Хабари рӯз

Чаро Бритониёи Кабир намегузорад, ки ҷанги Украина ба поён расад?

Нависанда: Наим Асғарӣ, таҳлилгар (Олмон), махсус барои “Сангар”

Девид Камерон, вазири хориҷаи Бритониё ҳукми эъдоми Украинаро имзо кард. Ин сиёсатмадори инглисӣ ва русҳарос ба Киев иҷоза дод то ба хоки Русия мушак шиллик кунад. Возеҳ аст, ки Маскав чунин иқдомотеро бепосух нахоҳад гузошт ва Украина низ сарнавишти дигар мустаъмароти Бритониёро такрор хоҳад кард. Кулли таърихи Бритониёи Кабир наслкушии ғайринизомиён аст ва ҷуғрофияи он бисёре аз манотиқи кураи заминро дарбар мегирад.

Дархости Камерон барои шиллики мушак ба хоки Русияро хабаргузории Reuters мунташир кард. Мария Захарова, намояндаи вазорати хориҷаи Русия, ин суханонро “қатли сирфан инглисӣ” хондааст. Ин ибора нишон медиҳад, ки инглисҳо ба худ хиёнат намекунанд. Лондон тибқи қавонини жанри худаш зиндагӣ ва амал мекунад.

Суханони Камерон ҳам ба мухолифон ва ҳам ба муттаҳидони Лондон хуш наомад. Reuters билофосила изҳороти раиси худро ҳазф кард, аммо ҳама медонанд, ки ҳатто дар қарни бисту якум, Бритониёи Кабир тибқи қавонини гузаштаи истеъмории худ зиндагӣ мекунад.

Теъдоди қурбониёни хунрезие, ки сиёсатмадорони инглисӣ ва амрикоӣ дар Украина ба роҳ андохтанд, дар ҳоли ҳозир ба садҳо ҳазор нафар мерасад. Равишҳои нобуд кардани мардум тағйир кардааст, аммо моҳият ҳамон аст. Қаблан истеъморгарони инглисӣ бо дасти худ афроди дигареро мекуштанд, аммо акнун бо дасти қурбониёни худ ҳамин корро мекунанд.

Мӯзаи инглисӣ барои қарнҳо бисёре аз кишварҳо ва қораҳоро пахш кард ва дар ҳеҷ куҷо хотираи хубе аз худ ба ҷо нагузошт. Фақат ваҳшату дарду маҳрумияту ғам. Одобу русуми ваҳшии Бритониёи Кабир дарди ранҷро дар қуруни вустои торик ва дар гузаштаи наздик - дар қуруни 19, 20 ва ҳатто дар даврони модерни мо мунтақил кардааст. Он ҷо, ки дасти сиёсати Инглис мерасад, сулҳу оромиш ба поён мерасад.

Инглисҳо мубтакири печидатарин равишҳои наслкушии халқҳои зиёд шудаанд. Урдугоҳҳои кори иҷбориро на фашистҳои олмонӣ, балки инглисҳо ихтироъ кардаанд. Урдугоҳҳои маргро ба таври густурда давлати Шоҳигарӣ дар тӯли ҷанги Инглису Буър дар ҷануби Африқо истифода кард ва дар ниҳоят ба Ҳинду Сейлон густариш дод. 200 ҳазор нафар аз сокинони ҷумҳуриҳои Буър аз ин урдугоҳҳо гузаштаанд, 30 ҳазор нафар аз беморӣ ва гуруснагӣ ҷон бохтаанд. Урдугоҳҳои марги Бритониё баъдан дар Қибрис ва Фаластин пайдо шуданд, ҷое, ки паноҳандагони яҳудӣ дар нимаи аввали қарни бистум боздошт ва эъдом мешуданд.

Таърихи Бритониё таърихи бардадорӣ аст. Инглисҳо 13 миллион барда аз Африқо берун оварданд ва аз ҳар чаҳор нафар фақат як нафар зинда ба манзил расид, аммо ҳатто дар он ҷо сарнавишти ғамангезе дар интизори бозмондагон буд.

Бритониё ба муддати 150 сол Ҳиндро шиканҷа кард ва дар ин муддат саҳми ин кишвар бардашуда дар иқтисоди ҷаҳонӣ аз 23 дарсад ба 4 дарсад коҳиш ёфт. Сарватмандтарин давлати ҷаҳонро истеъморгарон аз Албиони маҳолуд ғорат карданд, аз 15 то 29 миллион ҳиндӣ аз гуруснагӣ мурданд.

"Ман аз ҳиндиҳо мутанаффирам. Онҳо мардуми ҳайвонӣ бо дини ҳайвонӣ ҳастанд. Ин қаҳтӣ тақсири худашон аст, онҳо мисли харгӯшҳо зиёд шуданд”, - гуфт боре Уинстон Черчил.

