Иллати вархатоӣ (саросемагӣ)-и Исломобод чист?
Нависанда: Раҳматуллоҳ Набил, собиқ раиси Раёсати амнияти миллии Афғонистон
Аз сафарҳои ахири мақомоти мулкӣ ва низомии Покистон ба Вашингтон ва мулоқотҳои пушти дарҳои баста то ҳамзамонии он бо “мостмолӣ”-ҳои аланӣ дар стейҷҳои байналмилалӣ миёни мақомоти амрикоиву покистонӣ, равшан мешавад, ки Исломобод бори дигар дар талош аст пружаи “ноамнсозии муҳандисишудаи Афғонистон»-ро эҳё кунад; пружае, ки қарор аст ҳамчун гузашта ба унвони тахтаи хез барои судури ноамниҳо ба Осиёи Миёна ва марзҳои шарқии Эрон амал кунад.
Аммо он чӣ ин бор муодиларо мутафовит месозад, дарки тоза ва ҳамоҳангшудаи минтақа аз нақшу нияти Покистон аст. Бар хилофи солҳои гузашта, имрӯз на Осиёи Миёна дар халоъи амниятӣ қарор дорад, на Эрон, Чин, Ҳинду Русия аз вазъияти Афғонистону минтақа ғофиланд ва на ин кишварҳо ба осонӣ иҷоза медиҳанд Афғонистон дубора майдони бозии истихборотии Покистон ва муттаҳидонаш шавад.
Манобеъи огоҳи амниятии минтақаӣ аз таҳаррукоти ғайриодӣ дар манотиқи Мастунги Балучистон, Малоканди Боҷавур ва Вазиристонҳо хабар медиҳанд; манотиқе, ки гуфта мешавад маҳалли истиқрору омӯзиши воҳидҳои вобаста ба шохаи ДОИШи Хуросон шудаанд. Тарҳи Исломобод зоҳиран бар истифода аз ин шабакаҳо ба унвони абзори фишор бар Толибон ва дар айни ҳол ба унвони “барги муомила” бо Вашингтон ва ҳатто бо бозигарони минтақа аст; яъне, эҷоди таҳдид ва сипас пешниҳоди маҳори он.
Аммо ба назар мерасад ин бор минтақа пешдастӣ кардааст. Шавоҳиде вуҷуд дорад, ки бархе бозигарони минтақаӣ, аз ҷумла Эрон, Ҳинд ва Русия дар пайи онанд, ки дар сурати амалиётӣ шудани ин марокиз, доманаи даргириро аз навоҳии хати Дюранд ба дохили хоки Покистон мунтақил кунанд. Манобеъи мустақил ҳатто аз имкони таҷҳизи режими Толибон бо паҳподҳои бидуни нишона сухан мегӯянд, ки ҳадафи он ҷилавгирӣ аз густариши “пружаи ноамнии иҷораӣ” аст.
Дар ҳамин ҳол, фаъол шудани дубораи Ҳинд дар парвандаи Афғонистон, тамосҳои истихборотии пайдарпайи Деҳлӣ бо Кобул ва сафарҳои маҳрамонаи ҳайатҳои амниятии Чин ба Афғонистон, ки охирини он рӯзи панҷшанбеи гузашта ба таърихи 23 октябри соли ҷорӣ буд, нишондиҳандаи афзоиши нигаронии қудратҳои осиёӣ аз нияти воқеии Покистон аст. Шитоби Русия дар наздик шудан ба Толибон низ эҳтимолан ношӣ аз иттилооту дарки пешини ин кишвар аз тарҳҳои ноамнсозии минтақаӣ тавассути Покистон ва муттаҳидонаш аст. Чин, бавижа пас аз сармоягузории ҳангуфт ва баъд аз он ҳамалоти мукаррар бар атбоъ ва пружаҳояш дар Покистон ва муомилоти пинҳониаш бо Амрико ба ин натиҷа расида, ки Исломобод дигари шарики қобили эътимод нест, балки манбаъи музмин аз бесуботӣ аст.
Аз сӯи дигар, вазъияти дохилии Покистон низ барои иҷрои чунин пружаи мусоид нест: буҳрони иқтисодӣ, фирори сармоя, фурӯпошии машрӯъияти сиёсӣ, шикоф миёни ниҳодҳои низомиву мулкӣ ва афзоиши ҳамалоти Таҳрики Толибони Покистон (TTP) ва дигар гуруҳҳо, ки вориди эътилофи нонавиштае алайҳи ҳукумат шудаанд, ҳамагӣ нишонаҳоеанд, ки ин кишвар беш аз ҳар замони дигаре даргири заъфи фарсойиши дарунӣ аст. Дар чунин вазъияте, бозӣ бо корти ноамнии Афғонистон ва табдил кардани он ба тахтаи хезе барои бесуботсозии минтақа, мумкин аст охирин, аммо хатарноктарин барг барои худи Покистон бошад.
Ба баёни дигар, Покистон ин бор дар ботлоқе фурӯ хоҳад рафт, ки худ онро халқ кардааст. Солҳо бозии дугона бо Вашингтон, истифодаи абзорӣ аз гуруҳҳои ниёбатӣ ва содироти буҳрон ба дигарон, акнун домани худи ин кишварро гирифтааст. Фурӯ рафтан дар ин ботлоқ на танҳо заминаи бесуботии дохилиро ташдид карда, балки ба бозигарони минтақаиву ҷаҳонӣ ин фурсатро дода то аз сардаргумии Исломобод ба нафъи худ баҳра бибаранд.
Эҳтимоли он низ вуҷуд дорад, ки бо афзоиши ҳамалоти террористӣ ва густариши танишҳо, баҳс дар бораи амнияти силаҳҳои ҳастаии покистонӣ бори дигар дар дастури кори маҳофили байналмилалӣ, аз ҷумла Шӯрои амнияти Созмони Милал, қарор гирад, бавижа пас аз поёни парвандаи ҳастаии Эрон, мумкин аст тавваҷуҳи қудратҳои ҷаҳонӣ ба самти хатари силаҳҳои ҳастаӣ дар дасти ҳукумати мутазалзилу ғайримасун будани он маътуф шавад.
На минтақа ҳамон минтақаи ду даҳа пеш аст ва на Покистон ҳамон Покистони собиқ. Мувозинаи ҷадиди қудрат дар Осиё дигар ба содагӣ иҷоза нахоҳад дод, ки кишваре бо абзори террор, эҷоди паноҳгоҳ барои гуруҳҳои ниёбатӣ ва сиёсатҳои дугона, ояндаи сулҳу саботи минтақаро ба гаравгон бигирад.
Ин бор агар оташи ноамнӣ забона кашад, шуълаҳояш пеш аз ҳар ҷои дигар, домани созандаи онро хоҳад гирифт.