Хабари рӯз

Бо он ки аз қулдрбозиҳои судҷуёнаи Амрико ҷони аврупоиён ба лаб расида ва намехоҳанд дар ҷангҳои судҷуёнаи Амрико саҳм бигиранд, аммо то ҳанӯз тавони истодан ва на гуфтан дар баробари қудрати қаҳҳори Амрикоро надоранд

Нависанда: Исмоил Фурӯғӣ, таҳлилгар (Олмон)

Изҳороти ба зоҳир инқилобӣ ва истиқлолталабонаи ахири Эмануел Макрон, раисҷумҳури Фаронса дар поёни боздиди пурдастовардаш аз Ҷумҳурии Халқии Чин, вокунишҳои шадиди раҳбарони Аврупоро барангехта ва утоқҳои фикрии арсаҳои муҳимми сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятии Аврупоро ба андеша водоштааст.

Макрон пас аз истиқболи шондори таърихӣ аз сӯи раҳбарони Чин ва пас аз бигӯмагӯҳои сахти пушти дарҳои баста бо Ши Ҷин Пинг, раисҷумҳури муқтадири Чин, дар охирин конфронси хабариаш бо сароҳат ва бо садои баланд гуфт, ки: "Дар таҳаввулоти Тайван, Аврупо бояд бетараф боқӣ бимонад. Аврупо аз ташдиди буҳрон дар Тайван ҳеҷ нафъе ба ҷуз зиён нахоҳад бурд. Аврупо бояд ба як қутби севуми мустақил аз Вашингтон ва Пекин мубаддал шавад..."

Раисҷумҳури Фаронса зимн ин мусоҳибаи хабарӣ ба равшанӣ эълом кард, ки: "Хатари бузурге, ки Аврупоро таҳдид мекунад, гирифтор шудан дар буҳронҳоест, ки ба нафъи Аврупо ва барои Аврупо нест."

Ӯ бо ҷидият таъкид кард, ки:"Аврупо бояд дар баробари фишорҳои мавҷуд, ки Аврупоро ба думболаравҳои Амрико табдил менамояд, муқовимат ба харч бидиҳад..."

Ингуна изҳороти сахту сареҳи як раисҷумҳури муқтадири Аврупо, ки бо вокунишҳои манфии бархе раҳбарони муҳофизакор ва тарсуи Аврупо мувоҷиҳ шуд, бетардид реша дар андешаҳои роҳбурдии "истиқлоли стратегӣ" барои Аврупо дошта ва хостори истиқлоли сиёсӣ-иқтисодӣ ва афзоиши тавони дифоъии Аврупо бидуни вобастагии комил ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мебошад.

Ин гуна изҳорот агар аз як сӯ метавонад масрафи таблиғотии дохилӣ барои мавқеияти ҳассоси кунунии раисҷумҳур Макрон дошта бошад, аз ҷониби дигар метавонад иттиҳоди калидӣ миёни Аврупо ва Амрикоро шадидан таҳдид ва тазъиф намояд.

Ва билохира ин гуна изҳорот, бозтоби равшанест аз ҳақоиқи талху душвориҳои бешумори дарунии Аврупо, ки ҳама аз асари дунболаравиҳои бечунучаро аз Амрико ва саҳмгирӣ дар ҷангҳову буҳронҳои беҳудае, ки Амрико халқ намуда, ба вуҷуд омадааст.

Ба бовари нозирон ва таҳлилгарон, ин изҳороти сареҳи Макрон дарвоқеъ идомаи ҳамон мавзеъгирии қотеъи Аврупоиён дар баробари "Қонуни коҳиши таваррум" Амрикост, ки чанде пеш барои ҳимояти сармоягузорӣ дар Амрико ба тасвиб расидааст (Қонуни коҳиши таварруми Амрико, шомили ёронаҳои гунагун ба сармоядорон ва шомили 370 миллиард доллар барномаи кӯмакӣ ба сармоядоронест, ки дар бахши энержии пок, мошинҳои барқӣ, батариҳо ва обуҳаво дар Амрико сармоягузорӣ менамоянд).

Ин иқдоми яктарафаи Вашингтон, ки Аврупоро ғофилгир кардааст, метавонад сармояҳои тавлидии бузургеро аз Аврупо ба Амрико интиқол дода ва тиҷорату саноеъи аврупоиро шадидан мутазаррир созад. Дуруст пас аз тасвиби ҳамин қонун ҳам буд, ки Эмануел Макрон пешопеш соири раҳбарони Аврупо ба сароҳат хостори истиқлоли иқтисодии Аврупо аз Амрико шуда гуфта буд, ки: "Ин қонун таҳдиде барои таҷзияи Ғарб буда, мумкин аст мушкилоти Амрикоро ҳал намояд, аммо мушкилоти Аврупоро ташдид хоҳад кард... Аврупо бояд ба қонуни Амрико дар мавриди коҳиши таваррум, вокуниши қавӣ нишон бидиҳад..."

Муттакӣ ба ин ҳақоиқ аст, ки метавонем ба сароҳат бигӯем, бо он ки аз қулдрбозиҳои судҷуёнаи Амрико ҷони аврупоиён ба лаб расида ва намехоҳанд дар ҷангҳои судҷуёнаи Амрико саҳм бигиранд, аммо то ҳанӯз тавони истодан ва на гуфтан дар баробари қудрати қаҳҳори Амрикоро надоранд. Дар чунин вазъият, ҷасорати оқои Макрон дар поёни боздидаш аз Чин, метавонад нуқтаи атфе бошад барои бедорӣ ва наҷоти Аврупо аз тасаллути ҳаштодсолаи Амрико бар ин қораи сабз, ки бояд мавриди ҳимоят қарор бигирад...


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!