Чаро кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд муттаҳид шаванд?
Нависанда: Давлат Усмон, коршиноси аршади масоили минтақаь (Тоҷикистон), вежа барои “Сангар”
Дар солҳои ахир дар расонаҳои ҷумҳуриҳои таркзабони Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон, дар муқоиса бо номи «Осиёи Марказӣ», вожаҳои «Тӯрон» ва «Туркистон» бештар шунида мешаванд. Ҳамзамон дар шуморе аз расонаҳои вобаста ба шаҳрвандон Афғонистон, вожаи «Хуросон» низ зиёд зикр мешавад.
Истифодаи вожаи “Туркистон” ба ҷои “Осиёи Марказӣ” дар гуфтугӯҳо ва гузоришҳои таҳлилгарону сиёсатшиносони Туркияву Озарбойҷон бештар ба назар мерасад. Бино ба гузориши расонаи амрикоии “Дипломат”, Туркия дар сатҳи расмӣ қарор кардааст, ки дар китобҳои дарсии ин кишвар аз ин ба баъд ба ҷои Осиёи Марказӣ калимаи “Туркистон” ба кор бурда шавад.
Озарбойҷон низ гирифтори ин дард аст. Як мисоли барҷаста ин аст, ки дар барномаи интернетии “Ахбори Қафқоз», таҳлилгар ва сиёсатшиноси озарӣ, Ризвон Ҳусайнов, ба ҷои истилоҳи “Осиёи Марказӣ”, калимаи “Туркистон”-ро ба кор бурд. Ҳатто замоне, ки муҷрии барнома, рӯзноманигори гурҷӣ, Гела Васадзе, ӯро ислоҳ карда ва гуфт, «Осиёи Марказӣ, на Туркистон», Ҳусайнов дубора исрор кард, ки ин ном барои минтақа расмият ёфтааст.
Туркия ҳавои “Туркистони Бузург” – ро дар ҳамоҳангӣ бо сиёсатҳои ҷадиди Инглис дар сар мепарварад ва бо таваҷҷуҳ ба вазъи ногуворе, ки Озарбойҷонро аз дохилу хориҷ печондааст, ба назар мерасад ин кишвар дар чоҳе, ки барои худ кандааст, мехоҳад дигаронро ҳам кашад. Дар як калом, “Туркистони бузург” тарҳи ҳатто Туркия нест ва истифода аз ин ибора амдӣ аст.
Номҳои “Турон” ва «Туркистон» ва ҳамчунин “Мовароуннаҳр” ва “Хуросон” дар устураҳо ва таърихи Осиёи Марказӣ ба кор рафтаанд. Номи “Тӯрон” ҳеҷ иртиботе ба ақвом ва миллатҳои туркзабон надорад ва пеш аз вуруди онон ба минтақа вуҷуд доштааст, аммо «Туркистон»-ро барои ин минтақа на туркзабонон, балки русҳо оварданд; Замоне, ки императории Русия Осиёи Марказии кунуниро тасарруф кард. Таърихшиносон ин номгузориро аз таъсироти тоторҳо медонанд.
Номи «Хуросон” низ дар канори “Турон” бисёр куҳан аст ва ба қаламрави бузурге аз сарзамини Турон гуфта мешуд. Аммо номи “Мовароуннаҳр” пас аз омадани аъроб ва густариши дини ислом дар Осиёи Марказӣ матраҳ шуд.
Императории Русия, ба ҷуз қаламрави иморати Бухоро ва Туркманистони имрӯзӣ, боқӣ сарзаминҳои минтақаро «генерал-губернатории Туркистон» номид. Пас аз тақсимоти идорӣ–марзии солҳои 20-и асри гузашта ва ба ҷумҳуриҳои тобеъи Иттиҳоди Шӯравӣ тақсим шудан минтақа «Осиёи Миёна» номида шуд. Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва касби истиқлол дар солҳои 1991-1992, Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури пешини Қазоқистон, нахустин бор расман дар нишасти сарони кишварҳои Осиёи Миёна, минтақаро бо номи «Осиёи Марказӣ» ёд кард. Бархе таҳлилгарони рус ин иқдомро талоше барои таҳкими истиқлол ва фосила гирифтан аз гегемонияи сарзаминии Русия арзёбӣ карданд.
