Нависанда: Алӣ Аскарӣ, таҳлилгар (Олмон), махсус барои “Сангар”
Талошҳои тозаи диплумотӣ, ки саранҷом бо тавофуқномаи сулҳ анҷомид ва бо миёнҷигарии давлати Трамп дар Миср имзо шуд, пурсишҳои ҷаддиеро дар бораи короии воқеӣ ва пойдории дарозмуддати он бармеангезад. Бо вуҷуди эъломияҳои пурсарусадо дар бораи “пешрафт”, ин тавофуқ, ки зери фишор ҳосил шудааст, ҳеҷ тазмини воқеӣ барои тарафайни даргир надорад ва дар асл, ҳалли масоили бунёдинро наздиктар намекунад.
Сухан бар сари халъи силоҳу инҳилоли комили Ҳамос аз як сӯ ва хурӯҷи комили Артиши дифоъи Исроил аз Навори Ғазза аз сӯи дигар аст. То замоне, ки ин масоили асосӣ ҳал нашаванд, ҳар гуна оташбас танҳо истироҳати муваққат аст, ки хаёле аз сулҳ эҷод мекунад, аммо решаҳои даргирии деринаро дастнахӯрда мегузораду минтақаро ба даври тозае аз таниш ворид мекунад.
Бозгардондани гаравгонҳо, гарчи ба ҷаҳониён ба унвони иқдоми инсондӯстона нишон дода мешавад, дарвоқеъ бештар тасвири зебо барои намоиш аст. Ин иқдом фишори афкори умумӣ бар давлати Исроилро коҳиш медиҳаду муҳимтар аз он, ба режими саҳюнистӣ имкон медиҳад дар ҳар лаҳза бо баҳонаи тозае амалиёти низомиро аз сар гирад.
Афзун бар ин, бо вуҷуди эъломи оташбас, Исроил ҳамчунон ба Навори Ғазза ҳамла мекунад, ки ин амр эътимоди ҷомеаи ҷаҳониро нисбат ба он коҳиш медиҳаду садоқати ниятҳояшро зери савол мебарад. Шояд раисҷумҳури Амрико тавониста бошад муваққатан худро ба унвони миёнҷии сулҳе муаррифӣ кунад, ки гуё муноқишаи деринаи арабу Исроилро ҳал кардааст, аммо суханони ӯ дар бораи “фаро расидани сулҳ” ва “халъи силоҳи шибҳинизомиён” то кунун аз воқеият бисёр дур аст ва танҳо таноқузоти ҳалнашудау шиканандагии тавофуқҳои ба даст омадаро пинҳон мекунад.
Савобиқи адами иҷрои тааҳҳудот аз сӯи Исроил пештар низ вуҷуд доштаву мӯҷиби нигарониҳои ҷиддӣ аст. Барои намуна, пас аз оташбаси расмӣ бо Лубнон, неруҳои исроилӣ на танҳо фаъолияти худро коҳиш надоданд, балки ҳамалоти худ ба хоки Лубнонро афзоиш доданд, ки нишонае аз беэътиноӣ ба тавофуқҳои пешин буд.
Ин сенарияи нигаронкунанда имрӯз низ такрор мешавад. Бидуни фишори воқеӣ, маҳсусу пайвастаи байналмилалӣ бар Исроил, оташбас дар Навори Ғазза дар хатари фурӯпошӣ қарор дорад, ҳамонанди бисёре аз мавориди пешин. Набуди созукорҳои илзомовар барои иҷрои тавофуқҳо, талошҳои қудратҳои ғарбӣ барои таъсиргузорӣ бар раванди сулҳро амалан бемаъно месозад ва ба Исроил иҷоза медиҳад тибқи манофеи худ амал кунад.
Дар чунин шароите, идомаи ҷанг дар Навори Ғазза на танҳо абзоре барои дастёбӣ ба аҳдофи тактикӣ, балки танҳо роҳи ҳифзи қудрат барои давлати Бинёмин Нетаняҳу ба назар мерасад. Сиёсати ӯ таи солҳо бар пояи тақобул бо давлати Фаластин бино шуда ва сулҳи воқеӣ бо асоси ҳимояти интихобкунандагони ӯ дар тазод аст.
Бино бар ин, ҳар гуна талоши Ғарб барои таъсиргузорӣ бар раванди сулҳ дар минтақа, бидуни бознигарии бунёдин дар рӯйкардҳо аз ҷумла аъмоли фишори воқеӣ барои сулҳу тағйири парадигмаи сиёсӣ дар Исроил маҳкум ба шикаст аст. Минтақа ҳамчунон дар асорати даргирии доимӣ боқӣ мемонад ва Ғарб нотавонии худро дар ифои нақши зомини воқеии сулҳ ба намоиш мегузорад.