Чӣ касоне ва кадом раҳбарон ба сафи муқовимат пайвастанд ва ё мехоҳанд бипайванданд, ки раҳбари Ҷабҳаи муқовимат онҳоро напазируфтааст ва ё панҷшериҳо монеъи ҳузури онҳо дар муқовимат шудаанд?
Нависанда: Тоҳо Умар
Cозмонҳои террористии ифротии исломгаро дар ҳудуди се даҳаи пеш ба хотири бақои худашон Толибонро шакл доданд.
Толибон ба ҳимояти модӣ ва маънавии кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла Покистон, Арабистон, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Биритониё ва Амрико тавонистанд, ки фаъолиятҳои худро густариш диҳанд ва ҳукумати муҷоҳидинро, ки раҳбари он хилофи завқи кишварҳои ҳомии Толибон буд, аз пойтахти Афғонистон берун кунанд.
Аммо дар баробари ин гурӯҳҳои террористӣ муқовамате ба раҳбарии Аҳмадшоҳ Масъуд шакл гирифт ва то соли 2001, ки мусодиф ба шаҳодати вай шуд, ин муқовамат идома дошт. Дар 20 соли ҳузури ҷомеаи ҷаҳонӣ дар раъси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Афғонистон, Толибон ва гуруҳҳои террористии ҷаҳонӣ бо касби ҳимояти молӣ ва таслиҳотии шуморе аз кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, даромади саршор аз кишт ва қочоқи маводи мухаддир ва тамвилу таҷҳиз аз дохили низоми Афғонистон, ин гурӯҳ тавонист ба таърихи 15 августи 2021 ҳукуматро суқут диҳад ва дубора бар Афғонистон мусаллат шаванд.
Сарони низом, ки аз қабл дар кишварҳои берунӣ сармоягузорӣ карда буданд, по ба фирор гузоштанд ва Афғонистон, бавежа, пойтахт шоҳиди фоҷиаи бесобиқаи куштори шаҳрвандони ин кишвар буд, ки аз тарси Толибон по ба фирор мегузоштанд.
Дар ин мақтаъи ҳассоси таърихӣ, ки низом аз ҳам пошида буд ва муодили даҳҳо миллиард доллар аслиҳаву муҳимот дар ихтиёри Толибон ва гуруҳҳои террористӣ қарор гирифта буд, Аҳмад Масъуд бар хилофи дигарон аз Афғонистон фирор накард, балки ба вилояти Панҷшер, ки яке аз пойгоҳҳои муқовамат мебошад, рафт ва Ҷабҳаи муқовамати миллии Афғонистонро шакл дод.
Созмонҳои истихборотии ҳомии Толибон ва мухолифини дохилӣ ҳеҷ иттиҳом ва барчасберо дар ихтиёр надоранд, ки алайҳи раҳбари Ҷабҳаи муқовамати миллӣ истифода кунанд. Зеро Аҳмад Масъуд мавқифи давлатӣ надошта, мавриди ҳимояти низомҳои пасошаҳодати Қаҳрамони миллии Афғонистон қарор нагирифт ва ҳатто дар ду соли ахири ҳукумати Ашраф Ғанӣ мавриди таҳдид ва терурҳои мутааддид қарор гирифт, ки алҳамдуллиллоҳ, аз аксари ин тавтиаҳо ҷон ба саломат бурд.
Дар канори тавтеаҳое, ки шуморе аз кишварҳои ҷаҳон, минтақа ва гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла Толибон бар зидди Ҷабҳаи муқовамат доранд, яке аз шеваҳои он эҷоди ихтилоф ва шоеапароганӣ мебошад, ки чанд ҷабҳаи мубҳам ва гумном, ки ҳеҷ гуна одрас, мушаххаса ва пойгоҳи воқеӣ надоранд, дар афкори умумӣ, ба вежа расонаҳои иҷтимоӣ ба таблиғ алайҳи Ҷабҳаи муқовамат мепардозанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки Аҳмади Масъуд аз онҳо истиқбол ва пуштибонии худро бармало эълон кард.
Илова бар ин мунтақидини мубҳаму гумном, иддаи дигаре ҳастанд, ки ҳоло мухотаби ин фақир онҳо ба шумор меоянд. Инҳо муддаиёни дурӯғини муқовиматанд, ки биму тарс, фирор, муомила, ҳифзи сармоя, мунофиқат, буздилӣ ва даҳҳо касофаткории худро тавре тавҷеҳ мекунанд, ки гӯё касоне монеъи саҳим шудани онҳо дар муқовимат мешаванд.
