Хабари рӯз

Муаллиф: ҲОҶӢ МУҲАММАДИ МУҲАҚҚИҚ, яке аз раҳбарони ҳазора

Қазия замоне хатарноктар мешавад, ки ин кишвари паҳновар бо доштани ҳудуд беш аз 2 700 000 (ду миллиону ҳафтсад ҳазор километри мураббаъ), нӯҳумин кишвари бузурги ҷаҳон аз назари вусъати хок ва бо доштани манобеъи сарсомовари маодини зерзаминӣ, ки бо Русия ҳазорон километр марзи муштарак ҳам дорад, дар ихтиёри терроризми байнулмилалӣ ва дар дастраси ҳарифони байнулмилалӣ ва минтақаии Русия қарор бигирад, ки он гоҳ Русия дар марзҳои шарқии ҳазоронкилометрии худ даргир хоҳад шуд, ба маротиб хатарноктар аз Украина, зеро бо суқути Қазоқистон кишварҳои ҳамсояи шарқии он низ ба шиддат осебпазир хоҳад шуд.

Беҷиҳат нест, ки таҳрики “Толибон” хостори бархӯрди мусоламатомез бо шӯришён ва ҳаллу фасли қазия аз тариқи гуфтугӯ гардиданд, ки ин як навъ изҳори ҳамдардӣ аз сӯи “Толибон” бар шӯришиёни қазоқистонӣ талаққӣ мешавад ва низ баъзе хабаргузориҳо навиштанд, ки пушти сари тазоҳуркунандагони қазоқ шӯришиёни мусаллаҳе ҳастанд, ки дар Афғонистон дар ҷанг буданд.

Кишвари дӯст ва бародари фароқораӣ Қазоқистон дар Осиёи Миёна аз ҷиҳоти мухталиф дорои аҳамият аст, аз назари ҷуғрофиёӣ аз шимолу шарқ бо ду кишвари паҳновар ва муқтадир Русия ва Чин ва аз ҷануб бо кишварҳои Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон ва аз Ғарб бо Русия тариқи баҳри Хазар бо Озарбойҷон муттасил аст.

Кишвари Қазоқистон васеътарин заминҳои зироатиро дар ихтиёр дорад ва манобеъи зерзаминии он, хусусан нафту газ ва санги ураниуми он саромад аст ва аз сӯи дигар шарики мутмаини тиҷорати Афғонистон буда ва содироти орду гандуми он барои мутаодил нигаҳ доштани бозори маводи ғизоӣ барои Афғонистон, ки дар даҳаҳои ахир дучори камбуди мавод аввалияи ғизоӣ буда, аз аҳамияти зиёде бархӯрдор будааст.

Бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти геополитикӣ ва иқтисодии ин кишвар ва хатари дастандозиҳои тамаъварзон ба манобеъи ғанӣ ва расидан ба нуқоти стратегии амниятии он кишвар зарурат эҳсос мешавад, ки амният дар ин кишвари муҳим бештар аз пеш мавриди таваҷҷуҳ қарор гирад. Ҳаводиси ахири пойтахт ва бархе шаҳрҳои бузург ва ғорати сармояҳои миллӣ мояи нигаронии ҷиддӣ барои дӯстони Қазоқистон дар Афғонистон шудааст.

Аз ин ки кишвари дӯст Қазоқистон узвияти комили Паймони Амнияти Дастаҷамъиро дорад, ки Русия бунёнгузори он мебошад ва ҳамчунин Афғонистон узви нозири ин паймон мебошад, мо нигаронии хешро аз ҳаводиси ахир ва вуқӯъи ҳаводиси ногувор иброз намуда ва мӯътақид ҳастем, ки суботу амният дар Қазоқистон зарурати ҳама кишварҳои узв ва минтақа ҳаст ва бояд таваҷҷуҳ ба ҳифзи субот аз авлавияти боло бархӯрдор бошад, ки ташрики масоии кишварҳои узви паймон ва пойдории неруҳои амниятии ин кишвар мӯҷиби бозгашти амният ба ин кишвар гардид.

Барои кишвари бародари Қазоқистон оромӣ ва рифоҳ орзу мекунам.


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!