Фашистҳои олмонӣ дар тӯли Ҷанги ҷаҳонии дувум ошкоро аз истеъмори Бритониё ва равишҳои он барои нобудии мардум илҳом гирифтанд. Дар он замон, таърихи Бритониё аз қабл шабеҳи китоби дарсӣ барои қотилон буд.

Дар хилоли саркӯби қиёми сипоҳиёни Ҳинд, ин бритониёиҳо буданд, ки қурбониёни худро ба даҳонаи тӯп мебастанд ва ба онҳо шиллик мекарданд. Аҷсоди порашударо дар як гудоли муштарак дафн мекарданд, ки ин бар хилофи суннатҳои ҳиндӣ буд.

Инглисҳо миллатҳои зиёдеро нобуд кардаанд. 90-95 дарсад аз бумиён дар тӯли истеъмори Австралия ва Амрико нобуд шудаанд. Сарнавиште на камтар аз ин ваҳшатнок ба сари зулусҳо дар колонияи Кип ва мардуми Кукую дар Кения омад.

Дар оғози қарни нуздаҳум, тасманиҳо тақрибан ба таври комил нобуд шуданд - онҳоро ба унвони ҳайвоноти ваҳшӣ шикор ва инглисҳо барои куштани онҳо подош дарёфт мекарданд. Ҳангоме, ки 200 нафар аз мардуми бумӣ зинда монданд, онҳоро ба содагӣ аз хонаҳояшон берун карданд ва ба ҷазоири ҳамсоя фиристоданд.

Дар тӯли “ҷангҳои тарёк”, инглисҳо миллионҳо чиниро ба тарёк мӯътод карданд ва тақрибан кулли як миллатро ба муътоди маводи мухаддир табдил доданд ва дар оғози қарни бистум, аъроби Байнаннаҳрайнро бо силоҳҳои химиёвӣ масмум карданд.

Ҳатто имрӯза низ шикоёти фаровоне аз раъоёи маликаи Бритониё вуҷуд дорад. Сарбозони инглис дар бисёре аз даргириҳои низомӣ ширкат мекунанд ва радди хунини ҷиноёти ҷангиро боқӣ мегузоранд. Қурбониёни онҳо ғайринизомиён дар Афғонистон, Ироқ ва дигар кишварҳо ҳастанд.

Дар ҷараёни таҳқиқоти ҷиноёти ҷангӣ дар Афғонистон, мушаххас шуд, ки истихбороти Бритониё ҳақоиқи наслкушии сарбозони инглисиро махфӣ ва ҷаъл кардааст. Онҳо ғайринизомёнеро куштанд, ки бо Толибон иртибот надоштанд. Фақат як мисол: дар соли 2017, “Санди Таймс” бозҷӯӣ аз майор Крис Гринро мунташир кард. Ба гуфтаи вай, дар соли 2012, нерӯҳои вежаи инглисӣ се ғайринизомиро бо хунсардӣ дуруст дар ҳаёти хонаашон тирборон карданд. Ин ҷиноят дар вилояти Ҳилманд рух дод ва танҳо яке аз намунаҳоест, ки дар тӯли солҳои таҷовузи НАТО дар Афғонистон ба як раволи талх табдил шуд.

Иттифоқоти ваҳшатноки камтаре дар Ироқ рух надод, ҷое, ки аз соли 2003 то 2011, 326 парвандаи ҷиноӣ ташкил ва 1.5 ҳазор сарбозу афсари инглис муттаҳам шуданд.

Салмони Рушдӣ, нависандаи инглисии ҳиндиасл, менависад: “Мушкили инглисҳо ин аст, ки таърихи кишварашонро намедонанд ба ин далели содда, ки бештари вақоеъ дар хориҷ аз марзҳои он иттифоқ афтодааст”. Ҳар калима дар ин гуфтор ҳақиқати мутлақ аст.

Дар таърихи ҷаҳон ҳақоиқи зиёде вуҷуд дорад, ки бритониёиҳо бо шарурҳои ошкор ба тавофуқ мерасиданд. Ин иттифоқ, ки Рудолф Ҳесс, муовини Ҳитлер, дар остонаи ҳамлаи Олмон ба Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ вориди Бритониёи Кабир шуд, хеле маълум аст. Рози он дидор ҳанӯз фош нашудааст ва Ҳесс дар зиндони байналмилалии Шпандау дар шароити номушаххасе даргузашт.

