Хабари рӯз

Муаллиф: ИСМОИЛ ФУРӮҒӢ

Ин ҳақиқатро наметавон инкор кард, ки «Толибон» авҷи ифротияти мазҳабӣ, авҷи қавмпарастӣ, авҷи душманӣ бо маданият ва авҷи душманӣ бо занро дар ҷаҳон ба намоиш гузоштаанд.

Агар касе ё касоне ба ин дил хуш кардаанд, ки «Толибон» паёмоварони адолат ва сулҳ буда, сабаби сарбаландӣ ва ифтихори миллати мо ё кадом қавми мо хоҳанд шуд, иштибоҳ менамоянд. Мо бихоҳем ё нахоҳем, мардумони ҷаҳон моро аз рӯи «Толибон», хашинтарин ва номутамаддинтарин мардумони ҷаҳон қазоват менамоянд.

Ҳақоиқ ва шавоҳид нишон додааст, ки «Толибон» (дастурӣ ё аз сари нодонӣ) , ҷуз бадном кардани бештари дин, шармсортар кардани бештари мардум ва вайрон кардани бештари маданият ва фарҳанг дар Афғонистон ҳадафе надоранд. Лаҷоҷат ва хирасарии онон дар баробари хостҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, кишварро ба фоҷиаи бузурги башарӣ рӯбарӯ кардааст. Ва дуруст аз ҳамин лаҷоҷат аст, ки пеши чашмони мардумони ҷаҳон, занон ва духтарони мо аз кору таҳсил боздошта шуда, ханда, мусиқӣ ва ҳунар дар Афғонистон ба марг маҳкум шудааст.

Ончи мӯҳликтар ва хатарноктар аз ҳама барои Афғонистон ва фарҳанги боландаи мардумони он хоҳад буд, кинаварзӣ ва бепарвоии ҷоҳилонаи «Толибон» нисбат ба забони форсӣ аст, ки ахиран ба шиддат ва бо маҳорат тавассути онон ба пеш бурда мешавад. Онон барои ба ҳошия рондани забон форсӣ дар тамоми арсаҳо ва дар куллия идороти давлатӣ, кӯшишҳои сареҳ ва хасмонаеро ба роҳ андохтаанд, ки бетардид ба ҳидояти мураббиҳои покистониашон сурат гирифта, хатароти ҳалокатабореро барои фарҳанг ва ҷомеаи фарҳангии равшанфикрии мо дар қибол хоҳад дошт.

Бидуни шак, «Толибон» ин ҳақиқати таърихиро намедонанд, ки ба ҳошия бурдани забони форсӣ дар Афғонистон, бештар аз ҳама ба соири забонҳои кишвар садама мерасонад то ба забони форсӣ.

Таърих гувоҳ аст, ки форсӣ пеш аз ин таҳоҷум, се бор тавассути аъроб, тавассути муғулон ва тавассути ангрезиён (инглисҳо) мавриди таҳоҷум қарор гирифта, аммо аз худ посдорӣ намуда ва музмаҳил нашудааст. На танҳо музмаҳил нашуда, балки ба забони девон ва дарбори муҳоҷимон мубаддал шуда ва шоҳону сардорони зиёде аз муҳоҷимон онро ба хубӣ омӯхта, ба забони форсӣ китоб навишта ва ҳатто шеър сурудаанд. Чун форсӣ муносибтарин ва қавитарин забони ифҳому тафҳим дар кулли мамлакат ва минтақа будааст. Чун форсӣ дар тамоми адвори таърих равшантарин роҳи вуруд ба фарҳанги ҷаҳонӣ будааст. Ва чун форсӣ беҳтарин бистар ва мабнои илмӣ барои рушд ва такомули тамоми забонҳои кишвари мо будааст.

 Бетардид онон намедонанд, ки форсӣ аз садҳо сол ба ин сӯ, забони дувуми тамоми ҷаҳони ислом, забони мусаллати минтақа ва аз зумраи ҳафт забони бартари ҷаҳон аст. Форсӣ танҳо забон не, балки як таърих аст, як тамаддун ва як фарҳанг аст ва дар ҳошия бурдани он номумкин.

«Толибон», ки то ҳанӯз фарҳанги сухан задан ва ҳамдигарпазириро балад нестанд, бояд бидонанд, ки миллати мо бо ҳамон забоне, ки аз даричаи он бо ҳам ба бародарӣ ва тафоҳум расида ва бо ҷаҳони мутамаддин ошно шудаанд, бо ҳамон забон аз арзишҳои бузурги фарҳангиашон ҳам посдорӣ хоҳанд кард.

Чун шакар ширину чун гавҳар забони порсист,

Форсӣ фарҳангу оину нишони порсист.

Ончи аз тӯфону аз борон намеёбад газанд,

Кохи Фирдавсӣ, худойи шоирони порсист.

Гарчи гӯяд ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ хуштар аст,

Ин забон ҳубулулматини ҳамдилони порсист.


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!