Осиёи Марказӣ бори дигар ба сакуе барои "Бозии бузург" - як рақобати геополитикии шадид байни Шарқу Ғарб табдил шудааст.
Нависанда: Андрей Серенко, раиси Марказ мутолиоти сиёсати Афғонистон (Русия)
Матни комили дидгоҳи ман барои расонаи мӯҳтарами Қазоқистон “Эксклюзив”:
Минтақаи Осиёи Марказӣ имрӯз, ба қавли амрикоиҳо, дар ҳоли табдил шудан ба “духтарест, ки ҳама мехоҳанд”. Дар воқеиятҳои ҷадиди геополитикӣ, ки пас аз баҳори 2022 падидор шуд, Осиёи Марказӣ ва кишварҳои мунфариди он ба унвони як кулл ҷойгоҳи муҳимеро ба унвони минтақаи муассир бар мушкилоти ҷаҳонӣ ва болотар аз ҳама, мушкили рақобати ҷадид байни Ғарбу Шарқ ба даст оварданд.
Барои Русия, минтақаи Осиёи Марказӣ як ақабаи стратегиест, ки вазоифи пушти сар гузоштани таъсири манфии таҳримҳои иқтисодии Ғарб аз тариқи он ҳал мешавад. Дар канори “каналҳои иртиботӣ” бо Эрон аз тариқи дарёи Хазар ва ҳимояти Чин, луҷистики Осиёи Марказӣ ба як “роҳи наҷот”-и воқеӣ барои Русия табдил шудааст. Аз ин хотир, Маскав ба думболи ҳифзу тақвияти контроли чандсатҳии худ бар ин минтақа аст.
Ба ҳамин далел - аҳамияти минтақаи Осиёи Марказӣ барои Русия - намояндагону ниҳодҳои блоки Ғарб, ки ҷанги таркибӣ бо Маскавро ба роҳ андохтаанд, дар ин ҷо фаъолтар шудаанд. Онҳо ба думболи тазъифи ҳар чӣ бештари мавозеъи Русия дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳастанд, агар нагӯем фурӯпошӣ, ва бо ироаи проектҳои тавсеа ҷойгузини худ ба нухбагони маҳаллӣ, ки дар айни ҳол, наметавон онҳоро номуваффақ хонд, аз аҳрумҳои фишор бар онҳо истифода мекунанд (дар дараҷаи аввал аз ҳисоби ҳазинаи амвол, амлок ва ҳисобҳои бонкии воқеъ дар кишварҳои ғарбӣ).
Илова бар ин, Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш дар талош барои тақвияти тавоноиҳои худ дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар бозии рӯ ба рушд бо Чин ҳастанд. Бадеҳист, ки рӯйдодҳои аслӣ дар ин рақобат ҳанӯз дар пеш аст, шояд пас аз поёни марҳалаи ҳодди даргирии Русия ва Украина бояд мунтазири онҳо буд. Бо ин ҳол, стратегистҳои дурандеш дар Вашингтон, Лондон, Брюссел ва соири пойтахтҳои Аврупо дар ҳоли ҳозир дар талош ҳастанд то зерсохти ҷадиде барои таҳти фишор қарор додани мавқеияти Пекин дар ин бахш аз фазои пас аз Шӯравӣ эҷод кунанд.
Осиёи Марказӣ бори дигар ба сакуе барои "Бозии бузург" табдил шудааст, як рақобати геополитикии шадид байни Шарқу Ғарб. Ин ҳам мазоид ва ҳам маъоиби худро дорад. Яке аз мазиятҳо, фурсатест, ки кишварҳои минтақа бо ихтилофҳои Маскав, Пекин ва руқабои ғарбии онҳо бозӣ кунанд. Ин навидбахши сармоягузориҳои ҷадид, ҳимояти сиёсӣ ва фурсатҳои тавсеаи ҷадид барои раҳбарии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва нухбагони маҳаллӣ аст. Аз ҷанбаи манфӣ ин аст, ки нухбагони маҳаллии якрав ё беш аз ҳад ҳарис дар қолаби таҳримҳо, таҳдид ба “инқилоби ранга” ва ҳатто истифодаи ошкор аз нерӯи низомӣ, саркӯб мешаванд. Аз ҷумла гурӯҳҳои ғайрмутаориф, ба унвони мисол, дар қолаби гурӯҳҳои ҷиҳодии мухталиф, ки дар Афғонистон мустақар ҳастанд, аммо ба думболи густариш дар Осиёи Марказӣ ҳастанд.
