Нависанда: Наврӯз Ҳамидӣ, таҳлилгар (Афғонистон)
Ба расмият шинохтани сарҳади мавҷуд бо Покистон пазириши як воқеият аст, то дар оянда ҳам энержии давлату миллат мисли солҳои сол ҳазинаи масрафии як таваҳҳум нагардад, таваҳҳуме, ки бештар масрафи дохилӣ дорад, чун ҷаҳон ин сарҳадро ба расмият шинохтааст.
Бо таблиғоти козибе, ки аз замон ва тавассути Сардор Довуду ҳалақоти марбути ӯ ва дар асри кунунӣ тавассути популистони дигаре барои таҳйиҷи афкори омма сурат гирифтааст, барои иддае мунозиъаи Дюранд аз як мавзӯи сиёсӣ ба як амри ҳайсиятӣ табдил шудаву муғризине ҳам мудом кӯшидаанд, ки напазируфтани марзи Дюранд ва иддаои моликият бар сарзаминҳои он сӯи онро ба намоде аз ватанпарастиву ғайрати афғонӣ табдил кунанд.
Дар ҳоле ки дар гузашта тамоми шоҳони қаблии паштун чун амир Ҳабибуллоҳхон (дар муоҳидаи алоҳидае дар 21 марти 1905 бо Инглис), амир Амонуллоҳхон (дар аҳдномаи сулҳи Ровалпинди дар 18 августи 1919), Муҳаммад Нодиршоҳ (бо эъзоми бародараш сардор Шоҳ Валӣ ба Лондон дар соли 1930) муоҳидаи Дюрандро пазируфтаанд. Ҳатто Зоҳиршоҳ низ то соли 1949, ки Шӯрои миллии Афғонистон дар як тасмими таҳйиҷии ношӣ аз бамбордмони Муғлагии Пактиё аз сӯи Покистони илғои муъоҳидоти қаблӣ бо Британияро эълон кард, муоҳидаи Дюранд ва хатти марбутаи онро ба расмият мешинохт, ки ҳеч кадом аз ин шоҳон муттаҳам ба хиёнати миллӣ нагардиданд.
Дюранд як марзи пазируфташуда аз ҷониби ҷомеъаи ҷаҳонӣ аст ва на танҳо ғарбиҳо, ки тамоми кишварҳои исломӣ дар мавзӯи Дюранд пайваста аз мавзеи Покистон ҳимоят кардаанд. Кишварҳои минтақа ҳам ба истиснои Ҳинд, мудом ҷониби Покистонро гирифтаанд, чун ин кишварҳо, ки худ ҳар кадом аз ақвоми мухталифе ташкил шудаанд, аз таҷзияи Покистон дар хати қавмҳаросӣ вазъияти худро доранд.
Меъмори тафаккури қавмӣ дар таърихи муосири Афғонистони Довудхон ва бародараш Наимхон буданд. Ин ду барои ҷалби назару ҳимояти паштунҳои он тарафи марзи Дюранд ҳамеша санги доияи озодии паштунҳои он тарафи марзи Дюрандро бар сина мезаданд, дар ҳоле ки худ камтарин баҳрае аз забону фарҳанги паштунҳо надоштанд.
Леон Павелада, дипломат ва афғонистоншиноси амрикоӣ китобе дорад ба номи “Кишвари шоҳии Афғонистон ва Иёлоти Муттаҳида аз соли 1828 то 1973”. Гуфтугӯе, ки миёни сардор Муҳаммад Наим, бародари Довудхон бо генерал Айюбхон бар сари масъалаи Паштунистон дар ин китоб омадааст, ба хубӣ аз бебаҳрагии онҳо аз забону фарҳанги пашту ҳикоят мекунад: “Ба соли 1960 Муҳаммад Довуд, садриаъзам, бародараш Муҳаммад Наим, вазири хориҷаро ба Карочи, пойтахти пешини Покистон фиристод, то бо маршал Муҳаммад Айюбхон, зимомдори вақти Покистон, дар мавриди Паштунистон музокира кунад. Айюбхон бо Муҳаммад Наимхон ба забони пашту суҳбат мекард, аммо Муҳаммад Наим забони пашту намедонист. Маршал Айюбхон ба ӯ ба забони пашту гуфт: “Ту чӣ гуна дар бораи Паштунистон ҳарф мезанӣ, ки забонашро намедонӣ?”. Довудхон сиёсати хориҷии кишварро дар гарави Паштунистон намуд.
Бо истодан рӯи масъалаи Паштунистон буд, ки ҳукумати Довуд дӯстӣ ва ҳамкории кишварҳои ғарбиву кишварҳои арабӣ ва ҳамчунон кишварҳои ҳамсоя - Эрону Покистонро аз даст дод. Дар ҳоле ки ҳукумати Довуд шоҳиди ҳеҷ гуна чароғи сабзе аз ҷониби паштунҳо ва балучҳои он сӯи хатти Дюранд набуд. Аз ҷониби дигар ҳамин қазия буд, ки Довудро рӯз то рӯз ба Шуравии он замон наздик сохта рафт.
Аҳзоби натсионалистии он сӯи Дюранд солона пули ҳангуфте аз ҳукумати Афғонистон ба баҳонаи таҳрики паштунҳо ба даст меоварданд, ки ин худ зарбаи сангине бар пайкари иқтисоди ақибмондаи кишвар буд.
Кишварҳои ҷаҳон Афғонистону Покистонро бо ҳамин марзҳои имрӯзиашон ба расмият шинохтаанд. Иддаои арзии гуруҳи муздури Толибон болои Покистон, комилан масрафи дохилӣ дорад. Кӯбидан бар табли Дюранд дар гузашта ҳам мисли имрӯз як бозии қавмӣ буд.
Марву Панҷдеҳ ҳам таи қарордоди нангини дигаре тавассути ҳамин амир Абдураҳмонхон ба Русия тазорӣ дода шуд. Мутолибаи истирдоди ин манотиқро аммо мухолифони Дюранд ҳеч гоҳе матраҳ нанамудаанд, чун ба дарди пружаашон намехӯрад.