Бо ангезаи натсионализм (миллатгароӣ)-и қавмӣ, Толибон ағлаб тоҷиконро зери теғ ё бо мили туфанг шиканҷа мекунанд.
Нависанда: Муҳаммад Носир Сиддиқӣ
Дар 15 августи соли пор, Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури вақти Афғонистон аз кишвар фирор кард. Аз қазо, Ғанӣ танҳо се моҳ қабл аз фирор ваъда дода буд, ки дар дифоъ аз кишвараш хоҳад мурд. Бо фирор кардан, Ғанӣ тасаллути Толибон бар Афғонистонро, ки тавассути паштунҳои монанди ӯ раҳбарӣ мешаванд, тасҳил кард.
Нозирони хориҷӣ воқеаҳои 15 августро "кудатои бидуни хунрезӣ" тавсиф карданд. Бо ин ҳол, барои миллионҳо нафар дар Афғонистон, ба вежа тоҷикон, ӯзбекҳо ва ҳазораҳо, тасаллути Толибон ба маънои бозгашт ба “ториктарин рӯзҳо” будааст.
Як режими хунин ва ваҳшӣ
Аксарияти мутлақи Толибон паштун ҳастанд. Ин қавм бо номҳои “афғон” ва “патон” низ ёд мешавад. Толибон як гурӯҳи миллатгарои қавмӣ ва фашисти мазҳабӣ ҳастанд, ки ақоиди қабилаӣ ва мазҳабиро дар ҳам меомезанд. Онҳо дар даҳаи 1990 бо зулму ваҳшигарӣ бар Афғонистон ҳукумат карданд.
Бо вуҷуди тамоми эътирозоташон дар расонаҳо, Толибон заррае ҳам тағйир накардаанд. Онҳо ба иртикоби ҷиноёт алайҳи занон, гурӯҳҳои иҷтимоии осебпазир ва гурӯҳҳои қавмии ғайрипаштун идома медиҳанд. Гузоришҳои мутааддид ҷиноёти ҷангии фаровони онҳоро мустанад кардааст. Толибон ҳанӯз ҳам муҷозотҳои золимонае монанд шаллоқ, қатъи узви бадан, сангсор, сар буридан ва соири намудҳои эъдомҳои фавриро эъмол мекунанд.
Филмҳо ва гузоришҳо аз қатлҳои ваҳшиёна, ба вежа тоҷикон дар конуни таваҷҷуҳ қарор гирифтааст. Толибон дар шимоли Афғонистон, ба вежа дар вилоёти Панҷшер ва Бағлон даст ба куштори беравия мезананд.
Ба таърихи 11 март, як видеои графикӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ даст ба даст шуд, ки кушта шудани ҳавлноки Билол Аҳмади 27-сола (дар акс), муаллими мактаби мутавассита дар дараи Ҳисораки вилояти Панҷшер, ба дасти ҷангҷуёни толибро нишон медиҳад. Дар 66 сонияи филм, аз Билол, як тоҷики форсизабон, ба забони пашту - забоне, ки дар Панҷшер сӯҳбат намешавад - ба таври мухтасар бозҷӯӣ ва сипас ба ӯ шиллик мешавад. Муҳаммад Рошид, бародари кӯчактари Билол, таъйид кард, ки марде, ки дар филми видеоӣ дида мешавад, бародари ӯст.
Дар як филми видеои 32-сонияии дигар, ки дар 13 март дар фазои маҷозӣ мунташир шуд, ба назар мерасад як ҷангҷӯи Толибон дар ҳоли бозҷӯӣ аз як марди ғайринизомӣ қабл аз тирандозӣ аз фосилаи наздик аст. Мақтул Хайруддин ном дошт. Нозирон хотирнишон карданд, ки ӯ эҳтимолан дар вулусволии Тола ва Барфаки вилояти Бағлон кушта шудааст. Билол ва Хайруддин ҳар ду ноноварони хонаводаи худ буданд. Аз ҳар ду бева ва фарзандони хурдсол ба ҷо мондааст.
Гузоришҳои мутааддиди дигаре аз қатлҳои ваҳшиёна мунташир шудааст. Пас аз дубора ба қудрат расидани Толибони паштун тоҷикон худро зери теғи бурандаи чоқу ё лӯлаи дудолуди туфанг мебинанд.
Чаро Толибон тоҷиконро ҳадаф қарор медиҳанд?
