Маскав аз тариқи Африқо ба Осиёи Марказӣ меравад?
Нависанда: Ҷамбулат Сардалов, коршиноси геосиёсат, дин ватерроризм (Чеченистон), махсус барои “Сангар”
Ҳамон тур, ки медонем, 27 ба 28 июли соли равон дувумин нишасти “Русия-Африқо” дар Санкт-Петербург баргузор шуд. Дар он намояндагони 49 аз 54 кишвари ин қора ҳузур доштанд. 17 кишвари африқоӣ дар болотарин сатҳи намояндагӣ ширкат карданд. Бақия дар рутбаҳои поинтар аз раҳбарони кишварҳо ҳузур ёфтанд, ки ривоят аз фишорҳои моливу сиёсии пинҳон мекунад.
Ин нишаст мамлув аз ҷаласоти иқтисодиву башардӯстона буд. Таслис - сиёсат, иқтисод ва ҳавзаи башардӯстона - асоси як маҷмааи бузург, ҳамзамон пояи хубе барои тақвияти равобити мо дар оянда шуд. Лағви 23 миллиард доллар қарзи кишварҳои африқоӣ аз сӯи Русия барои африқоиҳо як хабари хуш буд. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, дар суханронии худ ба ин мавзӯъ ишора кард.
Яке аз авомили муҳими нишасти сарон ташдиди ҷадиди суръати муборизаи зиддиистеъморӣ буд. Мутаассифона, Африқо даври дигаре аз истеъморро аз Аврупо таҷриба мекунад. Аммо ин қора дигар монанди даҳаҳои 50 ва 60 қарни гузашта нест.
Дар айни ҳол, бояд таваҷҷуҳ дошт, ки тамоми мавзӯъоти матраҳшуда аз сӯи Русия ҳамон тур, ки интизор мерафт, аз сӯи кишварҳои ҳозир дар иҷлос мусбат истиқбол шуд. Истеъмори нав, русҳаросӣ, таҳримҳои ғайриқонунӣ, “муомилаи ғаллот” ва арзишҳои суннатӣ бо вокуниши густардаи сиёсатмадорони африқоӣ ҳамроҳ буд. Ба ҳар ҳол, ибтикори Русия дар мавриди арзаи ройгони нуриҳои минералӣ ба фақиртарин кишварҳои африқоӣ бо мавзӯъи "муомилаи ғаллот" низ ҳамхонӣ мекунад. Бар ин асос, ин равобитро метавон бо дили пур ба унвони яке аз абзорҳои иртиқои манофеъи Русия дар тақобул бо Ғарб таъриф кард. Агар Русия талош дорад иқдомоти худро бо қавонини байналмилалӣ муртабит кунад, Ғарб бори ҳеҷ қонунеро бар дӯш намегирад.
Расонаҳои Ғарб ба таври фаъол иттилооти ғалат дар бораи шикаст ва бенатиҷагии нишасти саронро пахш мекарданд. Аммо вақоеъ, ба унвони мисол, таҳаввулоти Нигер ва густариши эҳсосоти зиддиғарбӣ дар минтақаи Африқои Марказӣ гувоҳи хастагии физоянда аз гегемонияи истеъморгарон аст.
Алоқа ба Русия дар дараҷаи аввал ба далоили таърихӣ аст. Аз замони Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ, Африқо дасти ёрии қудратманде дар мубориза бо истеъмор, барои ҳаққи зиндагии озодро эҳсос мекард. Дар Русияи модерн, мабнои равишшинохтӣ ва қонунӣ барои иқдомот дар мавриди мавзӯъи фавқ, Консепсияи ҷадиди сиёсати хориҷии Федератсияи Русия аст, ки дар марти 2023 ба тасвиб расид. Дар он, ҳамроҳ бо тезисҳои ҳатмӣ дар мавриди "гегемонияи ғарбӣ" ва "низоми ҷаҳонии истеъмор", Африқо низ зикр шудааст.
Ғалла ба мавзӯъи вежаи гуфтугӯҳо табдил шуд. Мушаххас аст, ки қабл аз амалиёти низомии вижа 15 кишвари африқоӣ беш аз ними гандуми худро аз Украина ва ё Русия ворид мекарданд. Вазъи кунунии кишварҳои Африқоро афзоиши қимати манобеъи энержии русӣ ба далели таҳримҳои эъмолшуда бар содирот аз Русия ташдид бахшидааст. Дар асл, Русия ба унвони муттаҳид ва сухангӯи манофеъи Ҷануби Ҷаҳонӣ ишораҳо медиҳад. Бозгашти он ба қораи Африқо на танҳо иддаоест, ки муддатҳо пеш пухта расидааст, балки як барномаи корӣ аст. Ҷонибҳои мо ба вузӯҳ дар асноди муштарак ба унвони неруҳое таъриф шудаанд, ки барои: "истиқрори ҷаҳони чандқутбии одилонатар ва аз байн бурдани нобаробарии иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ки ба далели сиёсати печидаи навистеъмории теъдоде аз кишварҳои тавсеаёфта дар қиболи Африқо пеш омадааст" талош мекунанд. Илова бар ин, теъдоде аз кишварҳои Африқо ошкоро мавзеъи худро дар тамоюл барои мушорикат дар блокҳои ҳамгироӣ ҳамроҳ бо Русия (BRICS) эълом карданд.
Барои муқоиса: дар нишасти сарон дар соли 2019, садҳо тавофуқнома ва ёддошти тафоҳум ба арзиши беш аз 1 триллион рубл (дар он замон баробар ба 15 миллиард доллар) имзо шуд, аммо дар воқеият, иҷроооти онҳо хеле заиф буд. Ин дар ҳолест, ки дар он замон Путин вазифаи ду баробар кардани ҳаҷми тиҷорати дуҷонибаро дар чаҳор то панҷ соли оянда таъйин кард. Заъф дар иҷрои он қарордодҳо на танҳо ношӣ аз фишори Ғарб бар кишварҳои Африқо, балки аз сиёсати “ноӯҳдабароёна”-и худи Русия низ буд. Иҷлоси кунунӣ аз ин "беморӣ" ранҷ намебарад: созандатар аст.
Ба таври қатъ, ин таҷрибаи равобити Русияву Африқоро метавон ва бояд ба минтақаи наздиктар - Осиёи Марказӣ таъмим дод. Русия иртиботи таърихӣ ва сиёсии зиёде бо ин минтақа дорад. Бо такя бар иродаи мардум барои зиндагӣ дар фазои сулҳу ҳамоҳангӣ, Русия мумкин аст дар дарозмуддат як нақши меҳвариро бозӣ кунад.