Оё Русия Толибонро ба расмият мешиносад?
Нависанда: Файёз Баҳрамон Наҷимӣ, таҳлилгари умури байнулмилал, узви Шӯрои машвараи “Сангар”
Дар рӯзҳои гузашта баҳси густурда дар мавриди ба расмият шинохтани Толибон дар ояндаи наздик тавассути Русия шабакаҳои иҷтимоиро пур намуд. Бахши бузурге аз корбарони порсизабон хашмашонро иброз намуданд ва корбарони афғон/паштунтабор аз он истиқбол намуданд.
Хониши ҳадди ақали ёддоштҳо ба вазоҳат нишон дод, ки мардумони ҷуғрофияе ба номи Афғонистон бовар ба овозаҳо доранд, то зеҳни ковишгар ва шаккок. Кӯчактарин хабари ғалат бузургтарин таъсир бар эҷоди ҳаяҷони зудгузари вокунишӣ дар даруни онҳо дорад. Пас аз хатми ҳаяҷон ба ҳолати қаблӣ бар мегарданд ва ҳама чизро фаромӯш мекунанд.
Замир Коблов, мудири шуъбаи дуюми Ҷануби Осиёи Вазорати хориҷаи Русия дар барномаи “Бозии бузург” - и телевизиони Яки Русия гуфта буд: “Чашмандози равшан вуҷуд дорад, шароитро ҳам раисҷумҳури Русия ва ҳам вазири умури хориҷа нишон додаанд ва он эҷоди ҳукумати ҳамашумул ба иштироки ҳама шахсиятҳои сиёсии ақвом аст”.
Ӯ гуфта буд: “Аввалин гом ба сӯи як роҳи ҳал, эҷоди як ҳукумати қавмӣ-сиёсии фарогир дар ҷумҳурӣ хоҳад буд”.
Тамоми сиёсатгарҳо, аз ҷумла Ҷабҳаи муқовимат ба раҳбарии Аҳмади Масъуд чунин хостҳо доштаанд.
Аммо:
Қасам, ки борҳо навиштаам ва дар чанд сӯҳбат бо барномаи “Ҷумҳурии панҷум” ҳам такрор намудаам, Замир Коблов як мудир дар вазорати хориҷаи Русия аст, аз тими Козирев, вазири хориҷаи собиқи Русия ва хеле мутамоил ба Амрико.
Путин инҳоро “сутуни панҷум” номид ва гуфт: “Онҳое, ки фирор мекунанд, масирашонро интихоб намудаанд. Аммо касоне, ки дар ин ҷо нишаста ва барои манофеъи дигар кишварҳо фикр мекунанд, хатарноканд, чун инҳо “сутуни панҷум” мебошанд”.
Дар Вазорати хориҷаи Русия чунин ашхос пур аст ва Замир Коблов низ яке аз онҳо мебошад.
Дар атрофи Путин ду гурӯҳ вуҷуд дошта: яке либералҳо ва дигар “шоҳин” - ҳои қудрат ё радикалҳо.
Пас аз оғози ҷанг дар Украина ва, ба вижа, замоне ки музокиракунандагони сулҳ дар Туркия ба раҳбарии Медински, ёвари Путин фиреби Украина ва Ғарбро хӯрда ва тақозои ақибнишинӣ аз атрофи Киевро намуданд, аз он замон мавозеъи радикалҳои милитарист ба суръат рӯ ба сууд аст.
Радикалҳо оғоз карданд, ки Русияро ба сӯи системаи сталиинистӣ баргардонанд, ки то 1954 давом кард ва баъд аз он фурӯпошии Шӯравӣ оғоз шуд ва як давраи 35-соларо то интиҳо паймуд.
Қазияи ба расмият шинохтани Толибон низ як мавзӯъ дар байни ду гароиш - ғарбгароӣ ва суннатгароии натсионалистӣ дар даруни қудрат дар Русия аст.
Дмитрий Песков як рӯз пас аз суханони Коблов ба хабарнигорон гуфт: "То кунун сӯҳбате дар мавриди шиносоии Толибон нашудааст. Мо борҳо дар ин маврид сӯҳбат кардаем. Акнун ҳар пешбиние бефоида аст. Мушкилоти башардӯстонаи зиёде [дар Афғонистон] вуҷуд дорад, ки бисёре аз кишварҳоро маҷбур ба барқарории тамосҳои хос мекунад".