Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари масоили Афғонистону минтақа (Шветсария), махсус барои "Сангар"
Имрӯз музокироте ба манзури поёни танишҳову хатми ҷанг миёни ҳайате ба раҳбарии Мулло Муҳаммад Яъқуби Муҷоҳид, вазири дифои Толибон ва Абдулҳақ Васиқ, раиси истихбороти Толибон, бо ҳайати ҳамтои покистонииашан бо миёнҷигарии Қатару Чин ва ҳамкории Созмони Милали Муттаҳид дар Давҳа баргузор мешавад .
Ба бовари ман, ин музокирот ҳаргиз ба натиҷаи матлубу сулҳи пойдор дар Афғонистон нахоҳад анҷомид. Далоиле ки бар онҳо ин бовар устувор аст, ба шарҳи зер мебошад:
Нахуст, беэътимодии амиқе дар солҳои ахир миёни Толибону ҳукумати Покистон ба вуҷуд омадааст. Толибон бовар доранд ва таъкид мекунанд ки Покистон бо нигоҳи абзорӣ ба онон менигарад ва мехоҳад аз онҳо ба унвони олаи дасти сиёсӣ истифода кунад Дар муқобил, Исломобод Толибонро ба хиёнат пас аз ҳимояти бистсола муттаҳам мекунад .
Дувум, ихтилофи умда бар сари гуруҳи Таҳрики Толибони Покистон (TTP) аст. Покистон хоҳони саркӯби комили ин гуруҳ, коҳиши равобити толибони афғон бо ҳинд ва кантроли бештар бар сиёсатҳои амниятии Кобул аст. Аммо толибони афғон, ба далели пайвандҳои қавмӣ, мазҳабӣ ва идеологӣ ва ҳамчунин ба хотири байъати бархе аъзои худ бо Мулло Ҳайбатуллоҳ аз иқдом алайҳи толибони покистонӣ худдорӣ мекунанд ва ҳатто борҳо эълом кардаанд, ки ин гуруҳ дар Афғонистон ҳузур надорад .
Сеюм, тазод дар манофеи стратегӣ миёни Толибон ва Покистон аст. Толибон дар паи раҳоӣ аз нуфузи Покистон ва дастёбӣ ба истиқлоли сиёсиянд, дар ҳоле ки Исломобод мекӯшад Толибонро ҳамчунон дар мадори сиёсати худ ҳифз кардаву монеъ аз барқарории равобити онон бо соири кишварҳо бидуни ризояти Покистон шавад.
Ба бовари ман, ин музокирот мумкин аст дар кӯтоҳмуддат ба коҳиши муваққатии танишҳо ё оташбаси маҳдуди марзӣ бианҷомад, аммо дар миёнмуддату баландмуддат, то замоне, ки ду тараф ба эътимоди мутақобил, таърифи равшан аз равобити амниятӣ ва эҳтиром ба марзҳои миллӣ нарасанд, таҳаққуқи сулҳи пойдор баъид аст.
Дар натиҷа, ин гуфтугуҳо бештар ҷанбаи тактикӣ дорад то таҳаввули стратегӣ. Ҳарчанд мумкин аст Толибон дар баробари фишорҳои Чину Қатар то андозае нармиш нишон диҳанд, аммо дар маҷмӯъ, дастёбӣ ба сулҳи доимӣ миёни ду тараф дар ояндаи наздик имконпазир ба назар намерасад.