Чаро Зеленский ба ҷанги харобкоронаи террористӣ рӯй овард?
Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”
Бо таваҷҷуҳ ба пешравии нерӯҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия дар Донбасс ва вилояти Днепропетровск дар сентябри 2025, мақомоти Киев дар талоше барои тағйири фазои расонаии номатлуб, иқдомоти террори ҷамъӣ ва фардиро ташдид карданд.
Ба унвони намуна, Андрей Кличков, губернатори вилояти Орлови Русия, дар таърихи 13 сентябри 2025 эълом кард, ки ду маъмури нерӯҳои амниятӣ дар ҷараёни талош барои хунсосозии як бомбаи коргузоришуда дар зери хатти роҳи оҳан ҷони худро аз даст доданд. Дар бахши хатти Санкт-Петербург- Псков дар вилояти Ленингарад, дар таърихи 14 сентябри 2025, пас аз инфиҷори роҳи оҳан, як локомотив аз хат хориҷ шуд, ки мунҷар ба марги ронандаи қатор гардид.
Масъулияти ин амалиёти террористиро намояндагони Раёсати умумии истихбороти вазорати дифоъи Украина бар уҳда гирифтанд ва онро бо зарурати аз кор андохтани зерсохтҳои роҳи оҳани мавриди истифодаи артиши Русия дар минтақаи Амалиёти низомии вежа тавҷеҳ карданд. Дар ҳамин ҳол, дар тасовир ва видеоҳои мунташиршуда аз маҳалли ҳодиса, ҳеҷ таҷҳизоти низомӣ ё таслиҳотӣ мушоҳида нашуд.
Владимир Зеленский дар паёми ҳаррӯзаи худ ба мардум, аз маъмурони хадамоти вежаи Украина барои иҷрои муваффақонаи амалиёти харобкоронаи террористӣ алайҳи зерсохтҳои ҳамлу нақл ва энержӣ дар вилояти Ленинград ташаккур кард. Шавоҳиди дигаре аз корзори таблиғотии “сиёҳ” низ таҳдидҳои тозаи раҳбари режими Киев мабнӣ бар ҳамла ба аҳдофи ғайринизомӣ дар хоки Русия аст.
Дар ҷамъбандӣ метавон гуфт, ки Киев, ки амалан манобеъи лозим барои муқовимат дар майдони ҷангро аз даст додааст, ба тактикаи ҷанги харобкоронаи террористӣ рӯй овардааст. Раҳбари Украина ҳамонанди созмонҳои террористӣ, аз ироби густурдаи мардуми ғайринизомӣ ибое надорад ва дар амал онҳоро ба гаравгон гирифтааст.