Хабари рӯз

Аз Хуросон то Синд ва фаротар аз он

Нависанда: Ориф Ҳасанхон Охундзода, пажӯҳишгар ва таҳлилгари масоили минтақаӣ, узви Шӯрои машваратии “Сангар”

Хонумҳо ва оқоён!

Барои ман ифтихори бузург ва мояи хушҳолии фаровон аст, ки ба муносибати сиву панҷумин солгарди истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ин маҷмаъи олӣ суханронӣ мекунам!

Аз Академии миллии улуми Тоҷикистон сипосгузорам, ки бо даъват аз ман барои иштирок дар ин барнома ва баёни дидгоҳҳоям перомуни мавзӯъи имрӯз, ин ифтихорро насибам сохтааст!

Ман эҳсос мекунам, ки дар Тоҷикистон бегона нестам. Ба унвони фарде бо табори тоҷик ва ҳувияти қавмии тоҷикӣ, дар кишваре, ки номи он бо номи қавмии ман ҳамхонӣ дорад, худро дар хонаи хеш эҳсос мекунам. Ман дар кишвари худам, Покистон, низ бо ифтихор тааллуқи худро ба тоҷикон эълом мекунам; кишваре, ки ҷамъияти қобили таваҷҷуҳе аз мардумони бумӣ дар он зиндагӣ мекунанд, ки худро тоҷик медонанд.

Воқеият ин аст, ки ҳамаи тоҷикон ворисони фарҳанги бошукӯҳи Эроншаҳранд — мероси пурифтихори Императории бостонии Форс, ки ҳарчанд дигар ба унвони як сохтори сиёсӣ вуҷуд надорад, аммо мерос ва асари ҷовидона ва маҳвношудании қавмӣ, фарҳангӣ, нажодӣ ва забонии худро дар саросари минтақаи паҳноваре бар ҷой гузоштааст, ки имрӯз Покистон, Афғонистон, Эрон, Тоҷикистон, соири бахшҳои Осиёи Марказӣ, Кошғар, Қафқоз, Анотулия (Туркия) ва бисёре аз сарзаминҳо ва ҳавзаҳои фарҳангӣ ва таърихии дигарро дарбар мегирад.

Нуфузи шохаи эронии тамаддуни ҳиндуаврупоӣ ва пайвастори қавмӣ — фарҳангии он, замоне ба гунае ё ба гунаи дигар саросари Авруосиёро, аз Скотланд ва савоҳили Фаронса то марзҳои ғарбии Чин, дарбар мегирифт. Ин тамаддун, шохаи шарқии ҷунбиши густардаи тамаддунии ҳиндуаврупоӣ дар Авруосиёро ташкил медод ва ба номи тамаддуни ҳиндуэронӣ ё ориёӣ шинохта мешуд. Аз дили он ду тамаддуни бузурги ҷаҳони бостон падид омад: нахустин Императории ҷаҳонӣ бо марказияти Форс ва тамаддуни ведоии ҳиндуориёӣ, ҳамроҳ бо шохаҳо ва имтидодҳои баъдии он.

Форс ба унвони як тамаддун, ҳастаи аслии ҳувияти такомулёфтаи эрониро ташкил медод. Бунёди он бар унсури ориёии ҳиндуаврупоии шарқӣ устувор буд. Дар айни ҳол, мероси бошандагони куҳантар — ийломӣ ва ошурии Фалоти Эронро низ пазируфт, онро дар пайкари худ ҷазб кард ва дар масири тозае аз шукӯҳ ва тавсеа ба пеш бурд — ҳамон гуна, ки ҳар тамаддуни воқеӣ бояд чунин кунад.

Фарҳангҳои кӯчнишини сакоии эронии шарқии Турон, ки маркази онҳо биёбони бузурги Авруосиё дар он сӯи Ому буд, ҳамчунон фарҳангҳои бузурги тиҷоратии суғдӣ ва бохтарии Хуросон ва Роҳи Абрешими Авруосиёро падид оварданд; меросе, ки имрӯз, аз ҷумла, дар давлатҳои модерни Афғонистон ва Тоҷикистон таҷаллӣ ёфтааст. Кӯчнишинони хешованди эронии шарқӣ — сакоҳои сакоӣ ва кушониён — тахориён — аз масири Бохтар ба сӯи Ҳинд ва кӯҳҳои Сулаймон муҳоҷират карданд ва дар онҷо бунёди қабоили паштун — афғонро дар Систон ва ҳошияҳои Гандаҳоро гузоштанд. Бахше аз онон дар кӯҳҳои Помир боқӣ монданд, ки наводагонашон имрӯз дар ҷавомеъи тоҷики Бадахшон намояндагӣ мешаванд.