Аз замони таъсиси давлати муштарии Афғонистон тавассути Абдурраҳмонхон, ки аз 1880 то 1901 ҳукумат мекард, табақаи ҳокими паштун бо ноҳамгунии қавмии Афғонистон оштӣ накардааст. Ин табақа қасдан танаввӯъи қавмии Афғонистонро таҳдиде барои ҳукумати инҳисории худ медонад. Онҳо тасаввур мекунанд, ки мушорикати мусовии ғайрипаштунҳо дар фарри ояндаи сиёсии миллӣ ва маҳаллӣ, султаи онҳо бар қудратро хунсо мекунад. Ин тарси асосӣ аз тикка-тикка шудан, далели вуҷуди эҷоди як системи ҳукуматии бисёр мутамаркиз будааст, ки ҳамчунон дар инҳисори паштунҳо қарор дорад.
Қабл аз салтанати Абдураҳмонхон, таърихи паштунҳо ғарқ дар душманиҳои қабилаӣ ва даргириҳои дарунқавмӣ буд. Ҳарчанд Хон алайҳи паштунҳои Шинвор дар шарқ меҷангид, ӯ тавонист паштунҳоро то ҳудуде муттаҳид кунад ва таҷовузоти онҳоро алайҳи тоҷикон ва ӯзбекҳо дар шимол ва ҳазораҳо дар маркази Афғонистон ҳидоят кунад. Бо вуҷуди саркӯб, ҷавомеъи форсизабон пайваста дар баробари ҳукумат якҷониба паштун муқовимат кардаанд. Онҳо ҳамеша тарафдори системи ҳукуматдории ғайримутамаркиз дар Афғонистон будаанд.
Пас аз марги Хон, табақаи ҳокими паштун ба сиёсати саркӯби худ идома дод. Дар соли 1929, Ҳабибуллоҳ Калаконӣ, раҳбари мухолифи тоҷик, ки паштунҳо ба ӯ лақаби «Бачаи сақов”-ро дода буданд, то ӯро дар он замон дар як ҷойгоҳи иҷтимоии поинтар қарор диҳанд, барои муддати кӯтоҳе занҷири султаи такқавмии паштунҳоро шикаст. Тасаллут бо барканори Амонуллоҳхон, набераи Абдурраҳмонхон.
Дар соли 1992, Аҳмадшоҳ Масъуд, як нобиғаи низомии тоҷик, нерӯҳои худро ба Кобул ҳидоят кард. Масъуд бо шикаст додани ҳукумати коммунистии Афғонистон, ки мавриди ҳимоят Шӯравӣ буд, чархаи дигаре аз султаи гегемонии паштунҳоро шикаст. Бурҳонуддин Раббонӣ, тоҷик, раисҷумҳури Афғонистон шуд. Ин режим тавассути Толибон ба раҳбарии паштунҳо сарнагун шуд, ки баъдҳо бо Ал-қоъда тавтеа карданд то Масъудро ду рӯз қабл аз ҳамалоти террористии 11 сентябр террор кунанд.
Шуморе аз паштунҳо аз бозгашти Толибон сармаст ҳастанд. Онҳо ба гароишҳои идеологӣ ва урдугоҳҳои сиёсии мухталиф тааллуқ доранд. Бо ин ҳол, натсионализми қавмӣ бар эҳсосоти дигар ғалаба карда ва Афғонистонро дар чархаи дигаре аз хушунат фурӯ бурдааст.
Манбаъ: Fair Observer
Назароти баёншуда дар ин мақола мутааллиқ ба худи нависанда аст ва лузуман мунъакискунандаи хатти машйи виростории Сангар нест.
Дар бораи нависанда: МУҲАММАД НОСИР СИДДИҚӢ як мақоми собиқи давлатӣ ва коршиноси тавсеаи байналмилалӣ аст. Вай чандин симмт дар давлати собиқи Ҷумҳурии Исломи Афғонистон доштааст. Сиддиқӣ раиси умумии сиёсатгузориҳо ва барномаҳо дар вазорати давлат дар умури сулҳ ва раиси умумии ҳамоҳангӣ, назорат ва гузоришдиҳӣ ва ҳамчунин сарпарасти муовинияти сиёсати вазорат молия буд. Ӯ дар тӯли муддати тасаддии худ дар вазорати молия байни авосити соли 2019 то авоили соли 2021, созмондиҳандаи аслии конфронси Афғонистон-2020 дар Женева буд. Сиддиқӣ нозири таърихи сиёсии Афғонистон ва нависандаи мустақил ва мушорикаткунанда дар нашрияи Fair observer аст.