Оё нишасти Самарқанд ба иҷмоъи минтақаӣ сари Афғонистон мерасад?
Нависанда: Муҳаммад Қодир Мисбоҳ, таҳлилгари умури минтақа (Олмон)
Тай камтар аз ду сол ин чаҳорумин нишаст перомуни вазъияти сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Афғонистон аст.
Аввалин нишаст зери номи ибтикори Исломобод барои тавсеа ва рӯйкарди минтақаӣ дар қиболи Афғонистон, ки дар моҳи сентябри 2021 дар Исломобод баргузор шуд, ки намояндагони кишварҳои Чин, Русия, Эрон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ширкат доштанд. Он вақт Покистон нахуствазире ба номи Имронхон дошт, ки ба шиддат ба дунболи иҷмоъи минтақаӣ ва татҳири чеҳраи Толибон дар маҷомеъи байналмилалӣ метапид ва ҳатто омӯзишу таълим ва тарбияи бонувонро хилофи фарҳанг дониста буд ва ӯ ба дунболи ишғоли геоиқтисодӣ ва тороҷи маодини Афғонистон аз тариқи хаскашии зуғолсанг, санги мармар, санги кремолит, сурб ва лоҷувард ва... буд, ки ҳатто тавассути шуморе аз фармондеҳони Толибон ба паймонаи занги чур пеш рафта буд. Вазири хориҷаи Покистон ҳамоҳангии наздики кишварҳои ҳамсояи Афғонистонро ягона роҳи ҳалли суботу ҳалли муъзалоти кумакҳои башардӯстона баршумурда буд ва бар тааҳҳуди Исломобод аз тариқи боз гузоштани дарвозаҳои тиҷоратӣ бар даҳлезҳои Кобул ва рафту омад таъкид доштанд.
Дувумин нишаст дар моҳи октябри 2021 дар Теҳрон баргузор шуд, ки вузарои хориҷаи Покистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон мустақим ва вузарои хориҷаи Чину Русия ғайриҳузурӣ ширкат карда буданд. Мақомҳои эронӣ гурӯҳи Толибонро ҷунбиши асили минтақаӣ унвон карда буд, ки дар муқобили таҷовузи Амрико ва авомили он истодагӣ кард. Эрон аз кишварҳои минтақа хоста буд, ки аз талош барои дастёбӣ ба сулҳи пойдор ба сурати муштарак ва ҳамоҳанг кор кунанд ва аз ташкили давлати фарогир, амнияти марзӣ ва роҳҳали сиёсӣ бо ҳукумати сарпарасти Кобул музоиқа накунанд.
Севумин нишаст дар моҳи марти 2022 дар Ҷумҳури халқии Чин бо ҳузури вузарои хориҷаи Покистон, Эрон, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қатар ва Индонезия бар хилофи ду нишасти қаблӣ Амирхон Муттақӣ, вазири хориҷаи худхонда Толибон дар Кобул низ дар он ширкат доштанд, баргузор шуд. Ин нишаст бо паёми Ши Ҷин Пинг шурӯъ шуд. Дар он паём гуфта буд, Афғонистон ҳамсояву шарики муштараки ҳамаи кишварҳои ширкаткунанда аст ва мо ҷомеаеро бо ояндаи муштарак ташкил медиҳем, чун Афғонистон босубот, сулҳомез ва дар ҳоли тавсеа ва шукуфоӣ орзуи ҳамаи мардум ин кишвар ва дар ростои манофеъи муштараки кишварҳои минтақа ва ҷомеа ҷаҳонӣ аст.
Дар севумин нишасти кишварҳои Русия, Эрон, Покистон ва Чин ошкоро аз мавҷудияти гурӯҳҳои террористӣ, ДОИШ, Алқоида, Толибони покистонӣ, Таҳрики Туркистони Шарқӣ, маводи мухаддир ва қочоқи силоҳ ибрози норизоятӣ карданд ва мавзӯъи расмият ёфтани давлати Толибонро ба ризояти кишварҳои минтақа аз ин гурӯҳ ёд карданд.
Акнун чаҳорумин нишасти вузарои хориҷаи кишварҳои минтақа мутобиқи барномаи аз қабл додашуда барои ҳалли буҳрони Афғонистон дар Самарқанди Ӯзбекистон баргузор шуд, ки дар он Сергей Лавров, Чин Нонг, Сироҷуддин Муҳриддин, Бахтиёр Саидов, Ҳино Раббонӣ, Амирҳусайн Абдуллоҳиён ҳузур доранд. Оё қадамҳои амалӣ барои тасҳили ҳаллу фасли буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, амнияти Афғонистону минтақа ва ҳамчунин муборизаи муштарак бо терроризм, ифротият, маводи мухаддир ва ДОИШ, ки аз ҷумла нигарониҳои аслии кишварҳои минтақа аст, бардошта шудааст?
Ба назар мерасад, ки ин нишастҳо на танҳо роҳкори амалӣ барои суботу тавсеаи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, амниятӣ ва падидаи муҳоҷират, ҳаросафганӣ, ифротият, терроризм ва маводи мухаддир ироа намекунад, ки фасли тозае бар идомаи доманаи буҳрон боз мекунад. Толибони покистонӣ бо фишурдани гулӯи давлати Покистон амалан рӯзе нест, ки ба бадамнии он кишвар доман назанад. Гурӯҳи ДОИШ ҳамвора яке аз дағдағаҳои аслии ҳукумати худхондаи талабаҳо дар Кобул аст. Хезишҳои хиёбонии давлати Ҷумҳурии Исломии Эронро ба нафастангӣ мубтало карда ва Тайвану Украина ба падидаи ҷадиди рӯёрӯии Ғарб, Чин ва Русия табдил шудааст. Гурӯҳҳои такфирӣ бо абзори динӣ ба ташвиқу истодагӣ дар даруни Осиёи Миёна алайҳи давлатҳои минтақа ҷасорат ёфтааст. Агар ин маворид натавонад дар барномаи нишасти Самарқанд посухи муносиб пайдо кунад, ба эҳтимоли зиёд, ки фарбеҳ шудану густариши ҳаросафганӣ ба дастҳои ғайбӣ ва блоки Ғарб паёмадҳои нохостае аст, ки кишварҳои минтақаро бисёр арзон тӯъмаи худ хоҳанд сохт.