Хабари рӯз

Чаро мардуми Афғонистон, ҳақ дорад, ки ин кураи гардон ба номи Заминро нигаҳ дорад ва поён шавад? Ин замин замини онҳо нест...

Нависанда: Фарид Аҳмад

Заминро нигаҳ доред, ки банда ҳам поён шавам!

Дар вилояти Кобул як гуруҳи мусаллаҳ эълон кард, ки аз размандагони Ҳизби демократики халқ, ҳизби коммунистҳои Афғонистон намояндагӣ мекунад. Ҳизбе, ки фикр мешуд, ба зуболадони таърих андохта шудааст.

“Сипоҳи Озодӣ” як гуруҳи зиддитолибонӣ дар вилояти Бағлон ба Чин таҳдид кард, ки алайҳаш иқдом хоҳад кард, зеро аз Толибон пуштибонӣ мекунад. Чин пуштибони аслӣ ва ба заъми Толибон, шарики стратегии онҳо аст.

Ин ахбор дар зеҳни ин фақир як бор чархи таърихро қафо ба даҳаҳои 60 то 80 бурд, замоне, ки дар Афғонистон “даҳаи демократия” бо рӯи кор омадани аҳзобе аз ҳар навъ ва бо пуштибониҳои хориҷӣ ба поён расид. Коммунистонро Иттиҳоди Шӯравӣ, маоистонро Чин, исломиҳову ихвониҳоро Покистону Саудиву Инглис, демократҳоро Амрико ва... пуштибонӣ мекарданд. Баъдтар, қавитаринашон - Ҳизби демократики халқ, бо кӯмаки Шӯравӣ аввал Довудхонро ба қудрат расонд, сипас, худ қудратро ба даст гирифт.

Баъд чӣ шуд, ҳама медонанд. Афғонистон ба ин бадбахтӣ расид, ки имрӯз қарор дорад. Бархе мардум бар инанд, ки ин ҳама фоҷиаҳоро коммунистон поягузорӣ карданд, аз сӯи дигар ҳам, исломиён, ки ҳам Толибон ва зиддитолибон аз ин тоифаанд, коммунисту идеологияашро аслан қабул намекунанд.

Ҳоло гап ҳам дар ҳамин аст: размандагоне ба номи Ҳизби демукратики халқ ва бо шиори “Зинда бод, Ҷумҳурии Демократики Халқи Афғонистон!” дар вилояти Кобул, дили Афғонистон, ба майдон меоянд ва  алайҳи террористони Толибу ДОИШ-у ғайра (ҳоло ин “ғайра” чӣ аст? Як ҷанҷоли дигар!), ки ҳамагӣ “муҳраҳои империализми Амрико ва Покистон” - анд, он гуна ки дар замони ҷиҳод (1979-1989) танзимҳои ҷиҳодиро чунин унвон мекарданд, даъвои салтанати худ дар даҳаи 80-ро мекунанд. Паёми дигари ин гуруҳ ин аст, ки “ҳар замон аз сӯи раҳбарияти кумитаи навини Ҳизби демруротики халқи Афғонистон ба мо фармон дода шавад, қиёми мусаллаҳонаро шуруъ мекунем”.

Худо ин сарзаминро нигаҳбон бошад. Валлоҳ, ин мардум чӣ гуноҳе пеши Худованд доранд, ки ин қадар азияташ мекунад? Ин ку як дарди бидуни хайр, ба иттифоқи дуюм пардозем.

“Сипоҳи Озодӣ” аз қабл худро як гурӯҳи зиддитолибонӣ эълон карда, ин дафъа дар вилояти Бағлон, ки хостгоҳаш аст, ба Чин “ҳушдори дӯстона” медиҳанд, ки дар охир ба як “таҳдиди дӯстона” табдил меёбад. Ин бачаҳои сарурӯбаста ба Чин мегӯянд, мо мардуми Шимоли Афғонистон, ки ҳамсояҳои шумо ҳастем, толибони ишғолгарро намепазирем, аммо шумо онҳоро пуштибонӣ мекунед.

