Инҳо худро ба истилоҳ “ҷомиаи ҷаҳонӣ” унвон карда, ҷаҳонро ба бадбахтӣ кашиданд.
Нависанда: Малик Ситез
Матлаби аслӣ: "جامعه جهانی" یا باشگاه چاپلوسان
Трамп дар Кохи Сафед мизи бузургеро паҳн карда ва худ нишасти муҳиммеро мудирият ва раёсат мекунад. Нахуст барои панҷ дақиқа дар боби вазъияти ҷаҳон ва бо таваҷҷуҳ ба ҷанг дар Украина сӯҳбат мекунад. Иғроқ ва муболиға ҳамаи вожаҳои суханони ин сиёсатмдори аз худ розиро пур кардааст. Ӯ аз дастовардҳояш барои сулҳ дар ҷаҳон гап мезанад ва он гоҳ аз шаш ҷанге, ки гӯё ӯ мутаваққиф карда, ёдоварӣ мекунад ва сипас ба мухотабини худ, ки раҳбарони аслии дунёи Ғарб ҳастанд, мегӯяд: “Ман ин ҷангро низ хамӯш месозам. Ин кори аҳмақонаро Байден фароҳам кард ва ман бояд тамомаш кунам”.
Дар даври миз раҳбарони Олмон, Фаронса, Бритониё, Италия, НАТО ва Комиссияи Иттиҳодияи Аврупо нишастаанд ва бо камоли мувофиқат суханони Трампро мешунаванд ва таъйид мекунанд.
Сипас Трамп риштаи суханро ба Зеленский медиҳад. Раисҷумҳури Украина бо суханони эҳсосотӣ дар талош аст то ҳамаро хушҳол созад ва мегӯяд: “Имрӯз мо “беҳтарин” нишастро бо раисҷумҳур Трамп доштем”. Сипас мегӯяд: “На, беҳтаринаш дар оянда хоҳад буд, мо бисёр нишасти хубе доштем”.
Он гоҳ Трамп нигоҳҳои падарона ба ширкаткунандагони нишаст меандозад ва ба Муншии умумии НАТО мегӯяд: “Шумо ҳам чанд сухане бигӯед”. Ба ҳамин тартиб навбатро ба раҳбарони кишварҳои Аврупои ғарбӣ медиҳад то дар боби сулҳу ҷанг сухан гӯянд. Ҳама дар боби “шаҳкор”-ҳои Трамп сухан мегӯянд.
Трамп бо нигоҳҳои бузургманишона ва хандаҳои ғуруромез бачаҳоро ташвиқ мекунад. Ӯ Эммануэл Макронро раҳбари хуб барои Франса, Кир Истармерро мудири барҷаста барои Бритониё, Фридрих Мертсро раҳбари пӯёе барои Олмон ва Ҷорҷия Мелониро зани тавоно дар мудирияти кобинаи Италия мехонад. Бачаҳо ҳама хурсанд ҳастанд ва раиси маҷлис аз ин ҳама мубоҳот лаззат мебарад.
Ин дар ҳолест, ки ҷаҳон бадтарин рӯзҳои худро дар адами ҳамоҳангӣ, густариши фақр, набуди адолати иҷтимоӣ, тахаттиҳои густурдат ҳуқуқибашарӣ, ишғолу куштор, фоҷиаи муҳитзистӣ, камбуди манобеъ барои ҳимоятҳои башардӯстона, муҳоҷиратҳои селосо ва садҳо буҳрон ва абарбуҳрони дигар ба сар мебарад.
Пас аз ҷанги дувуми ҷаҳонӣ, ҷаҳон ҳеҷ гоҳе бо чунин фоҷиа барнахӯрдааст. Омилини аслии ин буҳронҳо ҳаминҳое ҳастанд, ки ҳоло дар талоши имтиёзоти сиёсӣ мебошанд. Магар чунин нест?
Касе намепурсад, ки буҳрони Ховари Миёна аз куҷо оғоз шуд ва ҳоло ба чӣ фоҷиа, ки нанги башарият аст расидааст? Паёмади ҷанги нофарҷом бар зидди ҳаросафганӣ дар ҷаҳон чист? Хурӯҷи бемасъулият ва бебарномаи ҷангандагони шумо чӣ балое бар сари мардуми Афғонистон овард? Чӣ касоне посухгӯи вазъияти занон, кӯдакон ва ҷавонони бекор ва бесарнавишти муҳоҷири Афғонистон аст? Кӯдаконе, ки дар Ғазза аз гуруснагӣ мемиранд тавассути киҳо бамборд мешаванд? Омил ва мусаббиби коҳиши ваҳшатноки фаъолиятҳои ниҳодҳои хайрия ва мададрасон, ки қурбониёни ҷангҳои шуморо пӯшиш медоданд, киҳо ҳастанд? Магар Исроил метавонад бидуни ҳимояти шумо давлатҳои мустақил дар Ховари Миёнаро зери оташ гирад?
Вақте ба суханони раҳбарони ҷаҳони Ғарб бо диққат таваҷҷуҳ кардам, як бори дигар мутаяққин шудам, ки вақте мегӯем, “ҷомеаи ҷаҳонӣ” манзури мо ҳамин тасвир аст, ки мебинам. Шояд бигӯед, ҷомеаи ҷаҳонӣ, яъне ҳамчунон Русия, Чин, Ҳинд, Бразил, Африқои Ҷанубӣ ва.... Аммо на, чунин нест. Ин кишварҳо барои назми ҷомеаи ҷаҳонӣ пули ночизеро истифода ва ҳазина мекунанд. Аммо ин Амрико ва Аврупост, ки механизмеро ба номи назми “ҷомеаи ҷаҳонӣ” мудирият ва барояш ҳазина мекунад. Бовар кунед, ин тасвири воқеии ҷомеаи ҷаҳонӣ аст. Бовар кунед!