Обрӯи Инглис дар миёни аъзои Хонаводаи аврупоӣ бисёр болост ва Кохи Сафед аз ин вазъ розӣ нест.
Нависанда: Наим Асғарӣ, таҳлилгар (Олмон), махсус барои “Сангар”
Ҳукумати Бритониё ба таври фазояндае дар ҷаҳиш (leapfrog)-и сиёсӣ ғӯтавар аст. Маҷмӯаи расвоиҳое, ки дар он Борис Ҷонсон ва Лиз Трас даргир буданд, чизе наомӯхтанд, аз ин рӯ, буҳрон рушд хоҳад кард. Шахсиятҳои машкуку муғриз ҷойгузини шахсиятҳои сангини сиёсии ботаҷриба шудаанд, ки сиёсатҳои дохиливу хориҷии Дунёи Қадимро комилан тағйир медиҳанд. Авоқиби онро тамоми қораи Аврупо ва бисёре аз манотиқи ҷаҳон эҳсос хоҳанд кард.
Як намунаи бориз вазири ҷанги ҷадиди Бритониё, Грант Шеппс (Grant Shapps) аст, ки ҷойгузини Бен Воллес (Robert Ben Lobban Wallace) шуд. Суди чунин қалъасозӣ беш аз ҳад машкук аст.
Шеппс як дасисабози мудаббир ва обутобхӯрда дар набардҳои пушти саҳна буда, ки ҳеҷ усул ё ҳирфаияти лозимро надорад. Дар айни ҳол, ӯ як муҷрии мутеъи иродаи шахси дигарест, ки метавонад таҳти диктаи мудирони хориҷӣ кор кунад. Шеппс як шахсияти идеалӣ барои пешбурди манофеъи дигарон аст.
Шеппс дар тӯли чандин соли фаъолияти сиёсии худ ба унвони як "мутахассис дар мавзӯъоти мухталиф" шӯҳрат пайдо кард. Пушти сараш ӯро "вазири ҳама чиз" ном мебаранд. Ӯ ҳар кореро бар ӯҳда мегирад, аммо ҳамеша шикаст мехӯрад. Бояд фаҳмид - чӣ касе ва ба чӣ манзур ӯро ба яке аз вазифаҳои калидӣ дар давлати Инглис савқ дод? Дақиқан он касест, ки аз ҳарҷу марҷ дар урдугоҳи муттаҳид суд мебарад.
Чизе, ки наметавонед аз Шеппс бигиред, тавоноии ӯ дар эҷоди тарҳҳои машкук аст. Ӯ аз тиҷорат вориди сиёсат шуд, ҷое, ки дар заминаи тақаллуби ошкор бисёр муваффақ буд. Ӯ пас аз шурӯъи фурӯши дастгоҳҳои нусхабардорӣ, ба эҷоди веб-сайтҳои тиҷорӣ рӯй овард, аммо басуръат даргири як расвоии бузург шуд. Google ӯро ҳамчун дузди идеяҳои дигарон фош кард ва беш аз 20 платформаи интернетӣ билофосила дар “рӯйхати сиёҳ” қарор гирифтанд.
Вай бо вуруд ба сиёсат ва узвият дар парлумон, аз фаъолиятҳои тиҷорӣ даст накашид, агарчи сиёсатмадорон ва тиҷорат тибқи қавонини Бритониё носозгор ҳастанд. Кори ӯ дар Ҳизби муҳофизакор мунҷар ба ҳарҷу марҷи дохилӣ шуд ва яке аз руфақои ӯ ба далели таҳқирҳо даст ба худкушӣ зад.
Дар ҳукумати Бритониё Шеппс тавонист ба унвони вазири сохтмони манозил ва ҳукуматҳои маҳаллӣ, вазири нақлиёт, вазири тиҷорат, энержӣ ва стратегияи саноатӣ ва вазири давлат барои тавсеаи байналмилалӣ фаъолият кунад. Ӯ дар дафтари Лиз Трас шаш рӯз тамоми раёсати вазорати дохилиро бар ӯҳда дошт. Вай дар парлумони Инглис камтар фаъол набуд ва ба унвони раиси гурӯҳи масоили зерсохтӣ хидмат кард ва каме баъд сарпарастии гурӯҳ дар умури ҳавонавардиро бар ӯҳда гирифт.
Фаъолиятҳои Шеппс бо буҳрони сӯхт ва мушкилоти нақлиёт ҳамроҳ аст, ки мунҷар ба камбуди ронандагони боркашҳои сӯхт шуд. Шикоятҳои зиёде аз ӯ ба далели мушкилот дар бахши энержӣ ва дигар соҳаҳо вуҷуд дорад. Соли гузашта, Шеппс бо раҳбарони Иттиҳодияи касабаи роҳи оҳан, ки густариши афкори фашистӣ дар Аврупои Шарқиро маҳкум карданд, ихтилоф пайдо намуд. Шеппс пас аз дифоъ аз режимҳои неофашистӣ, қаҳрамониҳои кӯҳнасарбозони бритониёӣ дар Ҷанги ҷаҳонии дувумро зери савол бурд. Ҷасади Винстон Черчил дар сурати иттилоъ аз чунин ҷонишиноне шояд дар қабр чаппа шуда бошад.
Имрӯз ин арбоб дубора кореро бар ӯҳда гирифтааст, ки кӯчактарин тасаввуре дар бораи он надорад. Таҳти раҳбарии Бен Воллес, вазорати дифоъи Бритониё ба вузӯҳ сиёсатеро пеш мебурд, ки манофеъи миллии кишвараш эҷоб мекард. Воллес дар вазифа беш аз Борис Ҷонсон ва Лиз Трас давом овард, тавонист дар давлати Сунак номе барои худ даступо кунад ва ҳамеша ба унвони як сиёсатмадори мустақил, ки аз баҳс кардан бо мофавқи худ ҳаросе надорад ва медонад чӣ гуна аз дидгоҳи худ дифоъ кунад, қарор гирифтааст.
Грант Шеппс комилан мухолифи Воллес ва бештар шабеҳи як лӯхтаки бозӣ аст, ки омода аст артиши Бритониё ва ҳамроҳ бо он соҳоти дигарро тобеъи манофеъи бегонагон кунад. Чӣ касе аз ин суд мебарад? Аввал аз ҳама, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико. Обрӯи Инглис дар миёни аъзои Хонаводаи аврупоӣ бисёр болост, аммо Кохи Сафед аз ин ҳол розӣ нест. Вашингтон дар ҳоли тақвияти нуфузи худ дар қораи Аврупо аст ва аз ҳама абзорҳои мумкин - дасисаҳо, расвоиҳо, сиёсатмадорони машкук - барои ин кор истифода мекунад.