“Агар шумо аз ҳамкорӣ бо Толибон даст накашед, мо – “Сипоҳи Озодӣ” бо душманони шумо ҳамкорӣ мекунем. Интихоб кунед: ё мо, ё террористон”, - ин нуктаи ниҳоии паём ва фикр кунам, муҳимтарини он, балки як бамби иттилоотӣ ва истихборотӣ аст.

Ҷавоне, ки ҳарф мезанад, матнеро мехонад, ки барояш додаанд. Аслан шояд нафаҳмад, ки сухан аз чист, балки шояд надонад, ки Чин дар куҷои харита аст. Аммо онҳое, ки матнро омода кардаанд, хуб мефаҳманд, ки чӣ бояд ба Чин гуфта шавад. Истихбороти Чин ин қабил ҳарфҳоро нодида намегирад. Ҳатман ҷиддӣ қабул мекунад.

Аммо манзур аз “душманон” - и Чин чист? Ин гуруҳ бо кадом яке аз душманони Чин метавонад ҳамкорӣ кунад: Амрико, Ҳинд, ё Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ, ки таҳти пуштибонии Толибон аст?

Албатта, расидан ба марзҳои Чину ба чолиш кашидани чунин як абарқудрат аз сӯи ду-се фақирбачаи почакандаи “Сипоҳи Озодӣ” як хобу хаёл аст, аммо онҳое, ки ин паёмро медиҳанд, хеле хуб мефаҳманд, ки чӣ гуна ин артиши арзонро мавриди истифода қарор диҳанд. Пушти паём чисту кист?

Русия ё Покистону Эрон намебошанд, чун ҳамкори Чинанд. Шояд Амрикову Ҳинду Инглис бошанд, ки бо Чин рақобат мекунанд.

Аммо ин ҳам ҳанӯз асли матлаб нест. Асли матлаб ва нигаронӣ ин аст, ки ин абарқудратҳо бо Афғонистон чӣ кор мехоҳанд кунанд? Боз Ҳизби демукротики халқ, боз танзимҳои чандин давлат ва... боз як “ҷанги ҳама алайҳи ҳама” бо зӯру бозуи ҷавони фақири Афғонистон, ки барои як бурда нон омода аст, Чин куҷо, ҳатто Амрикову Русия ва тамоми ҷаҳонро таҳдид кунад, ҳарчанд як қадам аз ҳамин Хинҷони Бағлон берун зада наметавонад...

Инак, ҷамъулҷамъ шаш, агар ДОИШ*-у коммунистонро ҳам ба ҳисоб гирем, балки Худо медонад, бо ин суръате, ки зуҳур мекунанд, боз чанд ҷабҳаи зиддитолибонӣ дар Афғонистон арзи вуҷуд кардаву хоҳанд кард. Агар ҳадаф толиб буд, пас барои як миллати воҳид як Ҷабҳаи муқовимат кофӣ буд. Аммо Афғонистон ҳеҷ гоҳ якдаст набуду нахоҳад шуд. Ин ки ҳоло чандин ҷабҳа ба вуҷуд меояд, далели ташдиди фаъолиятҳои истихбороти хориҷӣ, ба шумули кишварҳои дур – Амрикову Инглису Ҳинд ва дар умум Бозии Бузурги Ҷадид дар минтақа аст.

Агар ҳар яке як ҷабҳа эҷод кунад, кор ба куҷо хоҳад кашид? Ҳамон таърихе, ки аз солҳои 60 – и асри гузашта то ба рӯзҳои моро метавонем тасаввур кунем, шояд ба гунае дигар, аммо бо ҳамон даҳшату ваҳшат ва бадбахтӣ...

Ҳоло бигӯед, оё ҳақ надорам, ки курраи заминро боз дорам ва поён шавам?

Мардуми Афғонистон ин ҳақро надоранд? Аз барои савоб, ҳамин толиб, як ҷазои осмонӣ, барои ин мардуми мазлум кофӣ нест? Шумо бо ин сарзамин чӣ мехоҳед бикунед?

Кош имкони нигаҳ доштани ин замин мебуд!

Кош!

* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!