Раисҷумҳури Русия ба Ҷабҳаи муқовимати миллӣ “чароғи сабз” хоҳад дод?
Нависанда: Фарид Аҳмад, сардабири “Сангар”
Русия аз фазои сиёсӣ ва низомӣ, ки болои Афғонистон ба суръат дар ҳоли тағйир аст, сахт нигарон шудааст. Чанд рӯз қабл вазири дифоъи Русия Сергей Шойгу аз ташдиди фаъолиятҳои созмонҳои байнулмилалии террористӣ дар Афғонистон шадидан изҳори нороҳатӣ кард. Як рӯз баъд бори аввал дар таърих дар чунин чаҳорчӯб нишасти вазирони дифоъи Осиёи Марказӣ ва Русия баргузор шуд ва мавзӯъ танҳо фаъолиятҳои афзояндаи созмонҳои террористӣ дар Афғонистон буд.
Дар ин нишастҳо чӣ тавофуқ шуд, маълум нест. Низомиҳо, тибқи маъмул, бояд амал кунанд, на ҳарф бизананд. Аз вазъи Афғонистон Русия дар мулоқоти БРИКС низ таъкид намуд. Рӯзҳои ахир Маскав бештар аз Украина дар мавриди Афғонистон ишораҳои ҷиддӣ мекунад.
Ин нигарониҳо бепоя нестанд. Амрико, қудрате, ки Афғонистонро ба созмонҳои террористӣ таҳвил дод, боби ҷадиде дар сиёсати афғониаш боз карда, дар садади бозгашт аст. Том Вест, ҷойнишини Залмай Халилзод, намояндаи вежаи Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар умури Афғонистон, талош дорад, то дар Афғонистон як “ҳукумати ҳамашумул”-и ба табъи худро сари кор орад. Онҳое, ки имрӯзҳо ба Кобул меоянд, дастнишондаҳои кишварҳои ҳамкор дар ин барномаи Амрикоянд. Як гоми дигар талош барои ҷалби чеҳраҳое аз муқовимати зиддтолибонии муқими Туркияву Иморати Муттаҳидаи Араб ва Аврупо, ки дар Шӯрои олии муқовимат барои наҷоти Афғонистон ҷамъ омадаанд, ба ин тарҳ аст. Пуштибонии бархе аз гӯруҳҳои амрикоӣ аз Ҷабҳаи муқовимати миллӣ низ танҳо ба ҳамон хотир аст, ки мухолифони аслии Толибонро низ вориди ин муомила кунанд.
Аз сӯи дигар, Амрико мувофиқат кард, ки низоми бонкии Афғонистонро барқарор хоҳад кард. Ин гапу тасмими нав нест. Вашингтон пинҳонӣ моҳона 34 миллион долларро ба ҳисоби Бонки миллии Афғонистон ворез мекунад. Кӯмакҳои байнулмилалӣ ва созмонҳои хайрия, ки дар ихтиёри ҳукумати Толибон гузошта мешаванд, низ бо ризоияти Вашингтон сурат мегирад. Афғонистон, ё Толибон, дар бонкҳои Амрико ва Аврупо қариб 10 миллиард доллар пули масдудшуда дорад. Ин пул дар ихтиёри Толибон гузошта хоҳад шуд, ё шуда равон аст, аммо бар иваз чӣ? Ҳатман шарти аслӣ дурӣ аз Русияву Чин ва ҳамкорӣ бо Амрикост. Он ҳам чӣ ҳамкорӣ? Тақвияти созмонҳои террористӣ, қабл аз ҳама, ДОИШ, ки комилан дар шимоли Афғонистон ҷойсозӣ шудаанд. Фақат як каме фурсат кор аст, то онҳо пурра омода ва тамомайёр вориди саҳна шаванд.
