллиф: Ориф Ҳасанхон Охундзода, пажӯҳишгар ва таҳлилгари умури минтақавӣ, узви Шӯрои машваратии “Сангар”

Барои ман ифтихори бузург ва мояи хурсандии фаровон буд, ки дар ҷашнҳо ва маросими давлатӣ, ки аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон ба муносибати сиву панҷумин солгарди истиқлоли давлатии ин кишвар баргузор шуда буд, аз тоҷиктаборони Покистон намояндагӣ кунам ва ҳамчунон дар конфронси “Пайванд”, ки ба ваҳдати тоҷикони ҷаҳон ихтисос дошт ва аз сӯи Академии миллии улуми Тоҷикистон баргузор шуда буд, ширкат намоям.

Ҳатто намедонам суханамро аз куҷо оғоз кунам, аммо сафар ба Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳатҳо чашми маро боз кард. Тоҷикистон дар минтақае, ки аз муддатҳо пеш фасод ва заволи маънавӣ аз дарун онро мепӯсонад, ба ростӣ ҳамчун воҳае аз субот, амният, рифоҳ, оромиш ва ризояти иҷтимоӣ ба назар мерасад.

Пойтахти он, Душанбе шаҳри бузургест, ки дар симои он зебоӣ, диққат ва санҷидагии мактаби шаҳрсозии Шӯравӣ бозтоб ёфтааст. Бо вуҷуди иқлими хушк ва камоб, шаҳр ба гунаи бенуқс покиза аст; дар ин ҷо ҳатто ба душворӣ метавон асаре аз гарду хок дид, чӣ расад ба зубола ва касофоте, ки, мутаассифона, ба яке аз вижагиҳои маъмули шаҳрҳои кишварҳои ҳамсоя дар ҷануби Тоҷикистон табдил шудааст.

Дар 35 соли гузашта, симои Душанбе то ҳадди зиёде бо меъмории бошукӯҳи омма ва аносири барҷастаи сабки суннатии осиёӣ шакл гирифтааст. Бар хилофи ин тасаввур, ки шояд чунин шукӯҳу азамати меъморӣ барои бархе беш аз ҳад ҷилва кунад ё нишонае аз худбузургбинӣ пиндошта шавад, дарвоқеъ ин меъморӣ дар миёни мардум эҳсоси ғурур нисбат ба фарҳанги худ ва дороиҳои оммаи кишварашонро бармеангезад.

Шаҳрвандони Тоҷикистон беҳтарин вижагиҳои фарҳанги худро дар вуҷуди хеш мутаҷаллӣ месозанд. Онон мардуме фавқулода боадаб, сареҳ ва самимиянд, ки ба фарҳанги худ, гузаштаи бошукӯҳи он ва решаҳои қавмии хеш амиқан ифтихор мекунанд. Бо ин ҳама, ин ғурур ҳаргиз ҷанбаи таҳрикомез ё таҳоҷумӣ ба худ намегирад; баръакс, табиӣ ва ҳамоҳанг аст.

Тоҷикистон аз ин ҷиҳат низ кишваре комилан одӣ аст, ки занон дар он ба ҳамон андозаи мардон дар зиндагии иҷтимоӣ, дар хиёбонҳо, дар идорот ва дар тамоми арсаҳои корӣ ва иҷтимоӣ ҳузур доранд. Мардон, ба таври маъмул, либосҳои расмӣ ва куту шалвор (шиму кастум) мепӯшанд, ҳарчанд пӯшиши рӯзмарраи шик низ роиҷ аст. Мардон амалан либосҳои суннатиеро, ки мумкин аст зоҳире куҳна ва ибтидоӣ ба онон бидиҳад, намепӯшанд. Занон аммо ҳам либосҳои миллӣ мепӯшанд ва ҳам анвои гуногуни пӯшишҳои модерни аврупоиро.

Дар ресторанҳо бидуни ҳеҷ ҷанҷолу ҳаёҳуе гӯшти хук ва машруботи алкулӣ ироа мешавад — албатта, барои касоне, ки моил ба масрафи онҳо бошанд. Ва аз он ҷо, ки Душанбе худ шаҳри покиза аст ва хиёбонҳояш аз зубола анбошта нест, нохудогоҳ ин зарбулмасали форсӣ ба ёд меояд: “Сафоӣ (покизагӣ) нисфи имон аст”. Бинобар ин метавон гуфт, ки ниме аз “имон”-и онон пешопеш ба амалитарин ва воқеитарин шакл таъмин шудааст.

