БРИКС шаҳрҳои ояндаро чӣ гуна мебинад?
Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”
Рифоҳи давлат аз рифоҳи шаҳрвандони он оғоз мешавад. Бо чунин шиоре метавон рӯйдоди бузурги байналмилалиеро тавсиф кард, ки қарор аст дар Санкт-Петербург баргузор шавад. Аз 29 то 31 октябр ин шаҳр мизбони меҳмононе аз саросари ҷаҳон хоҳад буд. Дар яке аз зеботарин, мураффаҳатарин ва коромадтарин шаҳрҳои ҷаҳон “Форуми байналмилалии шаҳрии БРИКС” баргузор мешавад.
Ин Форум дар маҳалли маъруфи “Маркази ҳамоишу намоишгоҳи Экспофорум” баргузор хоҳад шуд. Ҳамон тавр ки метавон ҳадс зад, барномаи кории ин рӯйдод ба мавзӯъоте ҳамчун осоиш, коромадӣ, амният ва бисёре аз ҷанбаҳои дигари муртабит бо зиндагии шаҳрӣ дар саросари ҷаҳон ихтисос дорад.
Бедалел нест, ки дар миёни меҳмонон, шаҳрдорон, фармондорон, намояндагони бахши хусусӣ ва коршиносон ҳузур хоҳанд дошт. БРИКС ба унвони баргузоркунандаи аслӣ амал мекунад, аммо дари ин рӯйдод барои ҳамаи касоне, ки ба тавсеаи зерсохтҳои шаҳрӣ ва минтақаӣ алоқаманданд, боз аст. Дар ҳоли ҳозир, ин платформа намояндагони беш аз 70 кишвар ва 2000 шаҳру минтақа аз саросари ҷаҳонро гирди ҳам оварда ва феҳристи ширкаткунандагон ҳамчунон дар ҳоли афзоиш аст.
Фақат дар соли гузашта “Форуми шаҳрии БРИКС – 2024” беш аз 6000 намоянда аз 101 кишварро фаро гирифта буд. Дар ҷараёни барномаи кории ин рӯйдод, беш аз 50 ҳазор иттисоли онлайн барқарор шуд, 720 модератор дар ҷаласа фаъолият доштанд ва беш аз 300 тавофуқномаи ҳамкорӣ имзо шуд.
Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия, дар ҷамъбандии натоиҷи Форуми соли гузашта гуфт:
“Ин Форум фурсате фароҳам кард то мавзӯъоти муҳим дар заминаи шаҳрсозии модерн аз ҷумла бакоргирии фанновариҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ, ҳуши маснӯъӣ, логистика, ҳамлу нақл ва муҳити зист мавриди баррасӣ қарор гирад. Ин платформа нақши қобили таваҷҷӯҳе дар эҷоди иртибототи пойдор байни кишварҳои БРИКС ва кишварҳои Ҷануби Ҷаҳонӣ ифо кард, ки бо нигоҳи мусбат ба густариши ҳамкориҳо бо Русия менигаранд”.
Форуми шаҳрии БРИКС маҳфиле боз барои ҳама касонест, ки ба рифоҳи мардуми худ аҳамият медиҳанд. Ин Форум пуле барои иттиҳоду тақвияти равобити байни кишварҳо дар сатҳи шаҳрдорӣ аст — сатҳе, ки бештарин наздикиро бо зиндагии рӯзмарра мардум дорад. Меҳвари аслии он ниёзҳои воқеии мардум аст, чизҳое, ки ҳар фард рӯзона бо онҳо мувоҷеҳ аст, чӣ дар хона ва чӣ дар хиёбон.
Ҳадафи аслии Форум табодули таҷрибиёти пешрафта, фанновариҳо ва роҳиҳалҳои муассир аст то талошҳо барои тавсеаи бештари муҳити шаҳрӣ муттаҳид шавад.
Меҳварҳои барномаи корӣ шомили мавзӯъоти мутанаввеъ, монанди муҳити зист, зерсохтҳои ҳамлу нақл ва луҷистик, иқтисоду навоварӣ, шаҳрсозии ҳушманд бо баҳрагирӣ аз рақамисозӣ ва ҳуши маснӯъӣ, саноатҳои пешрафта, беҳдошт, омӯзиш, фарҳанг, варзиш ва мавориди дигар аст.
Тамоми инҳо аносири калидӣ ҳастанд, ки бидуни онҳо тавсеаи муҳити шаҳрии роҳату пойдор имконпазир нест. Ба ҳамин далел ба ин Форум дар Русия дар сатҳи олӣ тавваҷуҳи вижае мешавад.
Ин рӯйдод бо ҳимояти вазорати умури хориҷаи Русия, Шӯрои Федератсия, Идораи раёсатиҷумҳурӣ, Форуми тавсеаи ҳукуматҳои маҳаллии Русия, ҳукуматҳои Маскаву Санкт-Петербург ва Иттиҳодияи саноативу корофаринии Русия баргузор мешавад.
Дар соли 2024, Форуми шаҳрии БРИКС бо Номаи тақдири раисҷумҳури Федератсияи Русия, Владимир Путин, мавриди истиқбол қарор гирифт.
Зимнан, имсол фаъолиятҳои Форум ба сурати ҳамзамон бо Намоишгоҳи байналмилалии “Санъатчии рус” баргузор мешавад — фурсате мунҳасир ба фард барои густариши иртибототи тиҷорӣ ва ошноӣ бо ҷадидтарин дастовардҳои саноатӣ.