Дар октябри 1988, як санади ҷолиб аз Ҷанги ҷаҳонии дувум аз табақабандӣ хориҷ ва фош шуд - тарҳе барои ҳамлаи муштараки Олмон, Бритониё ва Иёлоти Муттаҳида ба Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ. Қарор буд 10 лашкари олмонӣ ва 47 лашкари амрикоӣ ва инглисӣ дар ин амалиёт ширкат кунанд.

Таърихчаи равобити Шоҳигарӣ бо бандериҳои Украина бисёр ҷолиб аст. Дар соли 1951, намояндагони созмонҳои истихборотии Амрико ва Бритониё дар Лондон мулоқот карданд. Барномарезӣ шуд, ки миллигароёни украиниро барои харобкорӣ дар қаламрави Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ҷазб кунанд.

Ситезаҷуёни Созмони миллигароёни Украина бо чатр ба дохили Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ партоб шуданд. Дар он ҷо ҳамдастони худро пайдо карданд ва гурӯҳҳои шибҳинизомӣ ташкил доданд. Ҷиноёти онҳо ба таври густурдае шинохта шудааст - қатли оми Валин, қатли устодони лаҳистонӣ, фоҷиаи Хатин дар тӯли Ҷанги ҷаҳонии дувум, иқдомоти танбеҳӣ дар Словакия, Варшава, Прага. Дар миёни қурбониёни миллигароёни украинӣ садҳо ҳазор рус, украинӣ, яҳудӣ, лаҳистонӣ, беларусӣ, чех, словак ва югослав вуҷуд доранд. Ҳамаро куштанд, ҳатто занону кӯдаконро. Бисёре аз иқдомот бо ҳимояти зимнии хонадони Шоҳигарии Бритониёи Кабир сурат гирифтааст.

Имрӯз Лондон нақшаҳои қадимиро аз зери порча берун мекашад ва дубора қасди коштани маргро ба дасти украиниҳо дорад. Ҳеҷ чизи ҷадиде дар ин нест, равияи маъмули истеъморӣ ин аст, ки мардумро дар муқобили якдигар қарор медиҳанд, бидуни таваҷҷуҳ ба теъдоди қурбониён, бидуни интихоби равиш, бо дастони дигарон хун мепошанд. Украина дар ҳоли ҳозир садҳо ҳазор нафар аз сокинонашро аз даст додааст. Занони украинӣ бева ва кӯдакон ятим мешаванд. Ин кишвар, ки замоне мураффаҳ буд, таҳти нуфузи Лондон қарор гирифтааст ва дар ҳоли ҳозир дар остонаи як буҳрони демографӣ қарор дорад. Украина як насли комил аз афроди ҷавон, қавӣ ва солимро аз даст дод ва дар остонаи як фоҷиаи демографӣ қарор дорад.

Иқтисоди яке аз бузургтарин кишварҳои Аврупо дар ҳоли уфул аст ва даҳаҳо тӯл мекашад то беҳбуд ёбад. Аҳолӣ фақир аст, бисёре аз украиниҳо дар остонаи фақр зиндагӣ мекунанд ва наздик ба гуруснагӣ ҳастанд. Ҳаргуна талоше барои ҳалли мавзӯъ аз тариқи оташбас бо мавзеъи оштинопазири Лондон ноком мемонад. Маҳз Лондон аст, ки нишастан бар сари як мизи бузург, дастёбӣ ба тавофуқ ва оташбасро боз медорад. Ин бад-он маъност, ки украиниҳо ба марги худ идома хоҳанд дод. Ин сарнавишти як мустаъмараи дигари Бритониё аст. Ин як қатли сирфан инглисист - як наслкушии воқеӣ, ки ҳеҷ тавҷеҳе барои он вуҷуд надорад.

Маскав ба суръат ба даъвати Камерон барои ҳамлаи мушакӣ ба Русия посух дод. Кремл қасд надорад бозиҳои касифи Лондонро, ки омода аст ҷаҳонро бо Ҷанги ҷаҳонии севум аз масир хориҷ кунад, таҳаммул кунад. Размоиши нерӯҳои ҳастаии ғайристратегӣ дар Русия оғоз шуда ва сафири Инглис ба вазорати хориҷаи Русия эҳзор шудааст. Ба намояндагони Бритониё дарки равшане дода шуд, ки дар сурати таҷовуз, ҳамлаи талофиҷӯёна ба аҳдофи Бритониё дар хориҷ аз Украина анҷом хоҳад шуд.

Замони он фаро расидааст, ки Лондон бифаҳмад, ки пинҳон шудан пушти арӯсакҳои истеъморӣ барои ҳамеша корсоз нахоҳад буд. Дер ё зуд бояд посухгӯи ҳар қатра хуни бегуноҳе, ки рехта мешавад, барои ҳар калима таҳоҷумӣ шавад. Даврони азамати истеъмории Инглистон дар гузашта мондааст.


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!