Чаро тоҷикҳо бояд биҷанганд?
Нависанда: Рустами Рушангар
Баргардон: Фирдавси Низом
Диққат бифармоед. Бо тасаллути дубораи Толибон бар кишвар ва сарзамини мо, мо ва шумо далоили бисёр равшан, қавӣ, инсонӣ ва имонӣ барои ҷанг бо Толибон дорем. Ҳоло шумо ҳар тавр майл доред, далоили ҷангро тавҷеҳ кунед. Агар моил ҳастед, тавҷеҳи динӣ намоед ва агар моилед тавҷеҳи ақлӣ ва башардӯстона. Дар ҳар ду ҳолат ҷангатон бо толиб натанҳо машрӯъ, балки зарурӣ, ҳатмӣ ва воҷибӣ аст.
Ман аввал ба далоили ақливу инсонӣ ва башардӯстона мепардозам. Ин далоил низ дар ду қисмат қобили тавзеҳ ҳастанд.
Бахши аввал:
Толиб як неруи шарри мутлақ аст. Толиб як ҳаюлои вайронгар ва табоҳкунанда аст. Толиб душмани башарият аст. Толиб душмани инсоният аст. Толиб душмани озодӣ аст. Толиб душмани баробарӣ ва адолат аст. Толиб зидди илм ва шарофат аст. Толиб зидди рӯшноӣ, пешрафт, ваҳдат ва тараққии кишвару ҷомеаи мо аст. Оё ҷанг дар баробари ҳамчу як нерӯ масъулияти виҷдонии як инсони огоҳ ва озода нест? Посух возеҳан, бале аст. Пас, мо тоҷикҳо минҳайси инсонҳое, ки таҳаммули зулм, шарорат, фасод, хунрезӣ ва табоҳиро надорем, мукаллафем, ки алайҳи толиб биҷангем, яъне агар наҷангем ҳама ҳасту буди мо нобуд мешавад.
То ин ҷои кор баҳси қавмӣ дар байн нест. То ин ҷо ҳар инсони озода мукаллафияти ахлоқии ҷанг бо толибро ба дӯш мекашад. Инсони ҳазора, инсони паштун, инсони ӯзбек ва инсоне ба сурати мутлақ аз ҳар қавму табор ва қабила низ мухотиби ҳарфи мо дар ин қисмат аст. Ҳеҷ инсони огоҳ ва озода, ки муддаои шарофат ва наҷобату бартарии ахлоқӣ дорад, наметавонад сукути худ дар баробари толибро таҳти ҳеҷ унвоне тавҷеҳ намояд. Албатта, дар ин ҷо сукут ба маънои нафйи фалсафаи ҷанг бо толиб аст, на сукуте, ки бисёре аз озодихоҳон ба далоили мантиқӣ дар баробари зулми толиб аз он истифода мекунанд. Таваҷҷуҳ бифармоед, ки ин ҷо мо дар бораи андеша ва фалсафаи ҷанг бо толиб баҳс дорем ва ин баҳс миқдоре бо ҷанги мусаллаҳонаи мустақим ва фаъол мутафовит аст. Яъне муҳим ин аст, ки шумо мӯътақид бошед, ки ҷанг бо толиб як рисолати инсонӣ аст. Ин ки ба гунаи билфеъл метавонед ё наметавонед вориди пайкори мусаллаҳона бо ин гурӯҳ шавед, баҳси ҷудогона аст.
Бахши дувум:
Дар ин бахш ба далоили қавмӣ мепардозем. Толиб як неруи зидди тоҷик аст. Ин амр далоили зиёд дорад.
Далели якум, ин аст, ки толиб аз зуҳур то кунун бо тоҷикҳо дар ҷангу хусумат будааст. Толиб душманӣ бо тоҷикро фаромӯш намекунад. Мо тоҷикҳо будем, ки 25 сол пеш бо шиками гурусна алайҳи толиб панҷ сол ҷангидем ва рӯъёи ин гурӯҳи ваҳшӣ ва ҳомиёни берунии онро мутаҳаққиқношуда гузоштем. Мавҷудияти теъдоде аз тоҷикони нофаҳм ё муҷримини ҳирфаӣ дар сафи толиб чизеро тағйир намедиҳад. Мутаассифона, ҳамеша дар миёни як қавм афроди фоқиди шуур, виҷдонфурӯш, виҷдонмурда, бехабар ва кӯтоҳбин вуҷуд дорад, ки ҳамрикоби душман мешаванд ва алайҳи қавму табори худ меҷангад. Дар низоми толиб таҳти номи дин ин гуна афрод ба сафи душман кашида мешаванд ва то ақлашон сари ҷояш биёяд, дер мешавад.