Пас дар бораи мардуме дар ҷавомеи касифе монанди Покистон чӣ метавон гуфт, ки бидуни вузӯ “намоз мехонанд”, бидуни ҳеҷ азоби виҷдоне муртакиби анвои аъмоли ҳаром мешаванд ва сипас панҷ бор дар рӯз рукуъ ва саҷда мекунанд, танҳо барои он ки диндорӣ ва тақвои худро ба дигарон нишон диҳанд?

Бо ин ҳама, дар Тоҷикистон ҳеҷ нишонае аз беъифатӣ, ҳарзагӣ ё авбошгарӣ ба чашм намехӯрад. Фарҳанги нерӯманди ҷомеа, дар канори ҳукумати муқтадир, монеъи чунин падидаҳое мешавад.

Дарвоқеъ, дар мавриди тоҷикон дуруст акси ин амр сидқ мекунад: онон аз навъе меҳрубонии ошкор, самимият ва сароҳат бархурдоранд, ки мардуми ҷавомеи дигар гоҳе мумкин аст онро чизе наздик ба соддалавҳӣ талаққӣ кунанд. Ин рафтор то чӣ андоза бо шарлатанизме тафовут дорад, ки бахши бузурге аз равобити инсонии рӯзгори моро фаро гирифтааст; рӯзгоре, ки одамҳои фурӯмоя ҳозиранд барои ба даст овардани чанд пули сиёҳ, ба ҳар коре даст бизананд!

Ҷашнҳои кунунӣ ба муносибати сиву панҷумин солгарди истиқлоли давлатӣ, беҳтарин ҷилваҳои фарҳанги волои Тоҷикистон ва назму созмонёфтагии мардуми онро, ки то ҳадди зиёде реша дар мероси Шӯравӣ дорад, ба намоиш гузошт.

Ман бисёр хушҳол шудам, ки дидам бисёре аз намодҳо ва вижагиҳои даврони Шӯравӣ дар ин ҷо ҳамчунон ҳифз шудаанд — ба вижа дар униформ, оростагӣ ва инзиботи нерӯҳои мусаллаҳ ва ҳамчунон дар созмонҳо ва сохторҳои мутааддиде, ки замоне аз вижагиҳои зиндагии ҷомеаи Шӯравӣ ба шумор мерафтанд.

Дидани ин ки чӣ гуна амният, созмонёфтагӣ, назми иҷтимоӣ ва пӯёии давлатии як ҷомеаи модерн ба сабки аврупоӣ дар ин ҷо бо суннатҳо ва мероси фарҳангии форсӣ дарҳам омехтааст, ба ростӣ мояи хурсандӣ буд. Ва ҳамаи инҳо дар минтақае аст, ки Амрико тайи сӣ сол, бо ҳирси маҳорнашуданӣ ва бешармонаи худ барои дастёбӣ ба хутути лӯла ва манобеъ, бо фасод ва “ҷиҳодҳо”-и касифе, ки барои таҳаққуқи ин аҳдоф, масмум сохтани ҷомеа ва тазъифи бунёдҳои он ба кор гирифта шуданд, онро бесубот сохтааст.

Паёмадҳои ҳамаи инҳо имрӯз дар баробари чашмони мо қарор дорад: Афғонистон ба вайронае сӯхта ва зуғолшуда табдил шуда ва Покистон ба пайкаре дар ҳоли марг ва пӯсидагӣ; ба коғази ташнобии истифодашуда ва оғушта ба мадфуъи амрикоӣ, ки дар ҳоли фурӯпошӣ аст ва бӯи тааффун аз он бармехезад. Ва акнун мебинем, ки чӣ гуна дар Ховари Миёна ва перомуни Эрон, мавҷи як мунозираи ҳавлноки ҷаҳонӣ дар ҳоли бархостан аст, дар ҳоле ки Амрикои ба гӯша рондашуда мекӯшад охирин набарди худро бо шиллик аз ҳамаи силоҳҳояш ба пеш бибарад.

Бояд ба гунаи вижа таъкид кунам, ки дар ин вазъияти нигаронкунанда ва буҳронӣ, хушҳолам ва ифтихор мекунам, ки решаҳоям бо мероси қавмии тоҷик пайванд дорад ва бо ҳаёти сиёсии он муртабит ҳастам. Барои пешбурд ва тақвияти ҳарчи бештари он, ҳар он чӣ дар тавон дорам анҷом хоҳам дод.

Эҳсос мекардам пас аз хоби 35-сола дубора зиндагиро аз сар гирифтаам — аз ҳамон замоне, ки бузургтарин шайтон ба номи Амрико сояи торики худро бар ҷаҳон густард.

Тоҷикистон ногаҳон дар ҳоли пазируфтани ҳамон нақше аст, ки таърих барои он муқаддар карда буд. Ва дар партави рӯйдодҳои пеши рӯ, ин таҳаввуле фавқулода муҳим аст.


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!