Муаллиф: РАЗЗОҚИ МАЪМУН
Гапи форсӣ ва «донишгоҳ» аз сад соли пеш хароб буд.
Равшанфикри худхондаи толиб ба муҷрии телевизиони Афғонистон мегӯяд, ки ҳуш дор, агар «донишгоҳ» гуфтӣ, кор хароб меша.
Ин як иборати мукаррари таърихӣ тақрибан дар поёни таърихи ин масоил шумурда мешавад. «поён» бад-ин иллат, ки дигар короӣ надорад.
Харобӣ дар кори форсигӯӣ ва форсинависӣ аз сад сол пеш шурӯъ шуда буд. Аз ҳамон замоне, ки Маҳмуд Тарзӣ*, муҳоҷири аристократ дар Димишқ ба Кобул омад. Ҳамоне, ки аслан сухан ба пашту наметавонист гуфт. Саводаш ба туркӣ ва порсӣ буд. Аммо пайваста фатво медод, ки пашту «аҷдоди забон»-ҳо буда ва дигар забонҳо тобеъи он аст.
Тарзӣ дар хонааш бо модари Сурайё (ҳамсари Амонуллоҳхон) ва фарзандонаш ба забони форсӣ ва туркӣ гап мезад. Ҳеҷ мақола ва китобе ба пашту нанавишта. Ҳеҷ китобе ба забони пашту тарҷума накардааст. Ҳеҷ мақолае пашту аз қалами вай рӯи баргҳои “Сироҷ ул-ахбор”** наомадааст.
Тарзӣ арақхӯри қаҳҳор ва порсинигори шаҳир буд. Аммо ҳамвора мубаллиғи савор кардани пашту бар пили ҳамазамонии фарҳанги каронанопайдои забони форсӣ буд ва базр (тухм) – и “аҷдоди забон”-ҳоро дар замини сиёсат ва ҳифзи гегемонияи пашту пош медод.
Далелаш чӣ буд? Далелаш ҳамон буд, ки мубаллиғи толиб имрӯз онро такрор мекунад: таассуби решабарандоз...
Гап аз ҳамон замон хароб буд!
Достони форсиситезии Ғулом Муҳаммад Фарҳод, Муҳаммад Гулхон Муҳманд ва... то мухкашҳо ва фасодсолорони атрофи Ғанӣ, ки ба ҳаҷми даҳҳо китоб аст. Таърих ҳар ниқоберо аз ҳар чеҳра канор мезанад. Ин, ки наҳанги ҳузури форсӣ дар баҳри зиндагӣ ором ва шукӯҳмандона дар гардиш аст, аз камолоти маънавӣ ва таърихии ин порсӣ аст.
*Маҳмуди Тарзӣ, шоир, нависанда, рӯзноманигори афғон, вазири корҳои хориҷии Афғонистон (1924-1927), падари Сурайё, ҳамсари Амонуллохон.
**”Сироҷ ул-ахбор”, нашрияи Тарзӣ, ки дар Туркия чоп мешуд ва ақидаҳои ҷавонафғононро таблиғ мекард.