Бо гузашти беш аз се даҳа аз истиқлоли кишварҳои минтақа шиддат гирифтани бозиҳои геополитикӣ ва талоши қудратҳои ҷаҳонӣ барои тақсими дигарбораи ҷаҳон, Осиёи Марказӣ ба яке аз манотиқи муҳим табдил шудааст. Далели ин амр баргузории нишастҳои қудратҳои бузурги ҷаҳони дар қолаби “5+1” бо сарони кишварҳои минтақа барои густариши нуфузшон аст.
Бадеҳист, ки сиёсати хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ, яъне сиёсати чандҷониба ва дарҳои боз, барои тақвияти истиқлол ва ҳифз манофеъи миллишон бисёр баҷо аст. Аммо ба чолиш кашида шудани Амрико ва муттаҳидони ғарбиаш аз сӯи қудратҳои шарқӣ - Русияву Чин ва иддаои онҳо дар бораи эҷоди ҷаҳони чандқтбӣ, набояд мӯҷиби аз миёни рафтани дубораи истиқлол ва тамомияти арзии кишварҳо, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ, бианҷомад. Намунаи равшан онро дар буҳрони Русия ва Украина ва низ таҳоҷуми Исроил алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон метавон дид.
Аз ин рӯ, дар шароити кунунӣ, танҳо роҳ ва беҳтарин гузинаи кишварҳои Осиёи Марказӣ барои ҳифз истиқлол ва тамомият арзӣ, муттаҳид шудан таҳти номи “Иттиҳоди кишварҳои Осиёи Марказӣ” аст. Зеро ҳатто кишварҳои нисбатан бузург минтақа – Қазоқистон ва Ӯзбекистон – ба танҳоӣ дар сурати бурузи таҳдиди ҷиддӣ алайҳи истиқлол ва тамомияти арзиашон қодир ба дифоъ аз худ нахоҳанд буд.
Дар сурати тақсими минтақа ва қарор гирифтани он таҳти нуфузи қудратҳои бузурги ҷаҳонӣ, хатари буруз даргириҳои минтақаӣ миёни ин кишварҳо дар заминаҳои мухталиф, он ҳам бо таҳрики ҳамон қудратҳо, пеш меояд. Намунаи ошкори онро дар буҳрони миёни Арманистон ва Озарбойҷон дар Қафқози Ҷанубӣ мебинем.
Дар марҳалаи кунунӣ, ин иттиҳод бояд танҳо миёни ҳамин 5 кишвар сурат гирад ва набояд кишварҳои дигар дар он шомил шаванд. Ин иттиҳод бояд дар се замина – иқтисодӣ, сиёсӣ ва дифоъӣ – шакл гирад ва дар он 5 забони расмии минтақа ҳамроҳ бо забони русӣ ба таври баробар мавриди истифода қарор гиранд. Дар оғоз бояд равшан ва сареҳ аз сӯи сарон 5 кишвари минтақа эълом шавад, ки бо таваҷҷуҳ ба ҳифзи истиқлол ва тамомияти арзӣ ва таҳкими равобити баробар бо ҳама кишварҳои ҷаҳон, бавежа қудратҳои бузурги ҷаҳонӣ, онон ин сиёсатро баргузидаанд. Ҳамчунин бояд эълом кунанд, ки ҳар гуна тарҳҳои истихборотӣ, монанди “Туркистони Бузург” ва “Хуросони Бузург” ва тарҳҳоеро, ки ба буҳрони ҷадид меанҷомад, рад мекунанд.
Бояд ёдоварӣ кард, ки сангбинои нахуст дар ин замина дар қолаби нишастҳои ғайрирасмии сарони минтақа, ки қарор аст даври ҳафтуми он дар поизи имсол дар пойтахти Ӯзбекистон, шаҳри Тошканд, баргузор шавад, гузошта шудааст. Танҳо шуҷоат ва иродаи сиёсӣ аз сӯи раҳбарони кишварҳои минтақа лозим аст то ин иттиҳодро расман эълом кунанд. Дар ғайри ин сурат, шояд ҳам замони лозим ва ҳам фурсат аз даст биравад.