Хабари рӯз

Имрӯз дар Афғонистон мазҳаби ҳанафӣ, ки аксарияти мардум пайравӣ мекунанд, бисёр камранг шудааст, чизе, ки аъроби ваҳҳобӣ орзу доранд.

Нависанда: доктор Фарид Юнус, устоди бознишастаи башаршиносии исломӣ ва фалсафаи исломии Донишгоҳи Аёлати Калифорния, Иёлоти Муттаҳида Амрико, узви Шӯрои мушовараи "Сангар" 

Ҷаноби доктар соҳиб Почо Каримӣ аз кишвари ҷангзадаи Украина савол кардаанд, ки "доктар соҳиби бузургвор, арабҳо дар қазияи Афғонистон чӣ нақше доранд?"

 Ду мавзӯъ дар сиёсати Ховари Миёна қобили ғавру баррасӣ аст.

Аввал, таксири ваҳҳобият дар минтақа ва дувум ташкили “мусалласи гуноҳ” дар қазияи Афғонистон барои бақои шайхнишинони араб, манофеи Амрико ва Покистон.

Арабҳои ваҳҳобӣ, ки аксарият кишварҳои Халиҷи Форс ҳастанд, аммо эътироф намекунанд, орзумандии амиқ доранд, то ваҳҳобият дар Афғонистон мустақар шавад ва бор-бор кӯшиш карданд. Бори аввал дар давраи Амир Шералихон (1825—1879) вориди Афғонистон шуданд ва уламои он замон эшонро аз Афғонистон берун карданд. Бори дуюм дар давраи Амир Абдурраҳмонхон дохили Афғонистон шуданд ва боз ноком монданд ва аз Афғонистон ронда шуданд. Лутфан ба китобҳои “Шаҳоб Соқиб”, ки дар асри Амир Шералихон ба чоп расида ва "Тақвим-уд-дин", ки дар асри Амир Абдурраҳмонхон ба чоп расидааст, руҷуъ кунед.

Бори севум хостанд тарҳи маркази исломиро бо марҳуми сардор Довудхон дар замони раёсатҷумҳурии ӯ имзо кунанд. Боз ҳам муваффақ нашуданд ва бори охир Ашраф Ғаниро ба дом андохтанд ва Маркази исломӣ дар Афғонистон, ки ҳадафи он пахши ваҳҳобият аст, ба имзо расид.

Ваҳҳобият ҳам як мазҳаб аст, ки касе эътироф намекунад ва ҳам як идеология аст. Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб насионализми арабро зери унвони дину суннат пахш кард. Таври мисол, як ваҳҳобӣ, ки араб нест, ба тақлиди араб пероҳани дароз ба тан мекунад ва барояш фаҳмонида шуда, ки ин суннат аст. Доштани агентҳои ваҳҳобӣ дар Афғонистон, монанди ҳаракати Толибон, ба нафъи аъроб аст. Аввал, як садд аст барои тавсеаи идеологияи шиаи Эрон ва дувум як сипар аст барои бақои шайхнишинӣ.

Агар Афғонистон муваффақ шавад, ки як низоми мардумсолории воқеӣ дошта бошад, таъсири он дар минтақа бисёр шадид хоҳад буд. Мамолики шайхнишин яке пушти дигар аз байн хоҳад рафт. Ин ҳама зиддият ба зану контроли мағзҳо тавассути Толибон тафаккури ваҳҳобӣ аст ва ҳамчунон муқобила бо Эрон ҳама ва ҳама тафаккури ваҳҳобӣ ва талош барои тасаллути фикри ваҳҳоббӣ аст.

Баъд аз фаввораи нафту газ дар қарни бистум саудиҳо зери ҳимояи Амрико қарор гирифт ва Амрико газу нафтро дар инҳисори худ даровард ва дар бадал Саудиро аз нигоҳи низомӣ ҳимоя мекунад. Лутфан ба китоби “Хуну нафт” – и Бредли Ҳоп ва Ҷастин Чек (“Blood and oil» by Bradley Hope&Justin Scheck) руҷуъ кунед.

Мавзӯи қарордод бо Толибон ба ҳимояи Саудӣ сурат гирифтааст ва ҳамчунон дахолати Қатар, ки мехоҳад дар сиёсати минтақа нақше дошта бошад, аз ташаббусоти сиёсии аъроб дар Афғонистон аст, то Афғонистон ҳаргиз натавонад як низоми мардумӣ дошта бошад, зеро низоми мардумӣ дар Афғонистон ба манофеи аъроб дар минтақа нест, зеро таъсири боризи “эффекти домино” (domino effects) дорад. Чунончи озодихоҳии марҳум Амонуллоҳ боиси озодихоҳии Ҳиндустон шуд ва ҷиҳоди Афғонистон дар фурӯпошии Иттиҳоди Ҷамоҳири Сотсиалистии Шӯравӣ нақши бузург дошт.

Иттиҳоди Саудӣ ва шайхнишинони араб бо Покистон, ки бомбаи атомӣ дорад, ба ҳимояи Амрико “мусалласи гуноҳ”-ро дар қазияи Афғонистон ба вуҷуд овард. Пули Саудӣ, силоҳи амрикоӣ ва пиёда кардани мақосиди аъроб тавассути покистониҳо, ки барои татбиқи ин барномаҳо пул мегиранд, мисле, ки дар даврони ҷиҳод, Афғонистон барои Покистон як гови ширӣ буд, ҳамон давом дорад.

Имрӯз дар Афғонистон мазҳаби ҳанафӣ, ки аксарияти мардум пайравӣ мекунанд, бисёр камранг шудааст. Чизе, ки аъроби ваҳҳобӣ орзу доранд.

Толибон ба ҳимояти Арабистони Саудӣ ва Амрикову Покистон, яъне “мусалласи гуноҳ” ба қудрат расид ва ҳар се кишвар дар Афғонистон манофеи худро доранд. Натиҷа ин ки Афғонистон қурбонии “мусалласи гуноҳ” шудааст, ки тавассути ҷосусашон, яъне Толибон татбиқ мешавад.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!