Аз ин бузургворон бояд пурсид:
Чӣ касоне ва кадом раҳбарон ба сафи муқовимат пайвастанд ва ё мехоҳанд бипайванданд, ки раҳбари Ҷабҳаи муқовимат онҳоро напазируфтааст ва ё панҷшериҳо монеъи ҳузури онҳо дар муқовимат шудаанд?
Муқовимат дар баробари ишғол, тааддӣ ва таҷовуз масъулияти тамоми озодихоҳон ва адолатхоҳон аст.
Муқовимат қурбонӣ мехоҳад, ки шумори зиёде аз ҳамватанонамон, бавежа хоҳарон ва модарони мо, ин гуна қурбониҳоро мутаҳаммил шуданд ва ин ҷонбозиҳо ҷараён дорад.
Муқовимат, машаққат, гуруснагӣ, кӯҳ ба кӯҳ гаштан ва анвоъи меҳнат, ранҷу мусибат дар пай дорад, ки ҳамарӯза муқовиматгарони мо ба чунин вазъияте мувоҷиҳанд.
Муқовиматгарон сарҳои худро бар каф гирифта ва қурбонӣ медиҳанд.
Муқовимат тақсими сармоя миёни як қавм ва маҳрум сохтани соири ақвом нест, ки панҷшериҳо, бадахшониҳо ва бағлониҳо онро инҳисор карда бошанд ва монеъи саҳмгирии дигарон шаванд.
Муқовимат дифоъи муқаддас аст аз ҷон, мол, номус, ҳувият ва ҷуғрофияи мардуми мазлум. Чӣ касе дар ин қурбонӣ шарик шуданӣ аст, ки дигарон монеъашон шуда бошанд?
Гурӯҳҳои террористӣ ва ишғолгарон дар фикри нифоқафганӣ, тазъиф, саркӯб ва нобудии муқовиматгаронанд, ки мо набояд абзори дасти онҳо бошем.
Ва дигар ин ки муқовимат мунҳасир ба Панҷшер нест.
Ин гуна, ки шумо уқдамандона тарҳи масъала мекунед, қурбониҳои хоҳарони Ҳирот, Балх, Кобул, Бадахшон, Парвон, Кописо ва соири манотиқро кӯчак ва маҳаллӣ месозад.
Ин гуна қазоватҳо дарвоқеъ рашодатҳо, қурбонӣ доданҳо ва ҷонбозиҳои муқовиматгарони Андаробҳо, Хӯст, Гузаргоҳи Нур, Ҷилга, Ярм, Кишандеҳ, Кӯҳбандҳо, Солангҳо, Ҷабалуссироҷ ва Сайидхел, манотиқи шимолии Кобул, Дараи Сӯфи Поён ва Боло, Балхоб, Рустоқ, Шаҳри Бузург, Роғҳо ва даҳҳо манотиқи дигари Афғонистонро ҳеҷ донистан аст.
Носеҳон ва хайрандешон аз раҳбарии муқовимат бояд бихоҳанд:
- Раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба талошҳои худ дар ростои сартосарисозии дифоъи муқаддас идома диҳад.
- Раҳбари Ҷабҳаи муқовимат талош намояд то соири неруҳои билқувваи муқовиматро вориди муқовимати фаъол созад.
- Аз сарони ақвом ва шахсиятҳои муассир даъват намояд то дар муқовимат саҳим шаванд.
- Раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ сабӯкаштож ва нифоқафганиҳои муддаиёни раҳбариро ба васоили мумкин хунсо созад.
- Раҳбари Ҷабҳаи муқовимат аз «раҳбарони фирорӣ» бихоҳад то андаке аз сармояҳои бодовардаашонро дар муқовимат ҳазина кунанд.
- Раҳбари Ҷабҳаи муқовимат барои фирориҳо маҷол надиҳад то дар суфуфи муқовимат нифоқафганӣ кунанд.
- Раҳбари Ҷабҳаи муқовимат, ҳаддиақаллӣ ба ифшои муомилагарӣ ва муздурии раҳбарон ва раҳбарзодагони фирорӣ бипардозад, ки дар суқути кишвар нақш доштанд ва то кунун дасти хиёнат аз муқовимат барнамедоранд.
- Ҷабҳаи муқовимат бояд муддаиёни раҳбариро ифшо намояд, ки ба хотири фирорашон аз муқовимат ва адами ҳузуршон дар сафи муқовимат, чӣ гуна тавтеагарӣ ва дурӯғбофӣ мекунанд.
- Ҷабҳаи муқовимат бояд раҳбарон ва раҳбарзодагонеро ифшо намояд, ки ба хотири иштирок дар муқовимат, билети бизнескласи дутарафаи тайёра, ҳутали панҷситора, протокол ва имтиёзоти ҳангуфти модӣ мехоҳанд.
Ва даҳҳо мавзӯъ ва мавриди дигар аз ин қабил...
* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст