Хабари рӯз

“Сангар”: Дар ин матлаб гуфта мешавад, ки чӣ гуна Твитер ба як абзори таблиғоти амрикоӣ дар Ховари Миёна табдил шуд. Ин абзор дар Афғонистону Осиёи Марказӣ низ истифода мешавад, аммо мушаххас нест, ки чӣ гуна. Як ихтилофи ҳукумати Амрико бо Илон Маск, соҳиби ҷадиди Твитер, низ ин аст, ки ахирӣ ба ҳамчунин истифодаи сӯъ қарор гирифтани Твитер хотима додааст. Дар асл фақат Худо мефаҳмад ва Пентагон (вазорати дифоъи Амрико), ки чӣ дасисаҳое дар минтақа ҷараён доранд.

Нависанда: телеграмканали “Рибар”

Дар соли 2020, Ник Пиклз, мудири Твитер дар Маҷлиси намояндагони Иёлоти Муттаҳида суханронӣ кард. Вай эълом кард, ки мубориза бо амалиёти иттилоотии пуштибонишуда тавассути бархе кишварҳо дар шабакаи иҷтимоӣ дар авлавияти ин ширкат аст.

Бо ин ҳол, ӯ ҳилагарӣ мекард: дар тамоми ин солҳо раҳбарии Твитер ба таври фаъол аз тариқи як ботофермаи эҷодшудаи махсус аз матолиби лозим барои давлати Амрико ҳимоят ва мунташир мекард.

Рӯзноманигори The Intercept, Фан, бархе аз асноди ширкатро мутолиа кард, ки ба таври мухтасар тавассути молики ҷадид, Илон Маск, дастрасӣ ба онҳо фароҳам шуд. Маълум шуд, ки барои беш аз панҷ сол, мудирияти Твитер ба Пентагон дар тарвиҷи ривоятҳои лозим кӯмак мекард.

 

Дақиқан чӣ пайдо шуд?

Дар 26 июли 2017, Натаниел Калер аз фармондеҳии марказии Иёлоти Муттаҳида (CENTCOM) феҳристе аз 52 ҳисоб (аккаунт)-и арабизабонро бо дархости қарор додан онҳо дар “рӯйхати сафед” ба дафтари Твитер ирсол кард.

Бархе аз онҳо қаблан ба унвони робот аломатгузорӣ шуда буданд. Ин мақом гуфт, ки Пентагон аз ин ҳисобҳо барои афзоиши иттилоърсонӣ ва интишори бархе паёмҳо истифода мекунад.

Дар ҳамон рӯз тибқи мустанадоти дохилии ширкат, таги махсусе рӯйи ин ҳисобҳо эъмол шуд. Яке аз кормандони Твитер ба шарти ношинос мондан гуфт, ки ба ин тартиб ҳисобҳо дар сурати баррасӣ тавассути мудирон (модераторон), имтиёзотеро дарёфт мекунанд.

 

Чӣ тезисҳо тавассути давлати Амрико тарвиҷ шуд?

Роботҳои амрикоӣ иттилоотеро дар мавриде чандин даргирӣ ба таври ҳамзамон пӯшиш медоданд. Дар соли 2017, яке аз онҳо иддао кард, ки паҳподҳои нерӯи ҳавоии Амрико ҳамалоти дақиқеро алайҳи террористҳо дар Яман анҷом дода ва ба ғайринизомиён осебе нарасондааст. Нависанда ҳамчунин аз ҳамалот ба шабҳи низомиёни шӯришии ҳусӣ ҳимоят кард. Твитҳо баъдан ҳазф шуданд.

Дар акаунти дигаре (дар ҳоли ҳозир ба ҳолати таълиқ даромада) имсол твитҳое алайҳи давлати Башшор Асад мунташир шуд, агарчи аз соли 2017, ҳамон ҳамалоти паҳподӣ дар Яман ахбори аслии ин сафҳа будааст.

Фармондеҳии амрикоӣ як маъракаи иттилоотиеро дар ҷиҳати муҳими дигаре анҷом медод - Эрон.

Ба унвони намуна, ин мақола ба чандин аккаунт ишора мекунад, ки дар онҳо мураттабан сиёсати мақомоти эронӣ таҳдиде мустақим барои амнияти кишвари ҳамсояи он Ироқ арзёбӣ мешавад. Ва ин мақомоти эронӣ ҳастанд, ки масъули бесубот кардани авзоъ дар минтақа ҳастанд.

Ба гуфтаи нависандаи таҳқиқот, вуҷуди шабакае аз ҳисобҳои Твитер, ки ба Пентагон марбут ҳастанд, ба таври ғайримустақим тавассути гузориши расадхонаи интернетии Донишгоҳи Истенфорд таъйид шудааст.

Дар он ҳисобҳои расонаҳои иҷтимоии хосе номбар нашудааст, аммо созандагон ба манотиқе ишора карданд, ки мақомоти Иёлоти Муттаҳида дар онҳо амалиёти иттилоотиро анҷом медиҳанд: Эрон, Афғонистон, Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ.

"Берун рехтан"-и иттилоот дар мавриди фаъолиятҳои Пентагон танҳо қисмати дигаре аз кашмакаш байни мақомоти амрикоӣ ва Илон Маск аст. Чунин амалиёти иттилоотӣ мумкин аст зарфи чанд моҳ - пас аз пайдо шудани аҳромҳои фишори ҷадид бар миллиардер - аз сар гирифта шавад.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!