Амрико ва шарикони он чӣ "бамбҳои махфӣ"-ро дар зери Осиёи Марказӣ мехоҳанд ҷой кунанд?
Нависанда: Фарид Аҳмад, сардабири “Сангар”
Дар яке аз чаҳорроҳҳои шаҳри Кобул, Толибон кура (глобус)-еро бо марзҳои “ҷадид”-и Афғонистон насб карданд. Дар ин “кураи толибонӣ” қаламрави Афғонистон тақрибан ду баробар шуда ва марзҳои кишварҳои ҳамсояаш тағйир кардааст. Эрон дар ин кура Машҳад, Зоҳидон ва Кирмонро аз даст дода, аммо соҳили шарқии дарёи Хазар ва дастрасӣ ба Гурҷистонро соҳиб шудааст. Покистон бидуни Исломобод ва қисмати бештари Балучистон мондааст. Кашмир истиқлол ёфта, аммо ба минтақаи худмухтори Шинҷону Уйғури Чин мулҳақ шудааст. Тоҷикистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ба хоки Қазоқистон кӯч кардаанд, ки Афғонистон бо он ҳаммарз аст. Илова бар ин, Қатар аз нақша нопадид шуда, Украина дар марзҳои 2013 қарор гирифтааст. Ин чист? Тахайюлоти ҷасурона, аммо ғайрвоқеии Толибон ё ҳадафе барои иқдомоти хоси оянда?
Аммо на танҳо Толибон ва ҳомиёни онҳоянд, ки мехоҳанд нақшаи минтақаро ба хости дили худ бубинанд. Агар вақоеъи кунунии ҷаҳонро талоше барои тақсими ҷадиди ҷаҳон бидонем, дармеёбем, ки қудратҳои минтақаӣ ва ҷаҳонӣ бо барномаҳои худ бисёр бамавқеъ вориди ин корзор мешаванд. Ҳадафи ҳамаи онҳо таҳти нуфузи худ даровардани қаламравҳои Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии собиқ, бавежа Осиёи Марказӣ ва нобудии низоми минтақаии сиёсӣ ва амниятии мавҷуд аст.
Яке тарҳи Созмони кишварҳои турк, анҷумани шомили Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркия ва Озарбойҷон аст. Венгрия ва аз чанде қабл Туркманистон низ нозири ин созмонанд. Дар анҷумани ҳаштуми ин созмон, ин кишварҳо мафҳуме ба номи "Чашмандози ҷаҳони турк - 2040"-ро пазируфтанд, ки бояд як "нақшаи роҳ" барои таъмиқи ҳамкорӣ дар заминаҳои авлавиятдор, аз ҷумла эҷоди иттиҳоди низомии кишварҳои турк табдил шавад. Ин созмон яке аз идеяҳои пантуркизм талаққӣ мешавад, ки аз тариқи густариши нарми хориҷии “ҷаҳони турк” заминаи эҷоди “Тӯрони бузург” ва “Артиши Тӯрон”-ро бояд фароҳам кунад. Дар айни ҳол, ҷуғрофияи “Тӯрони бузург” комилан густурда аст ва ҳатто дар нақша низ мушаххас шудааст. Соли гузашта Давлат Бахчели, раҳбари ҳизби Ҷунбиши миллии Туркия ("Гургҳои хокистарӣ") нақшаи “ҷаҳони турк”-ро ба раисҷумҳури Туркия тақдим кард (акси боло).
Илова бар кишварҳои узви Созмони кишварҳои турк, Тоҷикистон ва тақрибан 20 субекти Русия (Ёқутистон, Бурятистон, Бошқирдистон, Тотористон, Доғистон, вилоятҳои Иркутск, Алтай, Хакасия, Тива, Омск, Новосибирск, Қурған, Челябинск, Оренбург, Самара, Саратов, Уляновск, Пенза ва Астрахан) низ ба унвони ин қаламрав мушаххас шудаанд.