Ҳамаи онон аъзои сарбаланди ҷаҳони паҳновари эронианд. Бештари онон худро тоҷик медонанд. Ҳамаи онон бо ифтихор ин ҳувияти амиқ, органик ва қавмиро ҳифз кардаанд ва дар айни ҳол, ба ҳувиятҳои сиёсии модерни худ вафодор мондаанд. Аз ин рӯ, тоҷикон ворисони мероси таърихии ориёиҳои нерӯманди ҳиндуаврупоии Авруосиёанд; меросе, ки бо мероси миллатҳои бостонии пеш аз онон даромехтааст.

Тоҷикистон ба унвони як кишвари модерн метавонад ба ин воқеият ифтихор кунад, ки пеш аз ҳама, худро парчамдори мероси қавмӣ ва фарҳангии ориёӣ ва эронӣ дар минтақа медонад!

***

Дар мавриди хонадони худам дар Покистон — свотиҳо ё саводӣ — деҳқонҳо — бо ифтихор метавонам бигӯям, ки ин хонадон дар тамоми мароҳили таърихи Эрон ҳузур дошта ва решаҳои он ҳатто ба даврони пеш аз ориёиҳо мерасад. Мутаассифона, ин воқеиятҳо барои афкори умумӣ тақрибан ношинохтаанд.

То ҳанӯз пажӯҳише ризоятбахш ва муназзам дар бораи ҷомеъаи паштун — афғон, ки мо дар он зиндагӣ мекунем, анҷом нашудааст ва далоили он бисёранд. Свотиҳо дар шумори маъдуд хонадонҳои кӯчаки эронии кумакӣ ё пайваста ба ҷомеъаи паштун — афғон қарор доранд, ки шаҷараи паштунии онон “машкук” дониста мешавад ва пешинаи забонӣ ва таборҳои генетикиашон куҳантар аст ва дар шаҷараномаҳои суннатии сакоии қабоили паштун — афғон намегунҷад. Аз ҳамин рӯ, маншаъи онон тоҷикӣ ва ғайрипаштун тавсиф мешавад.

Номи “свотӣ” дарвоқеъ таҳрифи нисбатан мутааххири истилоҳе баргирифта аз вожаи “Савод” аст, ки решаҳои Байнаннаҳрайнии он ба даврони пеш аз Форс бозмегардад. Решаҳои мо дар бистари куҳани ийломӣ — ошурии минтақа қарор дорад, бо Систон пайванд дорад ва дар фарҳанги бостонии Ҳилманд бозтоб ёфтааст; фарҳанге, ки пеш аз маҷмӯаи бостоншинохтии Бохтар — Марв (BMAC) вуҷуд дошт.

Бо таъсиси давлати Ҳахоманишии Форс, мо аз нахустин касоне будем, ки ба он пайвастем ва вафодории худро ба ҳувияти ҷадид эълом кардем. Дар ривоёти мо, “Искандари Зулқарнайн” ё Куруши Бузург ҳанӯз ҳам ба унвони ниёи намодини мо шинохта мешавад. То 500 сол пеш, ашрофи свотӣ ба гӯиши куҳани зартуштии форсии миёна, маъруф ба “габрӣ”, сухан мегуфтанд, ки ҳанӯз ҳам дар Язд ва Кирмон боқӣ мондааст.

Дар номгузориҳои хонаводагии мо низ истилоҳоте чун “габрӣ” ва “митровӣ” ҳифз шудаанд, ки ҳанӯз ҳам пайвандҳои бостонӣ ва акнун фаромӯшшудаи моро бо зартуштигарӣ ва ойини Митро бозтоб медиҳанд; бо вуҷуди ин ки мо аз замони Султон Маҳмуди Ғазнавӣ мусалмон ҳастем. Мо ҳамчунон истилоҳи куҳани форсии “деҳқон”-ро барои мушаххас сохтани табақаи иҷтимоии худ ба кор мебарем.

Ҳарчанд шароит моро водор сохтааст, ки дар ҳудуди чаҳор садаи гузашта ба забони пашту сухан бигӯем, аммо мо ҳамчунон ҳувияти равшан ва огоҳонаи худро дар мавриди маншаъи ҷудогонаамон, ки моро аз соири қабоили паштун — афғон мутамоиз месозад, ҳифз кардаем.

Бар бунёди ривоёти свотиҳо, мо табори худро ба фармонравоёни Систон — Зобулистон, яъне Рутбилҳо ё Зунбилҳо, мерасонем. Рутбилҳо шоҳзодагони куҳани маҳаллӣ буданд, ки билофосила пас аз суқути Сосониён ба қудрат расиданд ва дар ҷараёни 250 сол фармонравоии худ, монеъи густариши Ислом дар Систон шуданд. Дар ин давра, онон муттаҳидони фармонравоёни ҳиндуи Кобулшоҳӣ буданд.

