Хабари рӯз

Ба истилоҳ опозисиони Осиёи Марказӣ, асосан гурӯҳҳои ниёбативу дастнишондаи Ғарб, дигар ба тамомияти арзӣ, истиқлол ва амнияти кишварҳои худ аҳамияте қоил нестанд.

Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

СКРИНШОТЕ АЗ ҶУСТУҶӮГАРИ ГУГЛ: эътирозҳое, ки ба ҷуз "Радиои озодӣ" - и Амрико ва дигар расонаҳои ғарбӣ ба ягон расонаи дигари ҷаҳон ҷолиб нест...

Пас аз таҳоҷуми нофарҷоми артиши Украина, кишварҳои НАТО ба думболи як майдони ҷанги ҷадид барои рӯёрӯӣ бо Русия ҳастанд. Имрӯза таваҷҷуҳи Ғарби ҷамъӣ маътуф ба Осиёи Марказӣ аст. Инҷост, ки як майдони ҷадиди ҷанги зидди Русия эҷод хоҳад шуд. Назароти мақомоти минтақаро Аврупову Иёлоти Муттаҳида мавриди таваҷҷуҳ қарор нахоҳанд дод. Онҳо аз қабл ба думболи ҷойгузини онҳое ҳастанд, ки бо сиёсати зиддирусӣ мухолифанд.

Ду рӯйдоди сиёсии қобил таваҷҷуҳ дар ҳафтаи гузашта рух дод. Нишасти "Осиёи Марказӣ - Олмон" дар Берлин ва дар Тошканд дувумин нишасти сардорони ситоди кулли Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Покистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд. Ташдиди тамосҳои сиёсиву низомӣ нишон медиҳад, ки замина барои рӯёрӯӣ бо Русия фароҳам мешавад. Ва ба тавре, ки шакке нест, сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ шурӯъ ба дарёфти ҳушдорҳо кардаанд.

Дар ҷараёни нишасти Берлин, фаъолони опозисиони осиёӣ тазоҳуротеро дар наздики маҳалли мулоқоти руасои ҷумҳур баргузор карданд, ки бидуни шак, бидуни ишораи истихбороти Олмон набуд. Онҳо аз раҳбарони кишварҳои худ мехоҳанд, ки аз кӯмак ба Русия барои давр задани таҳримҳои байналмилалӣ худдорӣ ва аланан ​​амалиёти низомии вежаи Федератсияи Русия дар Украинаро маҳкум кунанд. Агар ин эътироз бо мувофиқат мақомот олмонӣ сурат нагирифта бошад, чаро их опозисиюн аз мушкилоти худ нагуфта, тақозои ғарбиҳоро ба раҳбарони худ мерасонанд?

Онҳо мехоҳанд ба раҳбарони Осиёи Марказӣ инро бирасонанд, ки ҷойгузин барои онҳо омода аст. Чунин таҳдидҳое фақат дар калом нест. Бо таъйиди Байден, созмонҳои ғайридавлатии ғарбӣ дар Осиёи Марказӣ шурӯъ ба дарёфти будҷа барои фаъолиятҳои эътирозӣ, таҳрикот ва такон додани вазъияти бе ин ҳам душвори иҷтимоӣ-сиёсӣ карданд. Осиёи Марказӣ мумкин аст бо даври дигаре аз инқилобҳои ранга рӯбарӯ шавад, ки на танҳо тағйири мақомоти қонунӣ, балки хунрезии мардумиро низ дар пай хоҳад дошт. Айни коре, ки бо ҳукумати Ашраф Ғанӣ дар Афғонистон карда буданд: аввал, тариқи “фаъолони маданӣ ва расонаҳои мустақил” ин ҳукуматро дар зеҳни мардум саркӯб карданд ва сипас ба дасти террористон суқут доданд.

Иттилооте вуҷуд дорад мабнӣ бар ин ки халтаҳои доллар қаблан ба Қирғизистон расидааст. Дар ин кишвар неруҳои хосе аз тасвиби қонуни созмонҳои ғайритиҷоратиро ба таъхир меандозанд.

