"Мо сабр нахоҳем кард то дунёи ҷадид бидуни иродаи мову миллатҳои дигари ҷаҳон шакл бигирад..."
Нависанда: Исмоил Фурӯғӣ, таҳлилгар
Иттиҳоди стратегии миёни Русия ва Чин, ки аз даҳ сол ба ин сӯ бо ҷидият ба пеш меравад, пас аз бӯҳрони Украина ва пас аз баҳонагириҳои таҳриккунандаи Амрико дар хусуси Тайван, устувортар ва маҳкамтар аз пеш гардидааст. Ин иттиҳод замоне пояҳои пӯлодин ёфт, ки ду кишвар пас аз сафари охири Владимир Путин ба Чин тайи баёнияи муштараке эълом карданд, ки: "Дӯстӣ байни ду кишвар ҳеҷ маҳдудияте намешиносад."
Муттакӣ ба ҳамин дӯстии бидуни маҳдудият аст, ки Чину Русия барои истиқрори назми навини чандқутбӣ, одилона ва демократӣ мустақиман бо ҳам ҳамкорӣ карда ва бо матонату ҷиддият дӯшодӯши ҳам ба пеш гом мегузоранд.
Ҳарду кишвар ҳамгом бо Ҳиндустон, Бразил, Африқои Ҷанубӣ, Туркия, Эрон, бархе кишварҳои қудратманди арабӣ, африқоӣ ва Амрикои Лотин саъй бар он доранд то ҷаҳонро аз зери тасаллути истисморгарона ва зӯргуёнаи молӣ, сиёсӣ - низомии Амрико раҳоӣ бахшида, назми одилонатари молӣ - сиёсӣ дар ҷаҳон барқарор намоянд.
Ҳарду кишвар ба ин бовар расидаанд, ки "ҳаққи ҳифозат аз забони модарӣ, ҳаққи иттико ба худ, ҳаққи доштани истиқлоли иқтисодӣ, ҳаққи доштани фанноварӣ ва худкифоии иқтисодӣ бо шароити баробар, ҳаққи тамоми мардуми рӯи замин аст..."
Ҳарду кишвар бо ҳамин бовар ки ҷаҳон ба таври ғайри қобили баргаште ба ноҳинҷориҳои гузашта барнахоҳад гашт ҳоло бо қомати устувор эълом кардаанд, ки: "Мо сабр нахоҳем кард то дунёи ҷадид бидуни иродаи мо ва миллатҳои дигари ҷаҳон шакл бигирад..."
Дар ҳамин ҷараён, таҳримҳои камаршикани Амрико алайҳи Русия ва идомаи таҳрикоту таҳримҳои гунагуни Амрико алайҳи Чин, сабаб шудааст то Русия ва Чин дар мавриди роҳкорҳои тозаи муқобилаи муассир дар баробари таҳримҳо ва шеваҳои ҷадид барои хариду фурӯши матоъҳояшон ва ҳатто ҷойгузинии арзи дигаре ба ҷои доллари Амрико, биандешанд ва ба он ҷанбаи амалӣ бибахшанд.
Маскав ва Пекин акнун ҳаҷми пардохтҳояшонро бо арзҳои миллии худ чунон афзоиш дода ва чунон созукореро ба вуҷуд овардаанд, ки таъсири манфии таҳримҳои якҷонибаи Амрико ба ҳадди ақал коҳиш ёфтааст.
Иттиҳоди стратегии Чину Русия, ки бо ақди даҳҳо қарордоди санъатӣ - тиҷорӣ - низомии ҷадид мустаҳкамтар аз пеш гардидааст, Иёлоти муттаҳидаи Амрико ва шарикони ғарбиашро чунон гичу сархӯрда кардааст, ки ҳатто имкони барҳам хӯрдани иттиҳодҳои қаблӣ миён онон ва тағйир дар низоми молии ҷаҳонро ба вуҷуд овардааст.
Қудратнамоиҳои низомӣ-амниятии Русия дар саҳнаи ҷаҳонӣ ва дар баробари он поён додани даврони инҳисори илмӣ - технологии Амрико ва муттаҳидонаш дар ҷаҳон тавассути Чин, хатми таърихи ҷаҳони такқутбӣ ва тасаллути сеқарнаи Аврупо ва Амрико бар сарнавишти ҷаҳонро рақам хоҳад зад.