Далели дуюм, ин аст, ки толиб гурӯҳе аст дар хидмати паштунистҳои тоҷикдушман. Таъкид ва тавзеҳ мекунам, ки паштунистҳо. Таваҷҷуҳ бифармоед, паштунистҳо, ки мегӯем, ҳама паштунҳоро дарбар намегирад. Ҳарчанд, мутаассифона, сафи паштунистҳо хеле тӯлонӣ шуда, аммо дар миёни паштунҳо ҳастанд, ҳарчанд андак касоне, ки виҷдони бедор доранд ва ба инсоният бовар. Аммо Толибонро паштунистҳо контрол мекунанд ва балки бисёре аз раҳбарони Толибон худ аз назари фикрӣ паштунист ҳастанд. Касоне, ки андаке дар бораи таърихи сиёсии Афғонистон мутолиа дошта бошанд, медонанд, ки паштунистҳо душмани дараҷаи яки худ тоҷикҳоро медонанд ва аз ҳар василае барои саркӯб, ҳазф ва нобудии тоҷикҳо истифода мекунанд.
Бинобар ин, ҳукми ақли салим ин аст, ки як тоҷик алайҳи толиб биҷангад, то ҳам сарзамини худро озод кунад ва заминаи пешрафту тавсеаи онро фароҳам кунад, ки ҳаёт ва мамот миллионҳо инсон ба он бастагӣ дорад ва ҳам аз ҳувият, таърих, фарҳанг, забон ва арзишҳои маънавӣ-қавмии худ ҳифозат кунад. Ин як ҳаққи табиӣ барои тамоми гурӯҳҳои башарӣ аст ва ҳеҷ қонун, созмон ва дине дар ҳеҷ ҷои дунё ин ҳаққро салб карда наметавонад ва агар бихоҳад онро салб кунад, ҷинояти алайҳи башариятро муртакиб шудааст.
Аммо далоили динии ҷанг бо толиб. Ҷанг бо толиб аз назари динӣ низ воҷиб аст.
Далели аввал: Тарроҳони проекти толиб аз ҳамон ибтидо бо шинохте, ки аз динбоварии мардуми Афғонистон доштанд, шамшере барои сар буридан ва интиқом гирифтан аз ин мардум сохтанд, ки исмашро толиб гузоштанд.
Пуштибонони толиб медонистанд, ки аз суроғаи дин ҳар осебе ба мардуми Афғонистон бирасад, лаб ба эътироз намегушоянд. Ин мардум ҷинояти чандинқарнаи аъроб таҳти номи динро бисёр ба содагӣ фаромӯш карданд ва бовар карданд, ки ҳар баде дар ҳаққи мо шуда, ҳаққи мо будааст.
Далели дувум: Толибон ба сароҳат як проекти зиддидинӣ аст. Ин проекти расонаӣ-истихборотӣ дарвоқеъ муассиртарин проекти дингурезӣ дар ҷаҳон аст ва таърихи муосири ҷаҳон шоҳиди чунин пешрафти сареъе аз тариқи як проекти истихборотӣ барои дур кардани мардум аз дин набудааст. Шоҳид ҳастем, ки тамоми мароҷеи динии ҷаҳони ислом пайваста алайҳи ин гурӯҳ ва рафтори зиддибашариаш эъломия содир карда ва ҳаракоти ононро мӯҷиби бадномӣ ва осебҳои фаровон ба дин унвон кардаанд.
Далели севум: Дини ислом пайравони худро амр ба мубориза бо зулм, ҷаҳолат, таҷовуз ва тааддӣ кардааст. Маънои ҷиҳод ҳамин аст. Як муҷоҳиди шуурӣ маънои ин ҳарфро медонад. Яъне ҷанг алайҳи Толибон ҷиҳоди акбар аст. Чунон ки дар боло ишора шуд, ҳомиёни Толибон огоҳона ва омидона ном ва нишони динӣ барои як ҳаракати зиддибашарӣ интихоб карданд, то мардуми мутадайини Афғонистон дар бардоштани шамшер алайҳи ин гурӯҳ ҳамеша дучори тардид бошанд.
Ман бо ҷуръаٔт ва ҷасорат метавонам бигӯям, ки таҷовузи Англис, Шӯравӣ ва Амрико ба Афғонистон ин ҳама зиёнбор набуда, ки мавҷудияти гурӯҳе ба номи толиб ба ин кишвар ва доштаҳои модӣ ва маънавиаш зарба задааст.
Чун рӯйи ҳарфам ба тарафи тоҷикҳо буд, як бори дигар таъкид мекунам, ки ҷанг алайҳи Толибон барои шумо чандин фаврита аст. Далоили мазкур фишурдае аз далоили бисёр ва муфассале аст, ки шарҳи он ба қавли Мавлоно “мани ман коғаз мехоҳад”.
