Ҳадафи Ганди Ҳинд, озодии Ҳинд аз юғи истеъмор буд ва муваффақ шуд ва аммо чун андеша барои фардои Ҳинд набуд, Ҳиндустон таҷзия шуд.
Нависанда: Фарид Юнус
Аз ба қудрат расидани ғайримашрӯъи Толибон ҳашт моҳ сипарӣ шуд ва гурӯҳҳои мухолиф натавонистанд то кишварро аз зулму бедодгарӣ ва фақру бадбахтиву занситезӣ наҷот диҳанд. Ягона гурӯҳ, ки аз аввал даст ба муқовамат зад ва андешаашро мусолиҳа накард, Ҷабҳаи муқовамати Аҳмад Масъуд аст.
Хоҳ-махоҳ Ҷабҳа мушкилоти худашро дорад ва мухолифин кӯшиш мекунанд то ӯро ҳам ба хотири падари шаҳидаш ва ҳам ин ки ҷавон асту таҷриба надорад, зиёдтар дар ҳошия биронанд ва аммо дида мешавад, ки ӯ дар мавқифи худ устувор аст. Аҳмад Масъуд ягона гурӯҳи сиёсӣ аст, ки дар канори ислом ва модернита шаҳрвандиро пешниҳод кардааст. Дар низоми шаҳрвандӣ ҳама афроди ҷомеа дар муқобили қонун ҳуқуқи мусовӣ доранд. Мавзӯъ, ки ин нависандаи баргаҳои таърихи Афғонистон демокрасии исломиро барои Афғонистон навин дар ахири соли 2020 навиштам ва пешкаши мардуми шарифи Афғонистон кардам.
Дар ҳашт моҳ, ки гузашт, ба вазоҳат дида шуд, ки мухолифини Толибон бо ҳар салиқаи фикрӣ ва сиёсие, ки буданд, натавонистанд як иттиҳоди миллиро бар алайҳи Толибон ба вуҷуд биоваранд. Ин матлаб дар таърихи Афғонистон муҳим аст, зеро баёнгари як ҳақиқати муборизотӣ аст, ки гурӯҳҳои сиёсии мухолифи Толибон мутолиаи кофӣ дар бахши муборизоти ҷаҳонӣ надоранд, то аз гузаштагон биёмӯзанд ва амал кунанд.
Вақте мо таърихро варақ мезанем, мебинем, ки муборизоти ҷаҳонӣ ҳамеша дар аввал як ҳадаф доштааст. Гурӯҳҳои сиёсии Афғонистон чӣ дар хориҷ ва чӣ дар дохил ҳадафи муштарак надоранд ва ин боис шудааст то Толибон ҳатто бидуни ба расмият шинохтани ҷомеаи ҷаҳонӣ мехи худро маҳкамтар кунанд. Ҳадаф бояд озодии Афғонистон аз юғи як гурӯҳи мутаҳаҷҷир бошад. Дар Афғонистон ҳадаф мушаххас нашуд.
Дувум, андешаи сиёсӣ барои мубориза аст, ҳатто аҳзоби исломие, ки иддаои исломият мекунанд, надорад, зеро аз тарафи мардум маҳкум ба хиёнат ва қавмпарастӣ ҳастанд. Таърихи муборизот нишон медиҳад, ки андешаи сиёсӣ ҷамъи иттиҳоди сартосарӣ ва ҳадафи мушаххас боиси шикасти қувои мухолиф мешавад. Дар ин росто салиқаҳои фикрӣ ва сиёсиву худхоҳиҳои гурӯҳҳои сиёсие, ки як гурӯҳ худро донотар ва муҷаррабтар медонад, ҳама зиёъи вақт аст ва натиҷа намедиҳад.
Муборизоти сиёсии Афғонистон дар муқобили Иттиҳоди Ҷамоҳири Сотсиалистии Шӯравӣ як ҳадаф дошт ва он иборат буд аз озодии Афғонистон аз чанголи коммунизм ва куфру илҳод. Аммо ҷиҳод фоқиди як андешаи солими сиёсӣ барои фардои Афғонистон буд ва аз нигоҳи ҷомеашиносии сиёсӣ ҷиҳод аз масири он баромад ва ноком монд.
Ҳама муборизот, ки муваффақ шудаанд, дар канори ҳадаф барои мубориза андеша доштаанд ва ба асоси ҳамон ҳадаф ва андеша муттаҳид шуданд. Ҳадафи Ганди Ҳинд, озодии Ҳинд аз юғи истеъмор буд ва муваффақ шуд ва аммо чун андеша барои фардои Ҳинд набуд, Ҳиндустон таҷзия шуд. Яъне аз нигоҳи ҷомеашиносии сиёсӣ Гандӣ, ки андешаи хушунатпарҳезии ӯ дар сатҳи ҷаҳонӣ машҳур аст, ноком монд ва аммо ин мавзӯъро таърихнависон ва ҷомеашиносон ва башаршиносон инкор кардаанд. Камбуди Афғонистон ҳам ҳамин аст.
Мавзӯъи муҳимми дигар, ки дар муборизот аст ин аст, ки иттиҳоди сартосарӣ барои ба ҳадаф расидан аст, ки дида мешавад дар Афғонистон вуҷуд надорад. Ҳамчунон вақте мо муборизоти мардумиро бар алайҳи Олмони нозӣ дар Ҷанги умумии дувум мутолиа мекунем, мебинем, ки мубориза танҳо барои озодӣ аз юғи як гурӯҳи ҷоҳил ва ситамгар нест, балки мубориза зиндагӣ кардан ва оянда сохтан аст. Аҳли яҳуд фарзандонашонро дар таҳкобиҳои манозил тадрис микрданд, ки кӯдакон пасмон нишванд. Ё эҷоди як қувваи қавии ҷосусӣ то битавонанд ба душман шабехун зананд. Таърихи муборизоти Қибрис дар солҳои панҷоҳу шасти мелодӣ барои муборизоти имрӯзӣ бисёр омӯзанда аст.
Оё Афғонистон метавонад муваффақ шавад? Бале ва на. Бале, дар сурате ки ҳадаф мушаххас шавад ва ҳама масоили дигар канор гузошта шавад. Андеша собит бошад ва ин андешаро наметавон бо ангоштҳои кӯҳна ва пусида барои як ояндаи навин сохт. Андеша бояд ҷадид бошад, то насли ҷадид умедворкунанда бошад. Иттиҳод барои расидан дар амал дар Афғонистони қавмӣ ва қабоилӣ мушкил аст, зеро танишҳои қавмӣ боис мешавад, то иттиҳод садама бинад.