Ҳангоме, ки дар ҳудуди соли 872 мелодӣ охирин Рутбил ба дасти нахустин фармонравои мусалмони эронӣ, Яъқуб бин Лайси Саффорӣ, сарнагун ва кушта шуд, хонадон, вобастагон ва ҳаводорони ӯ ба сӯи шимол, ба Балх, гурехтанд ва чанд даҳа дар онҷо монданд. Саранҷом, онон ба сӯи шарқ пеш рафтанд ва дар Дараи Печ, дар қаламрави вилояти кунунии Кунари Афғонистон, сокин шуданд.

Онон дар онҷо Ислом оварданд ва дар ҳудуди соли 1190 мелодӣ, раҳбаронашон, ду бародар ба номҳои Султон Баҳром ва Султон Фаҳкал ё Паҳал, ба сипоҳиёни Ғурӣ пайвастанд ва барои худ қаламраверо фатҳ карданд, ки ба номи "Савод — Габр" шинохта мешуд ва баъдҳо ба як шоҳнишини вилоятии тобеъи Салтанати Деҳлӣ табдил шуд.

Хонадонҳои свотӣ — деҳқони мо аз замони Форси Сосонӣ, ба унвони фармонравоёни маҳаллии манотиқи паштун — афғони Хуросон, нақши барҷастае ифо кардаанд. Дар давраи Ғуриён, мо дар фатҳи Ҳинд ва таъсиси Салтанати Деҳлӣ саҳм доштем ва хонадони ҳокими аҷдодии ман, Ҷаҳонгирӣ — Свотӣ, низ ба унвони тобеъони ин салтанат боқӣ монд ва унвони “Салотини Свот”-ро дошт.

Баъдҳо, шуморе аз свотиҳои шӯришӣ дар таъсиси Салтанати Баҳманӣ дар ҷануби Ҳинд саҳм гирифтанд. Дар даврони авҷи худ, Салтанати Свот аз Тагоб ва Парвон дар наздикии Кобул то Боромуло дар Кашмир имтидод дошт. Дар шимол, қаламрави он то рӯди Панҷ ва Вахон мерасид ва дар ҷануб ба Пешовар поён меёфт. Ин салтанат, бо қаламраве, ки батадриҷ кӯчактар мешуд, аз соли 1190 то 1520 мелодӣ давом овард.

Силсилаи шоҳии Салотини Шоҳмири Кашмир дар соли 1339 мелодӣ тавассути Шоҳмир, як моҷароҷӯи свотӣ, бунёд гузошта шуд; касе, ки Ислом ва фарҳанги хуросониро ба он сарзамини зебо овард.

Ориф ва сӯфии барҷастаи форсизабони Кашмир, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, дӯсти наздики Салотини Свот буд. Баъдҳо, равобити ӯ бо Султон Алоуддин Ҷаҳонгирӣ ба далели майгусорӣ ва шаробхории Султон тира шуд. Ҳамадонӣ дар соли 1386 мелодӣ дар қаламрави свотиҳо даргузашт, аммо ба ҳамроҳони худ васият карда буд, ки пайкарашро аз ҷое, ки онро “макони нопок” мехонд, берун бурда ва ба Хатлон бозгардонанд.

Пештар, дар замони Султон Ҷаҳонгири Габрӣ — Саводӣ, Чингизхон дар соли 1222 мелодӣ ба ин минтақа юриш овард ва дар Ҷабалуссироҷи Парвон, дар баробари сипоҳи муштараки свотиҳо, Хоразмшоҳиён ва нерӯҳои Ғурии Халҷӣ, яке аз сангинтарин шикастҳои худро мутаҳаммил шуд. Пас аз он, силсилаи ҳокими свотӣ ба ифтихори ниёи номдори худ, номи “Ҷаҳонгирӣ”-ро баргузид.

Саранҷом, иқдомоти вайронгари шоҳзодагони Темурӣ сабаби заволи ниҳоии давлати мо шуд. Улуғбеги Дувум, фармонравои Кобул, дар ҳудуди соли 1481 мелодӣ дастури қатли сарони қабилаи афғони Юсуфзайро содир кард. Бозмондагони ин қабила ба Свот гурехтанд ва ниёкони ман ба онон паноҳ ва замин барои сукунат доданд. Баъдҳо, ҳамин ҳамқабилаиҳои паймоншикан тавассути шоҳзодаи ҳинду — темурӣ, Заҳируддин Бобур, барои сарнагунии охирин Султони Свот, Увайси Дувум, мавриди истифода қарор гирифтанд ва сипас дар соли 1526 мелодӣ барои фатҳ ва сарнагунии Салтанати Деҳлӣ ва барқарории ҳокимияти Муғулони Бузург дар Ҳинд ба кор гирифта шуданд.