Хуллас, Русия дар ғафлат намонд. Маскав аз Толибон ҳанӯз замони имзои Созишномаи Доҳа миёни ин гуруҳ ва Амрико роҳашро ҷудо карда буд. Бағалкашиҳои дипломатӣ, ки тими Замир Кобулов, намояндаи вежаи Русия дар умури Афғонистон бо ҳайатҳои Толибон дорад, фиреби назар ва вақткушӣ аст. Аммо низомиҳои рус сари толиб ва исломи тундрав ба услуби Ал-қоида ва ДОИШ, ки ӯ дорад, ҳеҷ гоҳ эътимод ва ризоият надоштанд ва нахоҳанд дошт. Онҳо тамоми асноду шавоҳидро дар даст доранд ва таҳаррукоти ин созмонҳоро таҳти пуштибонии Толибон таъқиб мекунанд. Натиҷагирии онҳо ин аст, ки Амрико дигарбора талош дорад ба дасти Толибон ҳамон тарҳи анҷомношудаи эҷоди артиши бузурги террористӣ алайҳи Русияву Чин дар Афғонистонро ниҳоӣ кунад. Рисолати аслии Толибон низ ин аст ва ба ҳамин хотир зимоми умур ба дасти онҳо дода шуд. Бозгашти Амрико ба хотири “ҳукумати ҳамашумул” ва “сулҳу субот” дар Афғонистон нест, балки ба хотири ҷанги дигар бо Русияву Чин аст.
Нигарониҳои Шойгу ба ин маъност, ки косаи сабри низомиҳои рус лабрез шудааст. Дар Маскав ба ин натиҷа расидаанд, ки дигар вақти таъхир кардан нест.
Ҷанги Балхоб ба оташи нигарониҳои Русия равған рехт. Гумон мерафт, Эрон пушти Мавлавӣ Маҳдии Муҷоҳид, раҳбари муқовимати Балхоб, қарор дорад, ки ҳаққи ҳазораҳои шиаро даъво кард ва аҳли ташаййуъро ба кӯмак хост. Аммо намояндаи вежаи Эрон дар умури Афғонистон Ҳасан Козимии Қумӣ ҷанги Балхобро “фитнаи Амрико” хонд. Иттилооти мувассақ аз Балхоб вуҷуд дорад, ки теъдоди касире аз муқовиматгарон байрақи ҷумҳуриятро дар мотосиклҳои худ насб карда буданд. Ҳеҷ аҷобат надорад, ки амрикоиҳо тариқи муфризаҳои низомӣ аз даврони ҷумҳурият дар сафи неруҳои Маҳдӣ нуфуз карда бошанд, аммо дар умум Маҳдии ҳазора, мисли Аҳмад Масъуди тоҷик, ҳеҷ гоҳ ҳамкори Амрико буда наметавонад. Ҳамкори Амрико Толибони паштун аст. Зоҳиран, чиғу фарёди Эрон, агар ин ҷо бозии истихборот ва дипломатия дар миён набошад, аз хавфи маҳрум шудан аз нуфуз болои ҳазораҳои шиа аст, ки тайи 40 сол ахир онҳоро бар хилофи манфиаташон ба “табаъа тобиин ”-и сиёсатҳои худ табдил кардааст.
Амалан тамоми муқовимати зиддтолибонӣ дар “Бозии бузург” дар Афғонистон дар канори Русия қарор гирифтааст. Шояд русҳо мунтазир чунин рӯз буданд.
Дар чунин шароит сафари Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва аз муассиртарин чеҳраҳои ҷаҳони имрӯз, ба Душанбе сурат мегирад. Ин аввалин сафари хориҷии ӯ пас аз “амалиёти вежаи низомии Русия дар Украина” аст, ки фоли нек барои тамоми муқовиматгарони Афғонистон буда метавонад. Русия дигарбора ба Афғонистон бармегардад.
Аммо оё Путин ба Ҷабҳаи муқовимати миллӣ “чароғи сабз” медиҳад? Посухи ин саволи таърихиро ин сафари таърихӣ хоҳад дод.