Дар идома дар мавриди проектҳои дигаре сӯҳбат хоҳем кард, ки ҳатто солимтарин зеҳн низ мумкин аст онҳоро ҳазм накунад...
"ГЛОБУСИ ТОЛИБОН"
Тарҳҳое барои нақшабардории муҷаддади минтақа аз қабл вуҷуд дошт. Яке аз онҳо ҳамон “Иморати исломии Толибон” аст, ки барои бори дувум талош доранд онро бар дӯши минтақа савор кунанд. Ҷудо аз “кураи толибонӣ”, дар гузашта, бархе аз шахсиятҳои Толибон низ эълом карда буданд, ки марзҳои “иморати исломӣ” танҳо ба Афғонистон маҳдуд намешавад ва ҳадди ақал шомили Покистон, Эрон, Осиёи Марказӣ ва қаламрави мусулмоннишини Чин хоҳад буд. Алқоида ва ДОИШ аз ҳамон ибтидо ин қаламравро “вилояти Хуросони хилофати исломӣ”-и худ арзёбӣ мекунанд.
Аммо бояд эътироф кард, ки "имрати исломӣ" - и Толибон як тарҳи воқеӣ ва амалитари як давлатест, ки ҳастаи аслии он қаблан гузошта шудааст. Ин давлат бо вуҷуди ин ки ҳанӯз тавассути ҳеҷ кишваре дар ҷаҳон ба расмият шинохта нашудааст, дорои артиши то дандон муҷаҳҳаз ва қаламрави худ аст. Ҳудуди 20 созмон ва гурӯҳи террористии аз назари эътиқодӣ, ҳатто аз назари зоҳирӣ ва таслиҳотии шабеҳ ба Толибонро контрол мекунад ва аз ҳама муҳиммтар, онҳо намояндаи тамоми кишварҳои атроф ҳастанд ва метавонанд ба унвони пештоз дар пешравии Толибон ба хориҷ аз қаламрави Афғонистон амал кунанд. Муҳиммтар аз ҳама, Толибон ба таври ҳафтагӣ 40 миллион доллар аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ба таври расмӣ) ва кӯмакҳои молӣ ва моддии муназзам аз соири кишварҳои дуру наздик дарёфт мекунанд.
Дар айни ҳол тамоми манобеъи маодин, молиёт, авоиди гумрукӣ ва соири даромадҳои кишварро дар ихтиёр доранд (намунаи кӯчак: ҳар 24 соат беш аз 100 тайёра аз осмони Афғонистон тараддуд мекунанд ва ҳар тайёра 60 ҳазор афғонӣ даромад меоварад, ки 180 миллион афғонӣ (2 миллион доллар) дар моҳ аст).
Тамоми ин суд ба хазонаи давлат меравад ва аз он ҷо ҳам артиши Толибон ва ҳам созмонҳои террористӣ тамвил мешаванд. Барои равшан шудани мавзӯъ, як рақами дигар меоварем: дар гузаргоҳи марзии Шерхон Бандар дар марзи Тоҷикистону Афғонистон дар 15 моҳ давлати қаблии Афғонистон 10 миллион афғонӣ (ҳудуди 115 ҳазор доллар) авоиди гумрукӣ мегирифт, аммо Толибон 360 миллион афғонӣ (4.1 миллион доллар) дар ин муддат дарёфт кардааст.
Ба ин далоил ва далоили дигар, проекти “иморати исломӣ”, ки тавассути мудирони ҷанги Афғонистон роҳандозӣ шуд, аз ҳама ҷиддитар ва хатарноктар аст. Метавон гуфт, ки ин проекти бисёр муваффақи онҳост. Ҳамалоти Таҳрики Толибони Покистон, яке аз муттаҳидони минтақаии Толибони Афғонистон, дар Покистон нишонаи ошкоре аз нагунҷидани “иморати исломӣ” дар марзҳои Афғонистон аст. Илова бар ҳамаи инҳо, сафорати Амрико дар садади бозгашт ба Кобул аст ва ин ба маънои оғози иҷроӣ шудани муҳимтарин бахши проект буда метавонад. Ҳамон тур, ки яке аз сиёсатмадорони Амрикои Лотин гуфт: "Танҳо кишваре, ки дучор инқилобе намешавад, Иёлоти Муттаҳида аст, зеро сафорати Амрико дар он ҷо вуҷуд надорад."
