Рӯзе Зеленский ба сарнавишти мушобеҳи Ғанӣ мувоҷиҳ хоҳад шуд. Лутфан, ин паёми маро ба ёд дошта бошед, шумо Зеленскийро ба сарнавишти бадтар аз Ғанӣ мекашонед.
Нависанда: Доктор Малик Ситез, устоди улуми сиёсӣ ва равобити байналмилал дар Донишгоҳи Селинус (Дания)
Бону Ҳиллари Клинтон!
Шумо гапи ҷолибе дар боби раисҷумҳури фирории Афғонистон зада ва ӯро бо раисҷумҳур Зеленский муқоиса карда гуфтаед, Ғанӣ бо дуздии пулҳо фирор кард, аммо Зеленский аз шумо ҳимояти низомӣ талаб кард ва ба дифоъ аз кишвараш пардохт. То ин ҷои кор бисёр дуруст мефармоед. Мисли он сухани машҳури шумо буд, ки ҳимояти СиАйЭй (Созмони истихборотии Амрико) аз проекти ҷиҳодизм ва толибонизм дар Афғонистонро намоён сохт.
Ман низ ба сони шумо ва миллионҳо инсони дигар мунтақиди Ғанӣ ва барномаи мафиёияш ҳастам. Аммо, биёед, ба як силсила воқеиятҳо таваҷҷуҳ кунем. Ман ба унвони донишомӯхта ва таҳлилгари сиёсат ин ду раисҷумҳурро дар робита бо Амрико ба муқоиса мегирам.
1 - Тасаввур кунед, ки Ғанӣ дар понздаҳуми август ва ё қабл аз он тақозои ҳимояти низомӣ аз Амрико мекард, посухи Вашингтон чӣ мебуд? Магар нерӯҳои низомии шумо дар Кобул набуданд, чаро аз Ғанӣ дифоъ накарданд? Воқеият ин аст, ки шумо пушти низоми сиёсиро дар Афғонистон холӣ карда будед. Халилзод, писарандари шумо, бо бародарандарҳои шумо дар Доха корро тамом карда буданд.
2 - Шумо дигар дар Афғонистон манофеи стратегиатонро бо Ғанӣ намедидед, дар ҳоле ки Зеленский ягона ва бо таъкид ягона бозигари манофеи шумо дар шарқи Аврупо аст. Шумо Ғаниро истифроғ (қайъ) карда будед, дар ҳоле, ки иштиҳои саршоре дар хӯрдани Зеленский ва Украина доштед ва доред.
3 - Ғанӣ донишомӯхтаи ҳирфаии барномаҳои шумо буд ва коре кард, ки бояд мекард, чизе, ки мехостед. Дар ҳоле, ки Зеленский камтаҷриба аст ва бо амрикоиталабӣ ва ғарбзадагӣ ҳама равобиташро бо Русия қурбонӣ ва сарзамини қашангашро нобуд кард. Шумо бо ҳимоят аз Зеленский Путинро аз худ бехуд кардед ва Аврупоро ба ҷанг кашонидед. Аз ин чӣ беҳтар ва бештар интизор аз кӯдаки амрикоӣ “Зеленский” доштед.
4 - Зеленскийро ҳимоят кардед ва мекунед, то Аврупо аз вобастагии таъминоти газ ва маводи ғизоии Русия раҳонида шавад. Ин ҷо барандаи майдон шумо ҳастед. Аврупо ба шумо вобастатар хоҳад шуд. Ҳоло шумо ба нақши Ғанӣ ва Зеленский дар ин миён як нигоҳе бияндозед. Кадомашон арзандаи ҳимояти шумост? Посух равшан аст.
5 - Шумо Ғанӣ ва як гурӯҳ аз технократҳоро барои тороҷ ба Афғонистон фиристодед. Онҳо пулҳоеро, ки шумо аз тариқи бонкҳоятон ба Афғонистон мефиристодед, “мудирият” карданд. Агар бовар надоред аз вузарои молия Иклил Ҳакимӣ, Ҳумоюн Қаюмӣ, Аҷмал Аҳмадӣ, раиси бонк ва дигар дуздони ҳирфаие, ки ҳамин ҳоло дар кишвари шумо зиндагии муҷаллал доранд, бипурсед. Агар чунин нест, чаро онон, ки маъруфтарин дуздони ҷаҳон ҳастанд, дар кишвари шумо маҳкама намешаванд?