Пас аз он, бештари свотиҳо аз рӯди Синд убур карданд ва бори дигар минтақаи муҷовири Ҳазора дар шимоли Панҷоб ва Кашмирро тасарруф карданд; ҷое, ки то имрӯз дар он зиндагӣ мекунанд ва шуморашон ба ҳудуди ду миллион тан мерасад. Дақиқан дар ҳамонҷо буд, ки дар ҳудуди 400 сол пеш, мо батадриҷ забонҳои асили форсии миёна ва форсии нави худро аз даст додем.

Саранҷом, пеш аз он ки суханони худро ба поён бирасонам, мехоҳам хотирнишон созам, ки рӯйкарди вижаи ман дар пажӯҳиши таърихи маҳаллӣ, таҳқиқот дар заминаи женетики ҷамъиятро низ дар бар мегирад.

Дар ин робита, мехоҳам аз ҳамкори ҷавони худ дар Тоҷикистон, бостоншинос Шерзод Асрорӣ, ном бибарам, ки дар Музими миллии Тоҷикистон кор мекунад. Ӯ дар ҳоли навиштани рисолаи дуктурои худ аст ва маҷмӯае аз намунаҳои DNA-и бостониро, ки аз қаламрави Осиёи Марказии Шӯравии собиқ гирдоварӣ шудаанд, мавриди пажӯҳиш қарор медиҳад, то равандҳои қавмзоиро мушаххас созад ва тасвире аз чигунагии шаклгирии мардуми тоҷик тарсим кунад.

Ин дақиқан ҳамон арсаи пажӯҳишӣ аст, ки ман низ дар он кор мекунам.

Намунаи равшан дар ин маврид, ҳоплогрупи хромозоми Y-и падарии ман, Q2b1, ва иртиботи вижаи он бо тоҷикон аст. Ин хатти падарӣ мушаххасаи хонадонҳои свотӣ, аз ҷумла хонадони шоҳии худи ман, Ҷаҳонгирӣ, дар Покистон аст. Ин ҳамчунон хатти падарии фармондеҳи фақид Аҳмадшоҳ Масъуд аз Панҷшери Афғонистон аст. Афзун бар он, ҳамин хатти падарӣ дар хонаводаи маъруфи Рустамӣ дар Хуҷанди Тоҷикистон низ дида мешавад, ки Зебуннисо Рустамӣ, камондори машҳур ва иштироккунандаи бозиҳои Олимпики Монтреал, ба он тааллуқ дорад.

Ниёзе ба гуфтан нест, ки давлате бо номи Тоҷикистон, марказеро намояндагӣ мекунад, ки тоҷикон метавонанд аз он барои ҳифз ва тақвияти ҳувияти худ нерӯ ва пуштвона бигиранд ва дар ин даврони адами итминон, бесуботӣ ва тағйироти радикал, бо эътимод ба пеш ҳаракат кунанд.

Хонумҳо ва оқоён!

Акнун, ки дидгоҳҳои худро дар бораи мероси бошукӯҳи ориёӣ, ки Тоҷикистон имрӯз барои ҳамаи мо намояндагӣ мекунад, баён кардам ва шуморо бо таърихи хонадони тоҷики свотии худ дар Покистон ошно сохтам, эҳсос мекунам, ки ҳадафи худро дар ин конфронс бароварда кардаам ва бинобарин бояд аз ҳузури шумо мураххас шавам. Дигар ҳамкоронам дар инҷо ба ҷанбаҳои дигари ин мавзӯъ хоҳанд пардохт.

Аммо пеш аз поёни суханонам, иҷоза диҳед бо ин сухан ба поён бирасонам, ки мероси бузурги тамаддуни эронӣ ҳамчунон зинда аст, ҳамон гуна, ки дар тӯли ҳазорон соли гузашта зинда будааст, ва имрӯз низ ба ҳамон андоза, ки ҳамеша барои ояндаи мо аҳамият дошта, муҳим ва муртабит аст — ба вижа дар ин рӯзгори ошуфта ва фавқулъода буҳронии минтақаи мо ва ҷаҳон ба таври куллӣ.

Ва ин мерос ҳамчунон мо, фарзандони худро, дар ин масир роҳнамоӣ хоҳад кард. Калиди оянда ва идомаи бақои мо дар он нуҳуфта аст!


Таърих

Иқтисод

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!