Хабари рӯз

Зистан дар чорчӯби Афғонистон, ки як номи ҷаълии истеъморӣ ва истибдодӣ аст, саросар зиллат аст, чаро?

Нависанда: доктор Муҳаммад Бохтариён

Аз силсилаи “Хирадварзиҳои порсизабонона” (5), таърих: 24 асади соли 1401  

Баргардонанда: Фирдавси Низом

Як сол қабл Кобул, пойтахти ҷуғрофиёи ҷаълие бо номи Афғонистон тавассути Амрико, Покистон ва ёрони дохилии онҳо ба сарбозони ниёбатиашон, яъне Толибон таслим дода шуд.

Аз ҳамон рӯз иддаои "ҳаққи таъйини сарнавишти ақвоми порсизабон дар сарзамин Бохтариён" шакл гирифт.

Ҷони гапи ин гуфтумон баёнгар ин аст, ки ҳамзистӣ бо паштун/паштунизм/афғон/афғонизм таҳти номи Афғонистон паёмовари зиллат, бадавият, ақибмондагӣ ва бардагӣ барои ақвоми порсизабон ва ақвоми муттаҳиди онҳост. Барои раҳоӣ бояд давлати мустақили порсизабон бо ақвоми муттаҳиди онон ба асоси гуфтумони ҳаққи таъйини сарнавишт, ки як идаои фардӣ, миллӣ ва байналмилалӣ аст, шакл бигирад.

Мумкин касе бигӯяд, ин гуфтумон номумкин аст, аммо таърихи муосири ҷаҳон нишон додааст, ки мумкин аст. Шаклгирии кишварҳои ҷадид дар ҳавзаи Балкан, кишвари ҷадиди Судони Ҷанубӣ, ташкили ҳукумати худмухтор дар Курдистони Ироқ, ин идаоро дар зеҳн борвар месозад, ки ташкили кишвари мустақили порсизабон бисёр ҳам мумкин аст.

Бояд бидонем, агар ташкили кишвари мустақили порсизабон номумкин аст, низоми номутмаркиз ва федералӣ низ имкони шаклгирӣ надорад.

Зистан дар чорчуби Афғонистон, ки як номи ҷаълии истеъморӣ ва истибдодӣ аст, саросар зиллат аст, чаро?

- Ин ном устураҳои паштунии cомӣ-яҳудиро дар зеҳни шумо эҷод мекунад ва бо он бояд зиндагӣ кунед.

- Ин ном устураҳои cамӣ-арабиро дар ҳофизаи пешоторихии шумо тазриқ мекунад, тамоми умр ва насл ба насл бо он бояд зиндагӣ кунед.

- Ин ном қаҳрамонҳои ҷаълие, монанди Амир Карур ва Пайғла Малолайро дар ҳофизаи таърихи муосири шумо ҷойгузин месозад, бояд бо он зиндагӣ кунед.

- Ин ном ғаддортарин инсонҳо, монанди Аҳмадхон, Абдурраҳмонхон, Нодирхон ва Довудхони девонаро ба унвони бобоҳо бар шумо таҳмил мекунад.

- Ин ном усули фарҳанги бадавии паштунволиро бар шумо таҳмил мекунад, дар ҳама арсаҳои фардӣ, хонаводагӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ бо он хоҳед буд.

- Ин ном ормони сиёсии ташкили Паштунистон бузурги "лару бари Паштунстон"-ро бар шумо таҳмил мекунад ва бояд бо он зиндагӣ кунед.

- Ин ном ҳамеша шаҳрванди дараҷаи ду ва дараҷа се буданро бар шумо таҳмил мекунад. Таҳти ин ном ҳамеша муҳоҷир ва бегона итлоқ мешавӣ.

 - Ин ном табъизи қавмӣ, забонӣ ва самтиро бар шумо таҳмил мекунад ва ҳеҷ гоҳ аз ин табъиз раҳоӣ пайдо намекунед.

- Зиндагӣ зери чатри номи ҷаълии Афғонистон, шуморо вориди ҳавзаи қироати ифротии паштунизми девбандӣ ва салафизми девбандӣ мекунад, ки натиҷаи он интиҳор, инфиҷор ва вайронгарӣ аст.

- Зиндагӣ зери номи ҷаълии Афғонистон - шуморо бар амиқтарин буҳрони ҳувият мебарад, ки ҳеҷ гоҳ худ, хонавода, қавм ва ҳамзабононатон аз он раҳоӣ пайдо карда наметавонанд.

Имрӯз, ки як сол аз оғози проекти амирабдулраҳмонхонӣ дар қарни бисту якум тавассути Толибон мегузарад, дар баробари он бояд гуфтумони "ҳаққи таъйини сарнавишти порсизабонон" эҷод шавад.

Дар муборизаи тӯлонӣ ва ҷонкоҳ ба андозаи як қарн, бояд дар қарни бисту якуми мелодӣ ва қарни понздаҳуми хуршедӣ давлати мустақили порсизабонон шакл бигирад.

Зисти сиёсӣ барои порсизабонон бо ин ҳама собиқаи устураӣ ва таърихӣ ва бо ин ҳама дастоварди илмӣ, адабӣ ва сиёсӣ дар чорчӯби Афғонистон ва афғонизм, шарм ва нанги бузург аст ва ҷаҳон барои онҳо механданд.

Чӣ гуна мешавад, ки бадавиён ба худ ҷуръати ташкили кишвари Паштунистони бузург ва иттиҳоди лару бари Паштунистонро медиҳанд, аммо порсизабонони мутамаддин ва бофарҳанг, бо худ ба кӯчакбинӣ ва саркӯби фикрӣ мувоҷеҳ шуда, ҷуръат ва густохии ироаи идеяи кишвари мустақили порсизабонро надоранд?


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!