Чаро ин ёддоштро навиштам? Яке аз ангезаҳои навиштан, вокунишҳо ба ҷон бохтани фармондеҳ Хайрмуҳаммад Хайрхоҳ аз фармондаҳони далеру бошаҳомати Ҷабҳаи муқовимат дар Андароб буд. Баъзе аз дӯстон чунон вокуниш нишон медиҳанд, ки гӯё халқи тоҷик дар умри худ хунро надида бошад. Чунин бардоште аз ҷанг алайҳи толиб ба ин маъност, ки барои мо ва сангардорони мо ҷанг як интихоби огоҳона набуда ва табаотро насанҷида будем. Дар ҳоле, ки чунин нест. Мо медонем, ки толиб чӣ қадар ваҳшатнок аст. Барои ҳамин ҷангро интихоб кардем ва душвории онро низ медонем. Агар чунин набуд, ҷанги мо арзиш надошт. Дар ҷодаи ҳамвора давидан ҳунараш чист?!
Мардуми мо дар ҳамин панҷоҳ соли ахир пайваста хун додаанд. Ҳатто дар ҳукуматҳои Карзай ва Ғанӣ саҳми мардум мо дар шуҳадои артиш, пулис ва амнияти миллӣ рӯзона ба маротиб бештар аз он чизе буд, ки мо дар яку ним соли ахир дар муқовимат дар ҷанг бо як душмани саффок, дунсифат ва ваҳшӣ аз даст додем. Дар авохири ҳукумати Ғанӣ рӯзона даҳҳо тобути шаҳид ба сарзаминҳои муқовимат ирсол мешуд, ки аксаран дар як тавтеаи қавмӣ ҷони худро аз даст медоданд. Ҳам душманашон алайҳашон уқдаи қавмӣ дошт ва ҳам омирашон. Дар муқоиса бо он талафоти ҷонӣ неруҳои муқовимат дар як соли ахир бисёр ночиз будааст. Дар ҳоле, ки ҷанг имрӯз барои худи мост ва ҷанги дирӯз барои истимрори ҳокимият касоне буд, ки алайҳи мо душмании дерина доштанд.
Қасди дифоъ аз иштибоҳот ва костагиҳои касонеро надорам, ки мумкин дар бахши мудирияти ҷанг дучор шуда бошанд. Ман бо дӯстони муқовиматӣ ҳамеша инро гуфтаам, ки бояд бо диди интиқодӣ ба масоил нигоҳ кунем, омодаи пазириши интиқодҳо бошем ва аз ҳар зарбае, ки мехӯрем, бояд дарси зиёде ба оянда бигирем, чун ҷанги таҳмилшуда бар мо мумкин тӯлонӣ ва душвор бошад. Аммо бо ин вуҷуд, азм ва иродаи мо барои тадовуми ҷанг набояд халалбардор бошад. Бояд бидонем, ки ҷанги мо дуруст ва зарурӣ аст. Мо метавонем дар бораи токтикҳои ҷангӣ, роҳбурдҳои ҷангӣ, кӣ будани афроди ҷангӣ, мудирони ҷанг ва монанди инҳо баҳс кунем ва бо сароҳат аз костагиҳо ва камкориҳо интиқод кунем, аммо набояд лаҳзае дар бора қидосат ва машрӯъияти ҷанги мо тардид кунем.
Аз ёди мо наравад, ки душмани забуни мо абзорҳои густурдаи таблиғотиро дар ихтиёр дорад ва аз ҳама зарфиятҳои таблиғотии худ истифода мекунад, то рӯҳияи моро бишиканад ва ангезаи ҷангии моро тазъиф кунад.
Душмани мо аҷсоди номдортарин фармондеҳон ва мақомҳои худ дар ҷанг бо моро пинҳонӣ зери хок мекунад, аммо вақте зарбае ба мо ворид мекунад, онро хеле бузург мекунад, то мо битарсему биларзем ва дигар ба ҷангаш наравем.
Аммо мо бояд бидонем, ки ин ҷанг, ҷанги худи мо барои худи мо, ба нафъи худи мо, ҳаққи машрӯи худи мо ва мавриди таъйиди ҳар инсони огоҳ ва озода дар ҳар ҷои гетӣ аст. Мавриди таъйиди Худои одил низ аст. Ҳар дин ва оине, ки иддаои адолат дорад ва ба ҳуррияту шарофати инсон бовар дорад, ҷанги моро зарур ва муқаддас мешуморад. Мо бо имони росих ба ин ҷанг идома медиҳем ва мутмаинем, ки як рӯзе ҳама ба ҳаққонияти ҷанги мо пай мебаранд.