Хабари рӯз

Нависанда: доктор Фарид Юнус, устоди бознишастаи башаршиносии исломӣ ва фалсафаи исломии Донишгоҳи Аёлати Калифорния, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, узви Шӯрои мушовараи "Сангар" 

Як идда аз афғонистониҳои режими ҷумҳурият баъд аз суқути Кобул вориди Амрико шудаанд ва аксаран аз кобина ва ё афсарони низомии давраи ҷумҳурияти содиротӣ мебошанд, ки дар Вашингтон ДС пойтахти Иёлоти Мутаҳидаи Амрико як дафтари сиёсӣ боз карданд. Ин мавзӯъ касонеро, ки дар Амрико иқомат надоранд, бисёр мутааҷҷиб ва умедвор сохтааст. Дар ҷаридаи  “Сангар”, марбут ба ҷонибдорони муқовимати зиддитолибонӣ, аз забони як муфассири русӣ, ки ба забони форсӣ баргардонида шудааст, чунин мехонем:

 "Ахиран дар Вашингтон Ҷабҳаи муттаҳиди Афғонистон, як ҷунбиши низомӣ-сиёсии ҷадиди муҳоҷирони афғон эъломи мавҷудият кард. Раҳбари он, сипаҳбуди собиқи артиши Афғонистон, Саид Самеъ Содот аз қасди худ, аз ҷумла бо абзорҳои мусаллаҳона барои сарнагунии Толибон (як созмони террористии мамнуа дар Федератсияи Русия) хабар дод. Бо таваҷҷуҳ ба равобити дерина ва наздики генерал Содот бо созмонҳои истихборотии Иёлоти Мутаҳида, шакке нест, ки проекти Ҷабҳаи муттаҳиди Афғонистон бо ҳимояти истихбороти Иёлоти Мутаҳида эҷод мешавад ва гоми муҳимме барои Вашингтон дар "Бозии бузург"-и ҷорӣ дар Афғонистон аст.

Генерал Содот дар маросими ифтитоҳияи дафтари сиёсии Ҷабҳаи муттаҳиди Афғонистон дар пойтахти Амрико гуфт, ки сарбозони собиқи артиши Афғонистон ва аъзои неруҳои амниятӣ (полис, истихборот) – и ҳукумати ҷумҳурии пешини Афғонистон дар ин маросим ширкат мекунанд".

Ҷои тааҷҷуб аст, ки ҳатто як муфассири сиёсӣ ин мавзӯъро ҷиддӣ пиндоштааст, дар ҳоле ки дар Иёлоти Мутаҳидаи Амрико ҳар кас метавонад дар чорчӯби қонуни ассамблея, ки аз маводи Қонуни асосии ин кишвар аст, дафтари сиёсӣ боз кунад. Фақат шумо дар ҳамон Иёлот, ки зиндагӣ мекунед, ҳар навъ дафтари сиёсиву ғайрисиёсӣ ва интифоиву ғайринтифоиро метавонед боз кунед. Ин дафтари сиёсӣ ҷузъитарин иртибот ба идораи раисҷумҳур Байден надорад ва як дилхушии беҷой аст.

Байрақи Афғонистонро, ки ҳам дар он иморат барафроштанд кадом аҳамият надорад, зеро дар Амрико мардум ҳақ доранд, ки байрақи Амрико ва ё ҳар байрақро, ки дӯст доранд, ҳатто дар манзили шахсиашон ба эҳтизоз дароваранд. Аммо дар ин шак нест, ки оқои Ашраф Ғанӣ алоқа дорад, ки дубора ба Афғонистон биравад ва агар меравад, на ба хотири иҷрооти ин дафтар аст, балки созишҳое, ки худаш бо ашхоси пурнуфузи Иёлоти Мутаҳида ҳам дар вазорати хориҷа, ҳам дар вазорати дифоъ ва ҳам дар Конгресс дорад.

Мавзӯи баргашти Ғаниро ман дар яке аз барномаҳои "Ҷумҳурии панҷум", ки ба ҳиммати Раззоқ Маъмун аз Мелбурни Австралия пахш мешавад, соли гузашта гуфта будам ва баргашти як шахсияти сиёсӣ дар Афғонистон ҷадид нест ва дар таърих иттифоқ афтодааст. То имрӯз, ки ин баргаи таърихро менависам, Иёлоти Мутаҳида на танҳо, ки алоқамандии низомӣ дар Афғонистон надорад, балки тавсия кардааст, ки аз силоҳ кор гирифта нашавад, матлабе, ки муғойири ақидаи сиёсии Ҷабҳаи Муқовимати Аҳмад Масъуд ва Ҷабҳаи Озодӣ аст. Зеро як идда муфасссирин ба шумули худам аз рӯзи аввали суқути Кобул гуфтем, ки як гурӯҳ, ки ба асоси як идеология ба қудрат бирасад, аз нигоҳи ҷомеашиносии сиёсӣ муфоҳима намекунад.

Пас, бо ин ки ҷанг як роҳҳали хуб нест ва аммо бидуни ҷанг ҳам намешавад, то аз зулм, таҳқир ва ҷаҳл наҷот ёфт. Дар басо маворид ҷанг роҳи ҳал метавонад бошад, вақте, ки мардум ба зулм дасту панҷа нарм мекунанд.


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!