Хабари рӯз

Инсон метавонад дидани як зоғро тавре ривоят кунад, ки чиҳил зоғ дидааст. Яъне ҳар касе аз рӯйдоде барои манзуре қисса ва ривоят месозад.

Нависанда: Яъқуб Ясно, устоди донишгоҳ, узви Шӯрои машваратии Сангар

Дар ин рӯзҳо се мавзӯъ сари забонҳо аст: мавзӯъи ривояти Афғонистон чӣ гуна суқут кард, байъати ҷинҳо ба Толибону оташ задани хонаҳои мардум ва истиқлоли Афғонистон. Дар бораи оташ задани хонаҳои мардум навиштам, ки ҷинҳо ҳамон гургҳои кашмирӣ ҳастанд, мехоҳанд низомномаи ноқилин ба шимолро татбиқ кунанд. Аз истиқлол бигузарем. Зеро мо миллат нестем ва миллат нашудаем. Манотиқи ҳазоранишин, тоҷикнишин, ӯзбекнишин ва... солҳо аст зери султа ва таҷовузи қавми паштун аст.

Таҷовуз ва султа, эҳсоси миллӣ ва ваҳдати миллиро дар пай надорад. Миллатҳои муосир дар ҳамзистии тафовутҳои фарҳангиву иҷтимоӣ ва мушорикати сиёсӣ сохта шудаанд. Мисол медиҳам: аксарияти мардуми вилояти Бомиён ва Дойкундӣ ҳазора аст, аммо дар ин ду вилоят аз волӣ то қумандони амния ва... паштун ҳастанд. Ҳазора ҳаққе надорад, дар маҳалли худ мавқифе дошта бошад. Оё чунин бархурде таҷовуз ва султаи як қавм бар қавми дигар нест? Ин таҷовуз ва султаи қавмӣ танҳо бар сарнавишти ҳазора ҳоким нест, бар сарнавишти тоҷик ва ӯзбек низ ҳоким аст ва ҳоким мешавад.

Қасдам аз ин ёддошт пардохтан ба ин ривоят аст, ки Афғонистон чӣ гуна суқут кард. Инсон метавонад дидани як зоғро тавре ривоят кунад, ки чиҳил зоғ дидааст. Яъне ҳар касе аз рӯйдоде барои манзуре қисса ва ривоят месозад. Кормандони фосиди ҳукуматӣ, монанди Муҳиб, Фазлӣ, Ализай ва... пас аз як соли суқут мехоҳанд ривоятсозӣ кунанд ва қисса бисозанд. Музҳик аст, Ализай мегӯяд, ӯ фирор накарда, ҳиҷрат кардааст.

Ҳақиқати суқути ҳукумати Афғонистон авомили дохилӣ дошт. Ин авомил фасод дар сутуҳи мутафовит буд: 1- фасоди идорӣ ва сохторӣ; 2 - фасоди молӣ; 3 - фасоди қавмӣ ва 4 - фасоди ҷинсӣ. 

Фасоди идорӣ ва сохторӣ ба ин маъно, ки шаффофият дар истихдоми кормандон ва тафкики қувваҳо дар давлат вуҷуд надошт. Муҳимтар аз ҳама, ниҳодҳои давлатӣ, аз ҷумла ниҳодҳои интихоботӣ истиқлол надоштанд. Карзай ва Ғанӣ ҳар ду комиссияҳои интихоботиро дур заданд ва қудратро аз адреси қавмӣ тасарруф карданд. Ғанӣ дар интихоботи пасин ба ҳеҷ асли интихоботӣ, ҳатто ба сурати расмӣ ва шаклӣ эҳтиром нагузорад ва бо яку ним миллион раъй, он ҳам тақаллубӣ, риёсатҷумҳуриро тасарруф кард. 

Карзай кӯмакҳои кишварҳои хориҷиро ба сурати саҳмиябандии қавмӣ тақсим мекард. Саҳми бештар аз шаст дарсадро ӯ ба номи қавми паштун мегирифт. Саҳмҳои чанддарсадӣ ба номи тоҷик, ҳазора, ӯзбек ва...ро ба Фаҳим, Халилӣ, Дӯстум ва... медод. Аммо Ғанӣ саҳмҳои чанддарсадиро, ки Карзай ба сарони қавми тоҷик, ҳазора ва ӯзбек медод, қатъ кард ва ҳамаро байни ҳалқаи худ, яъне барои худ, хонумаш, Муҳиб, Фазлӣ ва... тақсим кард. Карзай фосиди арбобманиш буд. Талош мекард устухоне ба ҳама бидиҳад. Ғанӣ дар фасод ва дуздӣ хасис буд, ҳамаро ба худ мехост. Бинобар ин, аз кӯмакҳои хориҷӣ барои сохтусози ҳамагонӣ ва кишварӣ ҳеҷ истифодае нашуд.

Фасоди қавмӣ аз мушкилҳои асосие буд, ки муҷиб шуд Афғонистон ба Толибон вогузар шавад. Ғанӣ фасоди қавмиро дар тақсими фоидаҳо, дар истихдом ва ҳатто дар таҳсил ба авҷ расонд. Қувваи қазоия, раёсати прокуратураву судро аз ақвоми дигар холӣ кард. Генералҳои ақвоми тоҷик, ҳазора ва ӯзбекро аз вазорати дифоъ ихроҷ кард. Саҳмиябандии қавмиро дар вуруд ба донишгоҳҳои мулкӣ ва низомӣ барои ҷилавгирӣ аз вуруди ҳазора, тоҷик ва ӯзбек амалӣ кард. Аргро комилан қавмӣ сохт. Зиндониёни толибро раҳо кард ва саранҷом Афғонистонро бо гароиш ва салиқаи қавмӣ ба Толибон сипурд.

Ҳама дар ҷараёни фасоди ҷинсӣ қарор доштанд. Неруҳои амниятӣ рафтанд. Довуд Султонзай шаҳрдори ҳукумати Ғаниро дар як шаҳраки раҳоишӣ аз фасоди ҷинсӣ наҷот доданд. Аз баландпарвозиҳои фасоди ҷинсии Фазлӣ ҳама хабар доред, ки бахше аз курсиҳои парлумонро ба фасоди ҷинсии худ ихтисос дода буд. Мустанади ҷинсии саргунди мушовири Ғаниро ҳатман аз забони Наргис Ниҳон шунидед. Саргунд ҳафтоду панҷсола аст. Духтареро гуфта буд агар бо ман робитаи ҷинсӣ барқарор накунӣ, мунфак мешавӣ, агар робитаи ҷинсӣ барқарор кунӣ, раис мешавӣ ва мутар ва нигаҳбон ба ту дода мешавад. Наргис бо ҷамъе аз занон пеши Ғанӣ меравад ва ба Ғанӣ шикоят мекунад, аммо Ғанӣ намешунавад. Ғанӣ чанд ҳазор мушовир дошт, ки шуморе аз ин мушовирон тавассути Фазлӣ ва Муҳиб истихдом шуда буд ва кори ин мушовирон мурдаговӣ ба Фазлӣ, Муҳиб ва... буд. 

Ҳукумати ин ҳалқаи фосид дар ҳар сурате суқут мекард ва ин суқут бинобар фасоди густурдае, ки вуҷуд дошт, қобили пешбинӣ буд.


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!