Амрико иттилоъ дар бораи Афғонистонро аз киҳо дарёфт мекунад?
Манбаъ: Султон Аҳмад, махсус барои “Сангар”
1 - Покистон тамоми иттилооти худро дар мавриди Афғонистон дар дастраси Амрико қарор майдад.
2 - Кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, ҳамонанди Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Ҳинд иттилооти худро бо Созмони истихбороти марказии Амрико (СиАйЭй) шарик месозанд.
3 - СиАйЭй иттилооти марбут ба Афғонистонро аз тариқи кишвари Туркия ва канали кишварҳои узви НАТО низ дарёфт мекунад. Дар созмони НАТО як ниҳоди иттилоотие вуҷуд дорад, ки мавзӯъи Афғонистон дар он ба баҳс гирифта мешавад. Дар ин ниҳод робитаи танготанг байни туркҳо ва амрикоиҳо мавҷуд аст ва ҳама маълумот дар дастраси Амрико қарор мегирад.
4 – Касоне, ки худ ё хонаводаҳояшон мунтазири интиқол ба Ғарб мебошанд ё ба навъе бо инҳо ваъдаи интиқол дода мешавад, онҳо касоне ҳастанд, ки дар низоми ҷумҳурият дар бахшҳои амниятӣ кор мекарданд. Ин афрод ба навъе маълумоти худро бо мароҷеъи интиқол шарик сохта ва ин маълумот ба Амрико мунтақил мегардад. Ин афрод феълан дар дохилу хориҷи Афғонистон ҳузур доранд.
5 - Кормандони асбақи амнияти миллии Афғонистон, ки феълан дар Амрико, Инглистон, Покистон, Фаронса ва дигар пойтахтҳои кишварҳои аврупоӣ қарор доранд, моҳвор бахшҳои амниятии онҳоро мулоқот карда ва пурсида мешавад, ки шумо бо кӣ тамосҳое доред, чӣ шунидед ва маълумотҳои инҳо низ бо амрикоиҳо шарик мегардад.
6 - Тамоми дастгоҳҳо ва мошинолоти вазорат мухобироти Афғонистон ва шабакаҳои мухобиротии Афғонистон решаи амрикоӣ дорад. Дастгоҳи шабакаи “Афғон бесим” (AWCC) амрикоӣ аст ва шахси оқои Баёт, молики “Афғон бесим” ҳам мухлиси мутлақи амрикоиҳо буда ва тамоми маълумот ба амрикоиҳо интиқол меёбад. Дастгоҳҳои шабакаи мухобиротии “Рушан” (Roshan) низ фаронсавӣ буда ва он ҳам ба амрикоиҳо интиқол меёбад. Тамоми ин иртибототи соҳавӣ ва маълумот аз замин низ дар дастраси амрикоиҳо қарор мегирад.
7 - Мутобиқи қарордоди Доҳа амрикоиҳо бо Толибон тавофуқи табодули иттилооти амниятӣ байни созмони СиАйЭй ва истихбороти Толибонро доранд. Ин мавзӯъ дар мақолаи ахири Вилям Бернс низ тазаккур дода шудааст. Инҳо ба қисми муназзам табодули иттилооти истихборотӣ доранд.
8 - Мутобиқи қарододе, ки амрикоиҳо бо Покистон доранд, рӯзона паҳподҳои амрикоӣ аз Қатар парвоз карда ва аз фазои Покистон гузашта ва 10 ило 12 соат дар осмони Афғонистон назорат дошта ва баъд дубора ба Қатар бармегарданд. Ин тавофуқ байни Покистон ва Амрико ҳанӯз ҳам вуҷуд дорад.
9 – Аксари кулли сиёсатмадорҳои бузургу соҳибноми Афғонистон бо амрикоиҳо тамоси мустақим доранд ва ба қисми муназзам маълумотҳое аз тариқи ин сиёсатмадорон низ ба созмони СиАйЭй мунтақил мегардад.
10 - Гузоришҳои соҳавии муассисоти ғайридавлатӣ ё ЭнҶиОҳо (NGO) ба Амрико интиқол меёбад, чун ҳимояткунандаи бузурги ЭнҶиОҳо аз кӯмакҳои солона думиллиарддолларӣ тавассути Идораи тавсеаи байналмилалии Амрико (USAID) буда ва ҳама маълумот ва гузоришот аз тариқи ЭнҶиОҳо ба Амрико мунтақил мегардад. Дар тӯли таърихи стратегияи Ғарбу Амрико барои ҳузури ғайримустақим ҳамеш аз тариқи кӯмакҳои башардӯстона дар қолаби ЭнҶиОҳо будааст. ЭнҶиОҳо бозуи пешбурди сиёсати хориҷии Амрико ва ҳузури ғайримустақим дар ҷаҳон мебошад. Баҳси кӯмакҳои башардӯстона сирф пӯшиш буда ва феълан Амрико аз ин тариқ дар Афғонистон ҳузур дорад ва иттилоот ҷамъоварӣ мекунад.