Дар ин пасманзар, изҳороти зиддунақизи Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон нишондиҳанда аст. Вай дар дидор бо Шолтс, садриаъзами Олмон эълом кард, ки аз таҳримҳои зидди Русия ҳимоят хоҳад кард. Бо ин ҳол, рӯзи баъд аз равобити дӯстонаи худ бо Русия ёд кард. Ба гуфтаи вай, Қазоқистон ба ЗиддиРусия табдил нахоҳад шуд. Тоқаев ба аҳамияти ҳамкории иқтисодӣ бо Федератсияи Русия ишора кард - танҳо дар соли гузашта, гардиши тиҷорӣ байни ду кишвар ба 25 миллиард доллари амрикоӣ расид. Дар сурати ихтилоф бо ҳамсояи шимолии худ, чунин дастовардҳо бояд фаромӯш шаванд ва иқтисоди Қазоқистону мардуми он бо рӯзҳои сахте рӯбарӯ хоҳанд шуд.

Бидуни шак, Тоқаев лаҳзаи муҳимми таърихии дигареро ёд дорад - дар январи 2022, Қазоқистон дар остонаи як кудато буд. Сипас нерӯҳои Созмони паймони амнияти ҷамъӣ (ОДКБ) давлати феълиро наҷот доданд. Мубтакири ҳимоят аз Остона Маскав буд. Аммо дар сурати вуқӯъи як кудатои дигар Русия мумкин аст ба кӯмак наёяд. Аз ин рӯ, акнун мақомоти Қазоқистон ба думболи пайдо кардани “миёнаи заррин” ҳастанд то бо Ғарб ҷанҷол накунанд ва бо Маскав дӯст бимонанд.

Афсӯс, ки бояд интихоб кард; авзоъи сиёсии ҷаҳон бо касоне бозӣ мекунад, ки мехоҳанд рӯи ду курсӣ бинишинанд. Аз ҷумлаи намунаҳои бориз метавон ба сарнавишти Янукович, раисҷумҳури Украина ва Пашинян, раҳбари Арманистон ишора кард. Муошиқаи онҳо бо Ғарб ва ҳузур дар ду ҷабҳа мунҷар ба фаҷоеъи миллӣ ва аз даст додани сарзаминҳо шуд. Оё Қазоқистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз масире, ки қаблан ва амдан бохта шудааст, бираванд? Онҳо бояд худашон ҷавобро пайдо кунанд.

Бидуни ҳимояти Русия, ҳалли мушкилоти анбошташуда дар Осиёи Марказӣ ғайримумкин аст ва авзоъ бадтар хоҳад шуд. Ба унвони мисол, дар Ӯзбекистон, таруфаҳои энержӣ аз аввали октябр башиддат афзоиш ёфтааст. Мардум дар пардохти ҳазинаи онҳо мушкил доранд. Бисёре аз мардум бо кор дар Русия наҷот меёбанд. Бозгашти густурдаи муҳоҷирони меҳнатӣ аз Федератсияи Русия мунҷар ба як буҳрони ғайри қобили ҳал дар бозори кору бекорӣ такмил хоҳад ёфт.

Опозисиони тарафдори Ғарб аз Осиёи Марказӣ, ки дар Олмон макони амн пайдо кардаанд ва ба дойраи Бундестаг мерақсанд, алоқае ба чунин мушкилоте надоранд. Онҳо зиндагии хубе дар Аврупо доранд ва даромади собите аз эътирозоти зидди давлати худ ба даст меоранд. Онҳо дигар ба тамомияти арзӣ, истиқлол ва амнияти кишварҳои худ аҳамияте қойил нестанд, балки худ ба унсури сиёсатҳои Ғарб, балки аҳроми фишор ба ватан-модари худ табдил ёфтаанд. Вагарна як хатаре, ки аз Афғонистон мутаваҷҷеҳи амнияту субот ва истиқлоли кишварҳои Осиёи Марказӣ аз сӯи Ғарб шудааст, кофист, то пойи худро дониста гузоранд, аммо онҳо бо ин арзишҳо дигар бегонаанд.


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!