"ТАБЛИ ТУРКӢ"
Аммо пушти ин ҳама проектҳои аҷибу ғариб ва гоҳ мозаикии “Тӯрон”, “Хуросон” ва... чӣ чизе нуҳуфтааст? Посух ба ин савол хеле сахт нест. Ба назар мерасад қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақаӣ дар ин таваҳҳум ҳастанд, ки ҷаҳон дар остонаи як тақсимбандии ҷадид аст ва онҳо метавонанд барномаҳои бузурги худро бар асоси ҳар идеяи ҷаззобу назаррабо, аммо якмасрафа, ки ба зеҳнашон хутур кунад, рӯи миз бигузоранд ва ҳаққи худро бигиранд.
Созмони кишварҳои турк, ки дар соли 2009 таҳти унвони Шӯрои туркӣ эҷод шуд, ҳаргиз таваҷҷуҳи марҳум Ислом Каримов, раисҷумҳури собиқи Ӯзбекистонро ба худ ҷалб накард. Ба назар мерасад, ӯ фаҳмида буд, ки ин проект ба нафъи Туркия ва шарикони амрикоӣ ва аврупоии он аст, ки мехоҳанд кишварҳои туркнишини Шӯравии собиқ (Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон)-ро на танҳо аз контроли Русия хориҷ кунанд, балки онҳоро алайҳи Русия ва рақиби ҷадидашон дар ин майдон - Чин низ мавриди истифода қарор диҳанд. Ӯзбекистон танҳо дар соли 2018 ба узвияти ин созмон даромад. Ва Нурсултон Назарбоев бештар ҷазби Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) буд, зеро ӯ мефаҳмид, ки ҳар иттиҳодияи бидуни Русия дар минтақа мамлув аз мушкилоти бузург аст.
Сиёсатмадорони огоҳи кишварҳои туркзабони Осиёи Марказӣ ба хубӣ медонанд, ки Туркия мехоҳад онҳоро ба хотири манофеъ худ ва Ғарб дар рӯёрӯии бо Русия ва Чин қурбонӣ кунад. Равобити Анқара бо туркҳои Афғонистон нишон додааст, ки ин кишвар ҳаргиз ба сарнавишти туркҳо алоқаманд набуда ва аз ин рӯ ҳамвора онҳоро қурбони манофеъи худ кардааст.
Ин рӯзҳо ба назар мерасад Озарбойҷон бо таваҷҷуҳ ба ин ки Қарабоғи Кӯҳистонро бо кӯмаки Туркия ва Амрико бозмегардонад ва Қирғизистон дар вазъияти ноумедӣ ва мушкилоти иқтисодӣ ва ҳамчунин мушкили марзӣ бо Тоҷикистон, бо завқзадагӣ бо “табли туркӣ” ва дар айни ҳол бар аъсоби шарикони суннатӣ ва ҳамсоягонашон бозӣ мекунанд. Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон, ҳатто дар “бозиҳои кӯчманчиҳо” дар Туркия ширкат кард то Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва Ғарбро хушнуд кунад, аммо дар ҷашни таваллуди Владимир Путин ширкат накард.
Қазоқистон ва Ӯзбекистон мӯҳтот ҳастанд ва тамоюли ҷиддӣ барои иттиҳоди ҷадид нишон намедиҳанд, ба вежа бо Туркия, ки ҷуз ҷоҳталабиҳо ва бозиҳои тактикӣ зарфияти дигаре барои иҷрои чунин проекти бузурге надорад. Дар айни ҳол, онҳо дарк мекунанд, ки аввал аз ҳама, ҳамзистии мусолиматомез бо ҳамсоягон муҳим аст, зеро тибқи фарҳанги Осиёи Марказӣ, “ҳамсоя ба ҳаққи Худо баробар аст” ва дахолати фарде аз хориҷ барои ҳалли ихтилофоти ҳамсоягон айб аст.
