Хабари рӯз

Манбаъ: Сафҳаи Бунёди Аҳмадшоҳ Масъуд

Гуфтаҳои таърихии шоҳдухт Ҳиндиё, духтари Амонуллоҳхон:

Ман умрамро хӯрдаам, мехоҳам як хотираи худ аз Аҳмадшоҳ Масъуди қаҳрамонро бо ҳамагон шарик созам, мабодо ногуфта аз дунё кӯч кунам.

Аз он рӯз, ки падарам Афғонистонро бидруд гуфт ва ба Италия муҳоҷир шудем, инглисҳо чаҳор атрофи моро хаткашӣ карданд ва дар ҳақиқат зиндонӣ шудем, дуруст, мисли Наполеон дар ҷазираи Сент Ҳелен.

Аз як сӯ, фишори иқтисодӣ ва аз тарафи дигар, фишори сиёсӣ! Чандин бор ба давлати Нодир тамос гирифтем, вале Нодир бо куштани ҳайате, ки аз ҷониби падарам фиристода шуда буд, паёми худро фиристод, ки ман бо ҳайати ту чунин кардам, фикр кун, бо худат чӣ мекунам. Аз сӯи дигар давлати Туркия ҳам бо хотире, ки давлати Нодирро ба расмият шинохта буд, моро намепазируфт. 

Баъдан ба рӯи кор омадани Зоҳиршоҳ падарам чандин бор аз тариқи сафоратҳои Афғонистон дар Италия ва Туркия бо Кобул тамос гирифт ва дархости баргашт ба ватанро кард, ки ҳар бор аз сӯи Ҳошимхон ва Шоҳмаҳмудхон ҷавоби рад мегирифт.

Падарам ба хубӣ донист, ки давлати Кобул таҳти таъсири инглисҳо аст ва ин инглисҳо ҳастанд, ки дар Италия моро зиндонӣ ва дар кишвар моро мамнуъулдухул кардаанд, чун он соле, ки падарам ба рӯи инглисҳо зада будро фаромӯш намекунанд.

Падарам борҳо мегуфт, ки “ман ба умеди он давлатҳое, ки моро дӯст доштанд, дар сафарам пазироии гарм карданд ва ваъда доданд, аз кишвар хориҷ шудам. Агар мефаҳмидам, ки бо ман чунин мешавад ва Оли Яҳё Эҳсон фаромӯш мешавад, қатъан аз кишвар хориҷ намешудам ва беҳтар буд ҳамон ҷо кушта мешудам”. Ин ҳама мушкилот як тараф буд, ки Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ оғоз шуд ва зиндагии мо мушкил ва мушкилтар шуд.

Ба ин сурат падарам дар ормони ин ки кишвари худро як бори дигар бубинад, дар соли 1963 вафот ёфт ва ба орзуи худ  даст наёфт. Баъд аз вафоти падар мо фикр кардем, ки шояд инглисҳо аз мо даст бардоранд, вале иштибоҳ фикр мекардем. Ҳеҷ гоҳ нашуд аз назари инглисҳо ба дур бошем.

Бо рӯи кор омадани ҷумҳурияти Довуд мо ва бародаронам бо ҳукумати Кобул тамос гирифтем, вале ин бор мутаваҷҷеҳ шудем, ки на танҳо, ки Оли Яҳё таҳти машвараи инглисҳо аз мо дурӣ мекарданд, балки уқдаи шахсӣ ҳам нисбат ба фомили мо доштанд.

Баъд аз рӯи кор омадани ҳукумати коммунстӣ мо мухолифи он ҳукумат будем ва ҳеҷ гоҳ нахостем тамос барқарор кунем. Бад-ин сурат, тамоми умри мо дар армони ватан дур аз ватан гузашт ва ҳеҷ умеди дигар набуд, мо аз ватан даст шустем.

Дигар аз ватан паёми телефонӣ ва хабаре набуд. Фақат аз расонаҳо хабар шудем, ки муҷоҳидин Кобулро фатҳ карданд ва ҷангҳои дохилӣ ҷараён дорад, то ин ки аз мо даъват шуд, ки аз Кобул барои мо занги телефон омада ва мо бояд ба сафорат биравем. Намедонистем, ки кӣ ҳаст ва чӣ мехоҳад. Мо дар Кобул касе надоштем, ки аҳволи мо бигирад ва кормандони сафорат ҳам намегуфтанд, ки кӣ ҳаст. Фақат мегуфтанд дастур аст.

Ба ҳар ҳол, вақте ки дохили утоқ шудем, аз ман хоҳиш карданд, ки дар телефон сӯҳбат кунам. Вақте, ки “бале” гуфтам, аз он тарафи хат садои ошнои матин ва боҳайбату меҳрубон ҷавоб дод, ки “салом алайкум, иншоаллоҳ, сиҳат доред”. Ман ин садоро чандин бор аз радиоҳо ва расонаҳои фаронсавӣ шунида будам ва ман гуфтам, шумо кӣ ҳастед? Гуфт: “Аҳмадшоҳ ҳастам” ва корманде, ки дар наздикам буд, бо лабханд гуфт, ки омир соҳиб Масъуд аст. Оре, қаҳрамон Масъуд буд, худаш буд.

Ман аҳволпурсиро идома медодам ва эшон аз аҳволи мо дар тӯли солҳои дурӣ аз ватан ҷӯё мешуд. Маро гулӯямро буғз гирифт, вале намехостам қаҳрамон Масъуд бифаҳмад, ки гиря мекунам. Эшон баъди аҳволпурсӣ бо ман аз бародаронам ҷӯё шуданд ва бо шаҳзода Эҳсонуллоҳ ҳам сӯҳбат доштанд ва ҷолибтар аз ҳама ин буд, ки аз мо даъват карданд, то ба ватан баргашта ва ҳукуматро ба мо биспорад.

Фомили мо аз ниҳояти хушӣ ашк ба чашмонашон ҷорӣ шуд ва якдигарро дар оғӯш гирифтанд. Ин на барои подшоҳӣ ва ҳукумат буд, балки аз хушии баргашт ба ватан ва танаффуси обу ҳавои ватан буд. Эшон идома доданд, ки устод Раббонӣ ба Ҳирот рафта ва истеъфои худро эълон мекунад ва шаҳзода бар курсии раёсатиҷумҳурӣ такя занад ва таъкид мекард, ки ин ба хайри ватан ҳаст.

Мо ҳама омодагӣ гирифтем ва хушҳол будем, ки касе баъд аз солиёни дароз моро ба ватан даъват мекунад, он ҳам барои гирифтани қудрат. Оре, Қаҳрамони миллӣ Аҳмадшоҳ Масъуд аввалин даъваткунандаи мо ба ватан буд.

Баъд аз ин мо бо давлати муҷоҳидин муколимот доштем, то ин ки аз расонаҳо дидем, ки Устод Раббонӣ тайи суханронӣ дар Ҳирот истеъфои худро эълон накард ва авзоъ қисми дигаре шуд.  Ман намехоҳам зиёд дохили ин баҳс шавам. Аз ин рӯ, барнома тағйир кард ва бозгашти мо ба ватан ба таъвиқ афтид, то ба ҳукумати ҷаноби Карзай соҳиб.

Масъуд қаҳрамони воқеӣ буд. Ман борҳо инро гуфтаам Масъуд касе буд, ки болояш эътимод мешуд. Оре, аввалин даъваткунандаи мо ба ватан қаҳрамон Масъуд буд.


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!