6 - Дар 20 сол чаро барои мо ба ҷойи фиристодани дуздон, мутахассисини зерсохтҳоро нафиристодед, ки ҳадди ақал имрӯз сари по меистодем. Ба ҷои сохтани фабрикот, тафаҳҳус (иктишоф, разведка)-и манобеи табиӣ ва ҳазорон равишҳои зерсохтӣ шумо бо ҷангсолорон ва дуздони мафиёӣ қарордодҳои садҳомиллиондолларӣ бастед. Агар бовар надоред саре ба Иморот ва Туркия бизанед ва ё гузоришҳои SIGAR-ро мурур кунед.
7 - Шумо бисёр қашанг Ғаниро “дузди бо пуштора” муқоиса кардед. Биёед содиқ бошем. Оё медонед, ки Ғанӣ дар куҷо ба сар мебарад? Агар намедонед, ман бароятон мегӯям, дар наздиктарин давлати дӯсти шумо дар ҷаҳон, яъне Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар шаҳри Абудабӣ, ки комилан дар дастраси шумо аз лиҳози низомӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ қарор дорад, зиндагӣ мекунад. Чаро ӯро ба маҳкама намекашонед? Ман бовар дорам, ки ҳамон дузди бо пуштораро рӯзе истифода хоҳед кард.
8 - Шумо машҳуртарин зани дунё ва яке аз қудратмандтарин сиёсатсозон дар ҷаҳон ҳастед. Ба ёд дорам, ки дар сафаре, ки ба Кобул доштед, ба занони Афғонистон ваъда кардед, ки ҳеҷ гоҳе занонро танҳо нахоҳед гузошт. Дар соли 2018 занони муборизи Афғонистон аз ман хостанд, то номаеро ба шумо бинависам ва аз вазъияти асафнок ва хатароти эҳтимолии фарорӯи занон бароятон бинависам. Шумо дар посухи он нома хитоб ба занони Афғонистон навиштед: “Ман шуморо дарк мекунам ва дар каноратон боқӣ хоҳам монд”. Ҳоло шумо аз вазъияти занони Афғонистон бохабар ҳастед? Дар ҳоле, ки тамоми расонаҳои дунё машғули бону Елена Зеленская, хонуми раисҷумҳури Украина аст. Ҳатто аз ранги либоси хобаш ҳам барнома пахш мекунанд. Дар ҳоле, ки занони Афғонистон фарзандон ва аъзои бадани худро мефурӯшанд. Бубинед, фарқи Афғонистон ва Украинаро дар куҷост! Фарқаш дар ин аст, ки Афғонистон таҳти “мудирият” рафт ва ҳоло ҳама таваҷҷуҳ ба Киев аст.
Иҷоза диҳед, дар ахир таҳлиламро дар боби Зеленский бароятон ба сурати кӯтоҳ бинависам. Шумо ин камедиани ҷавонро қурбонии ду аждаҳо сохтед ва мардуми Украинаро, ки аз зеботарин ва ғанитарин кишвари аврупоӣ лаззат мебурданд, ба оворагони бесарнавишт табдил кардед. Шумо дипломати маъруфе ҳастед ва забони маро медонед. Биёед, ҳарду эътироф кунем, ки дипломатияи Амрико дар ҷанги Украина шикаст хӯрдааст ва ба ҷойи он ширкатҳои тавлиди силоҳ ва тафаҳҳуси газ дар Амрико сухан мегӯянд. Мутассифона, таҳлили ман таврест, ки рӯзе Зеленский ба сарнавишти мушобеҳи Ғанӣ мувоҷиҳ хоҳад шуд. Аммо чизе, ки шумо гуфтаед, ҷолиб аст. Дар шароити кунунӣ Зеленский комилан ба нафъи Амрикост чаро, ки шумо ва НАТО дар канораш қарор доред. Аммо лутфан, ин паёми маро ба ёд дошта бошед, шумо Зеленскийро ба сарнавишти бадтар аз Ғанӣ хоҳед кашонид.