Ва ҷолибтарин чиз: агар гунҷондани Тоҷикистон дар ин проект ҷунун бошад, пас иддаои сарзаминҳои Русия, бузургтарин қудрати ҳастаӣ, “худкушӣ” ё бозӣ бо думи шер аст. Метавон авоқибашро тасаввур кард.
"ҚАНДИ ПОРСӢ"
Дар маҷмӯаи проектҳои мухталифе, ки дар утоқҳои сервисҳои махфии Ғарб дар ҳоли омодасозӣ аст, иттиҳод ё давлате бар асоси идеяи форсизабонӣ мунтафӣ нест. Бар асоси иттилооти мувассақи манобеъи Сангар дар Аврупо, MI6-и Бритониё пешнависи тарҳи як кишвари ҷадидро бар асоси ин идея дар Афғонистон таҳия кардааст, ки дар оянда бояд шомили Эрон ва Тоҷикистон низ шавад. Ба ҳамин манзур, фарде ба номи Абдулҳақ Насимӣ (дар акс), яке аз бозаргонон ва сиёсатмадорони тоҷики Афғонистон, аз афроди наздик ба истихбороти Бритониё, ин корро оғоз кард. Ӯ қарор аст Ҳизби демократии Ориёно Бохтарро эҷод кунад ва ба ҳамин хотир имрӯз, 21 декабр, нишасте дар Маркази пажӯҳишии Фирдавсии Лондон баргузор мешавад, ки бояд бо “хӯроки шом ва мусиқии зинда” ба поён расад.
Бархе аз расонаҳои минтақа низ дар ҳоли интишори ахбори ҷаълӣ дар ҳамнавоӣ бо ин қабил проектҳо ҳастанд. Каналтелеграми “Маркази мутолиоти Тоҷикистон”, ки зоҳиран бо иттилооти Эрон муртабит аст, гузориш дод, ки “амрикоиҳо тавонистанд ҳокимияти Тоҷикистонро бо ироаи тарҳи эҷоди Тоҷикистони Бузург бо худ ҳамроҳ кунанд. Ин тарҳ бар асоси нақшаи истротежистҳои ғарбӣ бояд бо идғоми манотиқи шимолии Афғонистон бо Тоҷикистон ташкил бишавад”.
Ҷои тааҷҷуб нест, ки истихбороти Бритониё проекти эҷоди як кишвари форсизабон байни “иморати исломӣ”-и паштун ва Созмони кишварҳои туркро ба диққат ва огаҳона рӯи миз гузошт. Иттилооти Эрон дар интишори ахбори ҷаълӣ устухон надорад. Дар баҳбуҳаи ҳаводиси ҷаҳонӣ, партоби иттилооти ҷаълӣ дар мавриди проекти Тоҷикистони Бузург, ба вежа бо дастандаркории Иёлоти Муттаҳида, муттаҳиди стратегии Толибон, ба хӯрди афкори умумӣ дар минтақа дар навъи худ беназир аст. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пас аз 20 соли ҳузур дар Афғонистон, қудратро ба Толибони паштун таслим намуд ва на ба муқовимати зидди Толибон ба раҳбарии тоҷикҳо ва ба ин тартиб интихоби худро кард.
Агар истихбороти Инглис бо гузоштани “қанди порсӣ” дар даҳони форсизабонон мехоҳад Толибонро бедор кунад ва заминаро барои ҷанги ҷадид дар Афғонистон фароҳам созад, “Тоҷикистони Бузург”-и амрикоӣ бояд Русия, Чин ва ҳам Толибонро дар баробари Тоҷикистон ва ба навбаи худ Толибонро алайҳи Амрико қарор диҳад. Чӣ қашанг андешида шуда! Чизе барои гуфтан нест!