Ба иборати дигар, шароит нухбагони минтақаро маҷбур мекунад то ҳадди аксар кашиш ва инъитофпазирии сутуни фуқаротро тавсеа диҳанд то аз таҳдидоти манфӣ ҷилавгирӣ кунанд ва дар айни ҳол мазойидеро, ки мустақиман аз тамоюли ширкаткунандагони "Бозии бузург" барои ҷалби ризояти кланҳои ҳокими Осиёи Марказӣ ва афкори умумӣ дар дастони онҳо сарозер мешавад, аз даст надиҳанд.
Акнун мо ин фурсатро дорем, ки намоише аз ин "барозандагии сиёсӣ"-ро дар замони воқеӣ мушоҳида кунем. Биёед, бубинем, ки дар ниҳоят чӣ касе муваффақ мешавад дар ин раванди ҷаззоб ба таодули комил бирасад.
Таъсири омили Афғонистон бар авзоъи Осиёи Марказӣ комилан ошкору шадид аст. Афғонистон беш аз ду сол аст, ки таҳти контроли бузургтарин созмони террористии байналмилалӣ аст, ки ба идеологияи ҷиҳод мепардозад. Даҳҳо ҳазор шабҳинизомӣ аз Осиёи Марказӣ дар хоки Афғонистон мустақар ҳастанд. Ин як омили доимии фишор бар минтақа аст, туфанге, ки дар саҳнаи сиёсии маҳаллӣ овезон аст. Ва тибқи қавонини драма як рӯз шонси тирандозиаш бисёр ҷиддӣ дорад.
Кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳар кадом ба равиши худ саъй дар таваққуфи ин таҳдид доранд. Ба унвони мисол, Тоҷикистон бар ҳимоят аз нерӯҳои муқовимати низомии Афғонистон дар баробари режими Толибон такя карда ва ин нерӯҳоро захирае барои пӯшиши хориҷии марзҳои давлатӣ ва боздорандагии террористҳо медонад.
Ӯзбекистон ва Қазоқистон, баракс, бо ибтикороти тиҷориву иқтисодӣ ва ваъдаҳои ҳимояти молӣ, талош мекунанд раҳбарии Толибони ҷиҳодиро розӣ кунанд. Аҷиб аст, ки худи Толибон чунин аъмолеро навъе пардохти ҷизя - молиёти вежа барои амният - медонанд.
Дар марҳалаи кунунӣ, замоне, ки раҳбарони Толибон ба стратегияи сарватандӯзии фаъоли шахсӣ поибанд ҳастанд, талош барои мумошот ё оромсозии иқтисодии онҳо, аз тариқи ришвадиҳии мустақим, мумкин аст муваффақиятомез бошад. Аммо ин ки чӣ қадар идома хоҳад дошт, як саволи ҷиддӣ аст. Зарбулмасали русӣ дар мавриди гург, ки ҳар чӣ қадар ҳам, ки ғизо медиҳед, боз ҳам ба ҷангал нигоҳ мекунад, ағлаб дар сиёсат содиқ аст.
Ба назари ман, таҳдиди ҷиҳодӣ барои минтақаи Осиёи Марказӣ чашмандозе барои тақвият дорад. Илова бар ин, ин абзор на танҳо барои радикалҳои мазҳабии оштинопазир, балки сервисҳои иттилоотии бархе кишварҳои ғарбӣ ва минтақаӣ, ки собиқаи ҳамкории тӯлонӣ бо ифротгароёни исломӣ доранд, низ қобили истифода аст.
Агар маълум шавад, ки гурӯҳҳои ҳоким дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чандон ба пешниҳодоти ширкаткунандагони хориҷӣ дар “Бозии бузург” вокуниш нишон намедиҳанд, ҷавомеъи ҷиҳодие, ки нерӯҳо ва манобеъро зери чатри диктатории Толибон дар Афғонистон анбошта мекунанд, мумкин аст алайҳи онҳо истифода шавад.
Ба ҳар ҳол, аввалин сигналҳои ҳушдордиҳанда дар ин замина барои Тоҷикистону Қазоқистон дар ҳоли зоҳир шудан аст. Умедворем ин кишварҳо ва дар кулл минтақа битавонанд аз манфитарин сенарияҳо барои тавсеаи шароит ҷилавгирӣ кунанд.