Намоиш ҷасади он ҷавон, намоиши ҷасади Абумуслим Хуросонӣ, Яъқуб Лайс, намоиши ҷасади сиёсии раҳбарон ва раҳбарчаҳо, намоиши ҷасади тоҷикон ва порсигуён ва намоиши ҷасади ҳамаи мост.
Нависанда: Наҷиб Борвар
Ба намоиш гузоштани ҷасади Суҳайл Измарай, яке аз бастагони Устод Атомуҳаммади Нур, реша дар рӯйкарди таърихӣ дорад. Пеш аз паштунизми сиёсӣ, хилофатҳои мутаҷовизи арабҳо низ силаҳшӯрони бумиро салоҳӣ мекарданд (гардан мезаданд), сарҳояшонро рӯи найзаи исломи сиёсӣ баланд мекарданд то касе ҷуръати эътироз надошта бошад.
Мо ҳазорон бор гуфтем, ки роҳи ҳал, мубориза алайҳи ифротият аст. Аммо ҳамин бузургворон садои моро нашуниданд. (Ҳамидулло) Муҳиб (собиқ мушовири Шӯрои амнияти президенти Афғонистон), ба ҳамин хотир Ҷамъияти исломиро дупорча кард, ки алайҳи терроризм якҷо амал накунад.
Имрӯз, ки ин ҷанги қавмӣ намуди бисёр мушаххас пайдо кардааст, ҳанӯз ҳам бузургони мо дар як сафи воҳид нестанд. Салоҳуддин Раббонӣ, як ҳизби муқтадир ва таъсиргузорро бар амёли шахсии хеш мусодира карда ва Устод Атомуҳаммади Нур низ ҳеҷ гоҳ бар муроди ақлонияти сиёсӣ ҳаракат накардааст. Имрӯз ҳар кадоми инҳо сози ҷудогона менавозанд, дар ҳоле ки аз Халилзод то Карзай, аз Ҳаққонӣ то Ҳикматёр, ҳамагӣ дар як сафи воҳиди қавмӣ қарор доранд. Имрӯз мебинед, ки ҳамаи аносири сиёсии паштунизм даст ба дасти ҳам дода, ин ҷиноятҳои абдурраҳмонхониро тавҷеҳ ва барои машрӯъияташ лобигарӣ мекунанд.
Ба назари ман вақташ аст, ки шахсиятҳои миллии мо якҷо шаванд. Обрӯ, иззат, иқтидор ва шарафашон мавриди таарруз қарор гирифтааст. Вақташ аст, ки ҳама дубора ба рӯҳи Устоди Шаҳид, Қаҳрамони миллӣ ва садҳо номдори дигар иқтидо кунанд. Намоиши ҷасади он ҷавон, намоиши ҷасади Абумуслим Хуросонӣ, Яъқуб Лайс, намоиши ҷасади сиёсии раҳбарон ва раҳбарчаҳо, намоиши ҷасади тоҷикон ва порсигуён ва намоиши ҷасади ҳамаи мост.
Паштунизм дар ҳамдастӣ бо кишварҳои арабӣ, ривояти таҷовузи таърихӣ ва тааррузи сиёсиро дубора айният мебахшад. Ин кор дар зодгоҳи Мавлоно, дар хонаи Робиъаи Балхӣ ва дар хоки Бӯалӣ Сино фаромӯшшуданӣ нест.
Ман ин намодҳоро то мағзи устухон дарк мекунам, гурӯҳе, ки ба қабри Амонуллоҳ гул мегузорад, аммо қабри Қаҳрамони миллиро тахриб ва ба рӯи Устод Бурҳонуддин Раббонӣ ранг мепошад, паёми мушаххас дорад. Биноан якҷо шавед то дигар касе ҷуръати ин амалкарди паст ва фурӯмояро дар зодгоҳи модарии мо надошта бошад.
Ин ҷасад, ҷасади Ҷамъияти исломӣ аст, агар заррае иззат, шараф ва шаҳомат боқӣ монда, якҷо шавед, ин доғҳо дигар қобил таҳаммул нест!
Назароти баёншуда дар ин мақола мутааллиқ ба худи нависанда аст ва лузуман мунъакискунандаи хатти машйи виростории Сангар нест.