Ҳамин каналтелеграми “Маркази мутолиоти Тоҷикистон” он қадар аз воқеиятҳои минтақаӣ фосила дорад ё амдан мехоҳад равобити Русия ва Тоҷикистонро ба харобӣ бикашад, ки барои ин кор ҳатто мусоҳиба ё беҳтар аст, бигӯем, ҳазёноти як коршиноси қирғизиро мунташир кард, ки иддао мекунад, Амрико дар садади табдили Тоҷикистон ба як Украинаи ҷадид аст. Агарчи Тоҷикистон қобили эътимодтарин шарики Русия дар Осиёи Марказӣ талаққӣ мешавад, аммо дар бархе аз проектҳои ғарбӣ хостори навъе иттиҳод алайҳ Русия нест ва муҳимтар аз ҳама, "қалъаи ҷанубӣ" – и Иттиҳоди давлатҳои мустақили муштаракулманофеъ (ИДМ) дар хатти муқаддами мубориза бо терроризм аст ва монанди Эрону Қирғизистон, намояндаи худро ба оғӯшкашӣ бо Толибон нафиристодааст.
"ҶЕКПОТИ ХУНИН"
Ба таври хулоса, проектҳои ғарбӣ аз “иморати Толибон” ва “вилояти Хуросон” гирифта то “Тӯрон”-у давлати форсизабон дар Афғонистон (тааҷҷубе надорад, ки проектҳои аҷибу ғариби дигаре низ дар роҳ бошанд) дарвоқеъ монанди “бомби соатӣ” ҳастанд, ки ҳадафи онҳо танҳо аз байн бурдани назми сиёсӣ ва амниятии Осиёи Марказӣ, Русия ва Чин, ҳавзаҳои фаъолияти Созмони паймони амнияти ҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шонгҳой аст. Онҳо тавассути Амрико ва муттаҳидони ғарбиву шарқии он барномарезӣ, таҳрик ва сармоягузорӣ мешаванд. Ҳамон вазъияте, ки 100 сол пеш дар минтақа ҳоким буд ва дар ниҳоят ба назм ва харитаи кунунии минтақа хотима ёфт.
Ин ки чӣ гуна ин барномаҳо ба натиҷа мерасанд, мавзӯъи замон аст, аммо саволи муҳим ин аст, ки оё бархе аз кишварҳои ҳаяҷонзадаи Осиёи Марказӣ дар он замон рӯи харита хоҳанд монд ё хайр? Бархе эҳсосҳо ҳокӣ аз он аст, ки ҳеҷ як аз ин проектҳо амалӣ намешавад, аммо ҳарҷу марҷ, беназмӣ, бесуботӣ, вайронӣ, дарёе аз хун, ба таври куллӣ, "афғонишавӣ" ё табдили кулли минтақа ба Ховари Миёнаи ҷадид, яе “ҷекпоти хунин” барои созандагони проектҳо хоҳад буд.
Аз сӯи дигар, давлатҳои минтақа, Русия ва Чин низ бекор нахоҳанд нишаст. Онҳо бояд як подзаҳр барои ин заҳр дошта бошанд. Илова бар ин, чунин проектҳое ҷадид нестанд (ба унвони мисол, "Осиёи Марказии Бузург"-и амрикоӣ). Бигузоред бештар наққошӣ кунанд.
Саволи аслӣ боқӣ мемонад: оё Осиёи Марказӣ, ки сокинони он тоза пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ рӯи поҳои худ истодаанд, аз истиқлоли худ дифоъ карда ва дар масири тавсеа ва шукуфоӣ қадам гузоштаанд, ба чунин проектҳое ниёз дорад? Посух сареҳ аст: На! Ва муҳимтар аз ҳама, ҳеҷ кас дар Осиёи Марказӣ қарор нест, монанди Аврупо, худро фидои манофеъи Амрико ва Ғарб кунад.